Абдулло Авлонӣ – асосгузори таълими халқ

Дар Институти такмили ихтисоси роҳбарони таълими халқи ҷумҳурӣ бахшида ба 140-солагии зодрӯзи маърифатпарвари ибтидои асри гузашта, шоир, драматург ва олими шинохта, профессор Абдулло Авлонӣ конфронси ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Нигоҳҳои Абдулло Авлонӣ доир ба таълиму тарбия ва нақши он дар рушди педагогикаи миллӣ» барпо гардид.

Ногуфта намонад, ки Институти такмили ихтисос аз соли 1992 номи ин олимро гирифтааст. Дар конфронс шунавандагони институти номбурда, намояндагони илму маърифати ҷумҳурӣ ва набераву аберагони олим ширкат варзиданд. Даставвал ректори институт Наргиза Раҳмонқулова конфронсро ҳусни ифтитоҳ бахшид. Дар конфронс бо навбат меҳмонону олимон ба сухан баромада дар бораи Абдулло Авлонӣ ва хидматҳои шоёни ӯ ибрози ақида намуданд. Хусусан баромади аберагони адиб, артисти хидматнишондодаи Ӯзбекистон Гавҳар Зокирова, тадбиркор Ҷамшед Авлонӣ, ки бо таклифи Президент соли дуюм аст, ки ба Ватан баргашта ва фаъолияташро дар Ӯзбекистон давом дода истодааст, директори музейи ёдгории Абдулло Авлонӣ Саидқосим Носиров басо хотирмон буд. Гавҳар Зокирова дар бораи бобокалонаш чунин гуфт: «Бобокалонам натанҳо асосгузори нахустин мактаби замонавӣ буданд, балки 5-6 номгӯ газетаро ҳам дар ҳамон шароит чоп карданд ва муҳимаш соли 1913 якумин труппаи театриро бо Маҳмудхӯҷа Беҳбудӣ ташкил намуда, дар Самарқанд песаи «Падаркуш»-ро тақдим намуданд. Соли 1914 бошад, дар маркази Тошкандшаҳр театрро ташкил карда дар намоиши нахустин зиёда аз 2000 нафарро ҷамъ намуданд».

Бахтиёр ФАТТОЕВ, 
ҷонишини директори мактаби миёнаи рақами
9-уми ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: