МУАММОИ ЭКОЛОГӢ МУАММОИ ҲАМАИ МОСТ

Дар мамлакатамон доир ба ҳифзи табиат, пурсамар истифода бурдан аз он ва ба тартиб даровардани муносибати инсон ва табиат корҳои зиёд амалӣ мешаванд.

Ба мақсади шинос намудани корҳое, ки дар соҳа амалӣ мегарданд, семинар-тренинг баргузор шуд.
Муаммои долузарбе, ки имрӯз барои инсоният ташвишовар аст, дигаргуниҳои иқлимӣ ба шумор меравад. Аз ин сабаб, сарфакоронаву пурсамар истифода бурдан аз боигариҳои табиат, ташаккул додани маданияти экологӣ дар ҳар як шахс талаби замон мебошад. 
Дар натиҷаи рушди босуръати иқтисод, риоя накардан ба қонунҳои табиат ва ноҷоиз истифода бурдан аз захираҳои табиӣ чандин муаммоҳои экологӣ аз ҷумла, бенизомии ивазшавии фаслҳо, оташ гирифтани бешазорҳои беҳудуд, аз ҳад гузаштани гармӣ ва ё сардии обу ҳаво ба вуҷуд омад.
Дар кишвари мо низ муаммоҳои экологӣ вомехӯранд, ки ба иқтисоди мамлакат таъсири манфӣ мерасонанд. Аз ҷумла, дар натиҷаи тӯл кашидани муддати гармӣ дар давоми сол дар минтақаҳои Қароқалпоқистон, Сурхондарё, Хоразм ва Бухоро касалиҳо дар байни аҳолӣ зиёд мегарданд.
Пӯшида нест, ки соли ҷорӣ нарасидани об дар ҳамаи ҳудуди мамлакат эҳсосшаванда гашт. Аммо ҳолатҳое вомехӯранд, ки шаҳрвандон ба қадри ин неъмати бебаҳо намерасанд. Аз сабаби бо қонун ҳифз нагардидани истифода аз об ва ё арзон будани нархи он баъзан об аз қубурҳо беист ҷорӣ мегардад...
Сифати оби рӯйи замин ва зери замин бо ҳам вобастагии қавӣ дорад, аз ин сабаб ба тозагии оби ҷӯйборҳо, дарёву каналҳо бештар аҳамият додан лозим аст. Таъкиди он чиз ҷоиз аст, ки ифлосшавии об ба зиёд гардидани бемориҳои гурда, онкологӣ ва касалиҳои сирояткунанда сабаб мешавад. 
Аз аввали солҳои истиқлолият давлатҳои Осиёи Марказӣ барои ҳаллу фасл намудани муаммои экологии назди Арал кӯшиш менамоянд. Аз ҷумла, чандин бунёди байналхалқӣ ташкил гардид, ки аҳолии минтақаро бо дорувори зарурӣ, хидмати тиббӣ ва оби нӯшокӣ таъмин менамоянд.
Ғайр аз ин, барои ҳаллу фасл намудани муаммои баҳри Арал ташкилотҳои молиявии байналхалқӣ ҷалб карда мешаванд, масалан, дар ҳамкорӣ бо бунёди «Aral Region Charity»-и ИМА экобоғҳо ташкил шуданд.
Мутахассисон таъкид намуданд, ки партов, бахусус, партови техникии электронии таркибаш металли рангадор ва маишии муддати истифодааш гузашта ба таркиби хок ва саломатии инсон зараррасон аст. Барои бартараф намудани ин муаммо технологияи инноватсионии хориҷӣ ҷалб карда, корхонаҳои азнав коркарди партов бунёд мегарданд.
Ҷунбиши экологии Ӯзбекистон, Кумитаи давлатии ҳифзи гирду атроф ва экология  дар ВАО доир ба таъсири манфии муаммоҳои экологӣ баромадҳои зиёд карданд, аммо таассуфовар он аст, ки ҳоло ҳолатҳои ба ҷойи махсус напартофтани партов, ифлос кардани манбаъҳои об, сӯзонидани хазон вомехӯранд.
Иштирокдорон дар ниҳояи анҷуман фикру мулоҳизаҳояшонро доир ба дастгирии тозагии гирду атроф, ба насли оянда расонда додани неъматҳои табиӣ баён намуданд.

Набия НОДИРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: