ДАР МАСКАВ ҲАЙКАЛИ НАХУСТИН ПРЕЗИДЕНТИ ӮЗБЕКИСТОН ИСЛОМ КАРИМОВ ГУЗОШТА ШУД

18 октябри соли 2018 дар Маскав маросими тантанавии кушоиши ҳайкали Нахустин Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Абдуғаниевич Каримов ба амал омад.

Дар таркиби ҳайати вакилони Ӯзбекистон дар маросим аъзои парлумон, намояндагони Администратсияи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ҳукумати мамлакат, арбобони илм, фарҳанг, адабиёт ва санъат, инчунин ҳамватанонамон, ки дар пойтахти Русия таҳсил мегиранд ё ки кор мекунанд, иштирок карданд.
Ба хиёбони ба номи Ислом Каримов, ки ёдгории Нахустин Президенти Ӯзбекистон гузошта шудааст, намояндагони мақомоти қонунгузорӣ, ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятии Русия, сокинони Маскав ҷамъ омаданд. 
Аз номи халқи бисёрмиллата ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин, роҳбарият ва ҷомеаи Маскав барои эҳтироми баландашон ба хотираи Ислом Каримов миннатдории бузург изҳор гардид. 
Чи хеле, ки Раиси Сенати Олий Маҷлис Н. Йулдошев таъкид намуд, дар рӯзҳои оғози ташрифи давлатии Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ба Ӯзбекистон ба амал омадани кушоиши ҳайкали Ислом Каримов дар Маскав маънои амиқи рамзӣ дорад. Ин боз як далели мустаҳкам гардидани муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории Ӯзбекистону Русия мебошад, ки ба таърихи умумӣ, қаробати маданиятҳо, риштаҳои хешу табории ҳарду халқро пайвасткунанда асос меёбад.
Қайд гардид, ки Ислом Абдуғаниевич Каримов дар фаъолияти серқирраи сиёсии худ дар таърихи Ӯзбекистони соҳибистиқлол нақши носутурданӣ гузошт. Халқи Ӯзбекистон Президенти Нахустинро дӯст медошт, онро эҳтиром менамуд ва бо он ифтихор мекард. Ӯ барои ҳамаи мо намунаи равшани фидокорона хидмат кардан ба халқу Ватани худ боқӣ мемонад. 
Ба туфайли пешвоёни мамлакат – Президенти Русия Владимир Путин ва Нахустин Президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов муносибатҳои ду мамлакат ба дараҷаи шарикии стратегӣ ва иттифоқӣ бардошта шуд.
Ислом Абдуғаниевич ҳамеша ба Русия эҳтироми баланд дошт, хусусан таҷрибаи соҳаи таълими онро тез-тез ба забон мегирифт. Вай ташаббускори дар Тошканд кушодани филиалҳои мактабҳои олии бонуфузи Русия – Донишгоҳи давлатии ба номи М. В. Ломоносови Маскав, Донишгоҳи иқтисодиёти ба номи Г.В. Плеханови Русия, Донишгоҳи давлатии нафт ва гази ба номи И. М. Губкини Русия буд.
Корҳое, ки Ислом Каримов оғоз намудааст, имрӯз пайваста идома меёбад. Таҳти роҳбарии Президент Шавкат Мирзиёев дар Ӯзбекистон ислоҳоти тамоми соҳаҳо дар зинаи наву баланди рушд татбиқ мегардад. 
Дар навсозӣ ва модернизатсияи мамлакат қариб 900 ҳазор шаҳрвандони руси Ӯзбекистон ҳиссаи муносиб мегузоранд. Аксарияти онҳо барои меҳнати фидокоронаашон ба мукофотҳои олии давлатӣ сазовор шудаанд. Дар Ӯзбекистон Маркази миллии мадании русҳо фаъолият нишон медиҳад. Дар беш аз 800 мактаб ва мактабҳои зиёди олии Ӯзбекистон таълим бо забони русӣ бурда мешавад, театрҳо фаъолият нишон медиҳанд, китобу рӯзномаҳо бо теъдоди зиёд нашр мегарданд, барномаҳои телевизиону радио ба эфир дода мешаванд.
Ҳамаҷониба васеъ гардондани муносибатҳои ба ҳамдигар муфид бо Русия барои Ӯзбекистон аҳамияти муҳим дорад. Имрӯз ба туфайли саъю кӯшиши президентҳо Шавкат Мирзиёев ва Владимир Путин шарикии стратегӣ ва иттифоқии ду мамлакат ба дараҷаи сифатан нав бардошта шуд. Ҳамкории сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, маданиву инсонпарварӣ фаъол ривоҷ меёбанд. 
Дар маросими кушоиши ҳайкали Ислом Каримов дар Маскав ҳамсари Нахустин Президент Т. Каримова, муовини аввали Раиси Шӯрои Федератсияи Русия Н. Фёдоров, муовини вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Г. Карасин, муовини мэри Маскав А. Горбенко ва дигарон нутқ эрод намуда, таъкид карданд, ки рушди минбаъда ва амиқ гардондани ҳамкории байни мамлакатҳоямон ба манфиатҳои ду мамлакат пурра ҷавобгӯ буда, ба таҳкими бехатарӣ ва устуворӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ хидмат мекунад.

ӮзА. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: