ОНРО ЧӢ ТАРЗ ТОЗА НИГОҲ ДОШТ?

Ҳамаи мавҷудоти рӯи замин ба об эҳтиёҷ дорад.

Назар ба маълумотҳо танҳо 2,5 фоизи тамоми оби олам ошомиданист. Чил дарсади мардуми дунё аз танқисии оби тоза азият мекашанд.
Ба мушоҳида мерасад, ки ба туфайли тағйироти куллии иқлим ва аз ҳад зиёд гарм шудани ҳаво, захираи об ҳам торафт кам мегардад.
Сокинони сайёраи заминро ин ҳолат бештар ба ташвиш овардааст ва роҳҳои сарфакорона истифода аз об ва тоза нигоҳ доштани онро ҷустуҷӯ доранд. Семинар-тренинги дурӯза, ки дар доираи лоиҳаи «Бо маром идора кардани захираҳои об дар деҳоти дурдасти Ӯзбекистон»-и Иттиҳоди Аврупо дар вилояти Ҷиззах барпо гардид, аз хусуси қадри об, ҳифз ва тозаву пок доштани он сухан рафт.
Мутахассиси корхонаи унитарии «Сувоқава» Парда Шукуров иброз дошт, ҳолати аз ҳама бади бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин кардани ҷумҳурӣ дар қаламрави вилояти Ҷиззах ба мушоҳида мерасад. Ҳоло мутахассисон сари масъалаи он меандешанд, ки иншооти обкашӣ, узели обтақсимкунии «Ҷиззах»-ро, ки аз оби дарёи Зарафшон об мекашад, таъмир намуда пурра ба кор дароранд. 
Координатори ҳудудии ҳаракати экологии Ӯзбекистон Барно Алимқулова оқибатҳои бади ифлосшавии обро арзёбӣ карда, аз ҷумла гуфт, ки маризиҳои меъдаву рӯда, ҷигар, иллатҳои вобаста ба хун аз нотозагии об сар мезанад. Мақсад аз баргузор шудани семинар-тренинг аз он иборат буд, ки мутасаддиён оиди ин масъала дақиқтар назар андозанд.

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: