АНҶУМАНИ ҲАМКОРИИ БАЙНИМИНТАҚАВИИ ӮЗБЕКИСТОНИВУ РУСИЯГӢ

18 октябр дар Ӯзэкспомарказ Анҷумани аввалини ҳамкории байниминтақавии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Федератсияи Русия кори худро оғоз кард.

Дар маросими кушоиши он вазири иқтисодиёти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ботир Хӯҷаев, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Федератсияи Русия дар мамлакати мо Владимир Тюрденев, муовини вазири хоҷагии қишлоқи Федератсияи Русия Сергей Левин суханронӣ карданд. 
Таъкид шуд, ки ҳамкориҳои тарафайн ва робитаҳои байни кишварҳои мо дар соҳаҳои гуногун инкишоф меёбанд. Сафари давлатии Президент Шавкат Мирзиёев ба Русия, ки моҳи апрели соли 2017 баргузор шуд, имкон дод, ки ҳамкориҳо дар давраи нав идома ёбанд. Ҳаҷми мубодилаи тарафайни мол мунтазам меафзояд. Аз ҷумла, солҳои охир ин нишондиҳанда дар соҳаи кишоварзӣ ду баробар афзуд. Ҳоли ҳозир тақрибан 18 фоизи табодули хориҷии моли мамлакати мо бо Русия мебошад.
Анҷуман бо вохӯрии тиҷоратии роҳбарони вазорату идораҳо, доираҳои корчаллон оғоз ёфт, дар ҷараёни он вобаста ба иқтидори содиротии ҳудудҳои кишвари мо, пешомади минтақаҳои нави иқтисодии Ӯзбекистон, масъалаҳои такмил додани қонунгузорӣ дар соҳаи ҷалби сармояҳои хориҷӣ мубодилаи афкор ба амал омад.
Чорабинӣ бо иҷлосияҳои алоҳида давом кард.
Дар ҷараёни иҷлосия бинобар мавзӯи «Давраи нави ҳамкориҳои байниминтақавии ӯзбекистониву русиягӣ: лоиҳаҳо ва кластерҳо» масъалаҳои зиёд, аз ҷумла таҷриба ва пешомадҳои истифодаи усули кластерӣ дар саноати Ӯзбекистон, таъмин кардани рақобатбардории корхонаҳои кластерии саноатӣ, татбиқ намудани лоиҳаҳои сармоявӣ, амиқсозии ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ баррасӣ шуданд. Дар иҷлосия ба масъалаи фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармояҳо дар соҳаҳои саноат ва илму техника, рушди хиёбонҳои техникӣ ва кластерҳо эътибори махсус дода шуд.
Дар байни Вазорати иқтисодиёти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Иттиҳодияи кластерӣ ва хиёбонҳои техникии Русия муоҳидаи ҳамкорӣ ба имзо расид.
Иҷлосияи алоҳида дар мавзӯи «Мубодилаи рақамӣ – воқеияти нав барои Ӯзбекистон ва Русия» ба масъалаҳои рушди иқтисодиёти рақамии ду мамлакат бахшида шуд.
Алҳол ҳамкориҳои тарафайн дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ аз ҷумлаи самтҳои бартариноки иртиботи кишварҳои мо ба шумор меравад. Лоиҳаҳое, ки бинобар рушди соҳаҳои телекоммуникатсия ва алоқаи почта, тайёр кардани кадрҳо барои соҳаҳои баландтехнологии  саноат татбиқ мешаванд, тасдиқи ин гуфтаҳо мебошанд. Аз ҷумла, ширкати саҳҳомии «Ӯзбектелеком» тӯли солҳои зиёд бо ширкатҳои «Ростелеком», «ВимпелКом», «Мегафон»-и Русия ҳамкорӣ дорад. 
Дар иҷлосия фикру ақидаи намояндагони ширкатҳои соҳавӣ бинобар имкониятҳои пешбурди минбаъдаи иқтисодиёти рақамӣ, истифода бурдани технологияҳои замонавии кайҳонӣ дар ҷанбаҳои мухталифи иқтисодиёт, рақамӣ кардани низомҳои идоракунӣ, рушди захираҳои ахбори миллӣ шунида шуданд. Иштирокдорон бинобар самтҳои зиёд, аз ҷумла рушди ҳамкориҳои тарафайн дар иқтисодиёти рақамӣ, тайёр кардани мутахассисони ТИК, баланд бардоштани ихтисоси кадрҳо бинобар иртибот бо ҷомеа, рушди фаъолияти телевизиони рақамӣ ба муоҳида расиданд. 
Дар машварати амалӣ оид ба мавзӯи «Маҷмӯи агросаноат: нуқтаи пешрафт барои рушди кооператсия» усулҳои замонавии парвариш ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, пешомадҳои созмон додани низоми ягона дар соҳаи меъёрҳои байналхалқӣ, самти транзитии содирот, таҷрибаи борбандӣ ва сертификаткунонӣ баррасӣ шуданд.
Маҳсулоти меваву сабзавоте, ки дар замини Ӯзбекистон парвариш карда мешаванд, дар бозори ҷаҳон харидоргиранд. Ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқие, ки бобати рушди ҳарчи зудтари соҳа қабул шудаанд, барои минбаъд зиёд кардани содироти маҳсулоти мазкур асоси мустаҳкам фароҳам меоваранд.
Соли 2016 ҳаҷми мубодилаи тарафайни мол дар соҳаи хоҷагии қишлоқи байни мамлакатҳои мо 20 фоиз афзуд ва 398 миллион долларро ташкил дод. Солҳои охир ин нишондиҳанда ду баробар зиёд шуд. Дар ҷараёни машварат бинобар зиёд кардани ҳаҷм ва хелҳои маҳсулоти меваву сабзавоте, ки дар кишвари мо парвариш карда мешаванд, шартнома ба имзо расид.
Дар ҷараёни анҷуман иштирокдорон имкон доштанд бо иқтидорҳои иқтисодӣ, имкониятҳо ва лоиҳаҳои татбиқшудаи корхонаҳои соҳавии Русия аз наздик шинос шаванд.
– Асоси фаъолияти мо ин дастгирӣ кардани тадқиқот оид ба аксбардории коинотии замин ва саҳмгузорӣ дар рушди илм мебошад, – мегӯяд директори ширкати «Геоскан» Владислав Мисап (Русия). – Аз тариқи аксбардории майдонҳо ва шаҳрҳо дар шакли 3D метавон шаҳрсозиро дуруст ба роҳ монд, ҳуҷҷат ва нақшҳои кадастриро бо дақиқии баланд тайёр кард. Ҳамаи ин дар меъмории замонавӣ нақши муҳим дорад. Чунин технологияҳо дар соҳаи сохтмони Ӯзбекистон бомуваффақият истифода мешаванд. Анҷуман ба имзо шудани муоҳидаҳои муфиди тарафайн мусоидат ва ба муҳокимаи ақидаҳо дар самти мазкур хидмат мекунад.
Дар доираи анҷумани ҳамкории байниминтақавӣ ширкатҳои «Спецтяжавтотранс», «Логрокон», «ITPS», «FerMA», «ДМТЕЛ-Сервис»-и Русия бобати пешбурди маҳсулот ва хидматҳои худ дар бозори истеъмоли Ӯзбекистон лоиҳаҳоро пешниҳод намуданд.
Зикр гардид, ки ҳамкории байни Ӯзбекистон ва Русия дар давраи сифатан нав фаъолона инкишоф меёбад. Ин дар мустаҳкам шудани муносибатҳо дар соҳаҳои савдову иқтисодиёт, сармояҳо, илму техника, маданиву инсонпарварӣ, мунтазам дар амал татбиқ гардидани лоиҳаҳое, ки ба манфиати ҳар ду давлат хидмат мекунанд, инъикос меёбад.
Лоиҳаҳои барои тарафайн муфиди илмиву технологӣ татбиқ мешаванд, ки ба таҳкими ҳамкориҳои бисёрҷанба дар сектори энергетикӣ хидмат хоҳанд  кард. Якҷо бо корпоратсияи давлатии оид ба энергияи атомӣ «Росатом» ба роҳ мондани сабақомӯзонӣ вобаста ба сохтмони аввалин истгоҳи электронии атомӣ дар мамлакати шумо мисоли равшани ин гуфтаҳо мебошад.
Дар анҷуман ширкатҳои муҳандисиву энергетикии «НИПИГОРМАШ», «GIRAFFE», «Группа ГМС», «Интер РАО-инжиниринг» оид ба татбиқ намудани шартномаҳои воқеии воридотӣ маросими муаррифӣ баргузор карданд. Дар бораи фаъолият, имкониятҳо ва лоиҳаҳои бузурги корхонаҳо маълумот дода шуд.
Тавре ки намояндаи корхонаи «GIRAFFE»-и  Русия, ки ба истеҳсоли кранҳои борбардор тахассус дорад, иброз дошт, коргоҳ номгӯйи зиёди маҳсулоташро ба Ӯзбекистон расонда медиҳад. Ҳангоми бунёди бино ва иншоот дар мамлакати мо ин кранҳои борбардори иқтидорашон аз 8 то 16 тонна самарабахш истифода мешаванд. 
Дар Маркази байналхалқии савдои пойтахт (ITC) ҷамъомади Шӯрои соҳибкорони Русия ва Ӯзбекистон баргузор шуд. Дар он беш аз 300 намояндаи вазорату идораҳои дахлдори ду мамлакат, корчаллонҳои шаҳри Тошканд, вилоятҳои Самарқанд, Андиҷон, Намангон, шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Ҷумҳурии Тотористон, вилоятҳои Оренгбург, Иваново, Ростов, Астрахан, Свердлов, Новосибирск, Тюмен, Ленинград, Нижегород, Пенза иштирок карданд.
Раиси Палатаи савдову саноати Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Икромов, муовини вазири саноат ва савдои Федератсияи Русия Г. Каламанов, президенти Шӯрои соҳибкорони Русия ва Ӯзбекистон, узви раёсат ва шӯрои Палатаи савдову саноати Федератсияи Русия Ф. Бектярев ва дигарон таъкид карданд, ки шӯрои аз соли 2005 боз дар амал ба фароҳам овардани шароит барои истиқрори шарикии фаъоли байни соҳибкорони кишварҳои мо, муштаракона татбиқ намудани лоиҳаҳои сармоявӣ ва аз байн бардоштани монеаҳои рушди кооператсия мусоидат менамояд.
Дар ҷамъомад масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоративу сармоявӣ, минтақавӣ ва байниминтақавии иқтисодӣ, зиёд кардани ҳаҷми мубодилаи моли кишварҳои мо ҳамаҷониба баррасӣ шуданд. Дар бораи пешомадҳои таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои кооператсия, истеҳсолот, саноат, озуқаворӣ, бофандагӣ, сайёҳӣ, кишоварзӣ, энергетикӣ, нақлиёту коммуникатсия ва ғайра мубодилаи афкор ба амал омад. Ба масъалаҳои бозсозии истеҳсолот ва инфрасохтори нақлиётиву коммуникатсионӣ дар мамлакати мо якҷо бо соҳибкорони русиягӣ ва татбиқ намудани лоиҳаҳои сармоявӣ бо идораҳои молиявӣ эътибор дода шуд. 
Дар ҷараёни мулоқоти ошкоро бо иштироки намояндагони Шӯрои соҳибкорони Русия ва Ӯзбекистон, Вазорати молия, Палатаи савдову саноати Русия, Шӯрои коршиносони Русия, сохторҳои ҳукуматии кишвари мо, муассисаҳои давлатӣ ва ширкатҳои пешқадам як қатор муоҳидаҳо ба имзо расиданд. Дар бораи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоявӣ ва вусъат додани содирот маърӯзаҳо шунида шуданд. Бинобар татбиқ намудани барномаҳои муштарак дар соҳаҳои мошинсозӣ, электротехника, ТИК, нигаҳдории тандурустӣ, нафту газ, саноатҳои бофандагӣ, кимиёӣ, кишоварзӣ, хӯрокворӣ, кӯҳӣ, бинокорӣ муоҳидаҳои дуҷониба ба имзо расиданд.
Анҷуман ба муайян кардани самтҳои муҳим ва пешомадҳои рушди ҳамкории байни ду давлат, ба дараҷаи сифатан нав бардоштани муносибатҳои шарикии стратегии кишварҳои мо дар соҳаҳои савдову сармоя, иқтисодиёт, илму техника мусоидат хоҳад кард.
Анҷумани нахустини ҳамкории байниминтақавии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Федератсияи Русия то 20 октябр давом мекунад.

ӮзА. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: