«Ғизоли ғазал»

Ба наздикӣ ду маҷмӯаи шеъри Ҷаъфар Муҳаммад ба дастам расид, ки яке «Таъми вақт» ном дошта, ба забони ӯзбекӣ аст ва ба он Шокирҷон Олимов пешгуфтор навиштааст.

Дигаре маҷмӯаи ғазалҳои шоир аст, ки таҳти унвони «Ғизоли ғазал» чоп шуда, онро Асадулло Шукуров ба нашр ҳозир кардааст ва 50 ғазалро дар бар мегирад. Ҳарду маҷмӯа ба муносибати 50-солагии шоир аз нашр бадар омадаанд. 
Вақте ғазали имрӯзин мегӯем, ҳамонро бояд дар назар дошт, ки аз лиҳози таркибу тасвир, ташбеҳу истиора ва забону тарзи баён нав буда, дарунмояи он аз нахи нимойӣ таркиб ёфта бошад. Вале сохтори он дар шакли пешинаи худ устувор мемонад. Барои ин гуна навовариро дар жанри ғазал ворид кардан тарзи баён ва тасвир суфтаву рехта бояд бошад. Дар акси ҳол, ғазалсароӣ машғалае ҷуз ҷадвалпуркунии калимот чизи дигар намебошад. Зеро бо мазмун ва тасвирҳои такрорӣ шеъри ноб падид овардан амри маҳол аст.
Маҷмӯаи «Ғизоли ғазал», чунончӣ зикр шуд, аз ғазалҳои пешину ҷадиди шоир таркиб ёфтааст. Дар он қолаби ғазал бо вазнҳои гуногун ба назар мерасад.
Ҷ. Муҳаммад дар сурудани ғазал мушкилӣ надорад. Ғазалҳояш ба талаботи қоидаҳои маъмули шеърӣ ҷавобгӯ буда, собит менамоянд, ки ӯ дар ин қолаби машҳуру маъмул метавонад озод андешаронӣ кунад.
Дарунмояи ғазалҳои Ҷаъфарро ишқ, дӯстӣ, худшиносӣ ва дигар мавзуъҳои маъмули рӯз ташкил медиҳанд. Масалан, ғазале, ки бо матлаи:
Норизо зи хуршедӣ? Офтоби худ мебош!
Абр агар нашуд чатрат, 
худ саҳоби худ мебош!
оғоз мегардад, оиди худшиносиву худёбист. 
Мазмун ва ифодаҳои некро ба каломи мавзун ворид намудан ҳунари суханвар аст. Вале на ҳама метавонад доди суханро бидиҳад. Шояд ба ин хотир, Шайх Саъдиро бештар на шоир, балки суханваре чирадасту тавоно меҳисобанд. Забон, таносуби калом ва сабки баён дар ғазалиёти шоир бо ҳам иртибот доранд. Ҷаъфар дар сурудани ин навъи шеър аз такрору тақлиди беҷо парҳез мекунад ва мулоҳизаву мушоҳидаҳои худро ба риштаи тасвир мекашад. 
Бояд ёдовар шуд, ки аз анвоъи гуногуни шеъри форсӣ-тоҷикӣ дар эҷодиёти Ҷ. Муҳаммад жанри ғазал бештар дида мешавад. Дар ашъори ӯзбекияш низ ин навъи шеърӣ чашмрас аст. Дар ҳамаи маҷмӯаҳои тоҷикии ӯ ғазал вуҷуд дорад, вале қисмати асосии онҳо дар маҷмӯаҳои «Таҷаллӣ», «Ошиқи ишқ», «Ғизоли ғазал» ба назар мерасад. Хуллас, маҷмӯаи дами даст қисме аз ғазалиёти шоир аст.

Х. РАҲШИНОС.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: