ИСТИҚБОЛИ НАВ ДАР РУШДИ САВДО ВА САРМОЯ

Дар Қасри эҷодиёти ҷавонони пойтахт форуми VIII- уми савдои Осиёи Марказӣ баргузор шуд.

Ҷонишини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нодир Отаҷонов, вакили корҳои савдои ИМА дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ Марк Линскотт, директори минтақавии USAID дар Осиёи Марказӣ Кристофер Эдвардс дар анҷуман баромад карда, таъкид намуданд, ки форуми мазкур ба тарзи анъанавӣ баргузор гардида, он зиёда аз 70 миллион ҳамкор ва намояндагони доираҳои савдои ҷаҳонро дар атрофи худ муттаҳид сохтааст.
Форум ба рушди рақобат дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, дастгирии фаъолияти савдо, бартараф намудани монеаҳои мавҷуда, созмон додани ҷойҳои нави кор ва дигар мақсадҳои муҳим нигаронда шудааст. Лоиҳаи мазкур дар панҷ мамлакати минтақа ба рушди хоҷагии қишлоқ, сайёҳӣ, нақлиёт ва логистика ва дохилшавӣ ба бозори ҷаҳон кӯмак расонда, дастгирии содиротии онро дар назар дорад.
Чорабинӣ, ки «Истиқболи нав дар рушди савдо ва сармоя» ном дорад, аз ҳамкории навини иқтисодиву савдои Ӯзбекистон бо ИМА ва минтақаи Осиёи Марказӣ дарак медиҳад ва дар Ӯзбекистон бори аввал баргузор шудани он ба аҳамияти муҳим молик аст. Дар он аз 27 мамлакати Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, Аврупо, ИМА зиёда аз 2000 намояндагони секторҳои давлатӣ ва хусусӣ иштирок карданд.
Таъкид гардид, ки доир ба беҳтар шудани муносибати савдои мамлакатҳои Осиёи Марказӣ солҳои охир як қатор корҳо иҷро шуданд, аз ҷумла барои пардохти боҷхона ва андоз, ҳаҷми мубодилаи андоз як қатор сабукӣ ва имкониятҳо фароҳам оварда шуданд. Чунончӣ, дар 9 моҳи гузаштаи соли ҷорӣ ҳаҷми табодули савдои Ӯзбекистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон 38,2, Тоҷикистон қариб 60, Қазоқистон ва Қирғизистон 45 фоиз афзуд.
– Бо ташаббуси Президент Шавкат Мирзиёев ислоҳот доир ба воридшавӣ ба бозори  мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар амал татбиқ мегардад,– мегӯяд кордори муваққатии ИМА дар мамлакати мо Алан Мелтсер.
– Форуми мазкур барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ, мубодилаи фикр, ғоя ва таҷриба имконияти ба бозорҳои нав даромаданро фароҳам меорад.
Дар доираи форум инчунин, бахшида ба зиёд намудани иштироки занону духтарон дар илму фан, технология ва санъат, дастгирии соҳибкории онҳо, бартараф намудани монеаҳои мавҷуда маърӯзаҳо шунида шуданд.
Дар чаҳорчӯбаи анҷуман намоишгоҳи савдо ташкил карда шуд. Дар он аз кишварҳои минтақа, Афғонистон, Покистон, ИМА, Итолиё, Нидерландия, Ҷопон ва Олмон намояндагони ширкат ва корхонаҳои азнавкоркарди меваву сабзавот, асбобу дастгоҳ, технологияи ахбор, сайёҳӣ, нақлиёт ва дигар иштирок карданд.
– Ман дар ин намоишгоҳ бо меваву сабзавоти худ иштирок дорам,– мегӯяд соҳибкор аз ноҳияи Қувасойи вилояти Фарғона Алиҷон Ҳамроалиев.
– Соли 2002 хоҷагии фермерии «Азизбек АХА»-ро ташкил намудем. Дар аввали кор дар 5 гектар замин ниҳолҳои шафтолу, себ, нок, олу, гелос ва ангур шинондем. Дар натиҷаи меҳнат, ғайрату шуҷоати аҳли оила ба дастовардҳо ноил шудем, алҳол замини мо ба 28 гектар мерасад. Навъи меваҳоро низ зиёд намудем, масалан 7 навъи ангур мавҷуд аст, ки дар бозори худамон ва хориҷ харидоргир мебошад. Ҳар як сараки ангурҳои мо ба 1,5 – 2 кг мерасад. 
Дар озмуни фермерони ҷавони «Ташаббус – 2015», «Ташаббус – 2018» ҷойҳои муносибро ишғол намудам. Соли 2013 дар Қрим озмуни байналхалқии фермерон доир ба ангурпарварӣ баргузор шуд ва ман аз рӯи номинатсияи «Сараки тиллоӣ – 2013» ба ҷои якум муваффақ гардидам.  Анҷумани мазкур низ барои мо – соҳибкорону фермерон дар рушди соҳибкорӣ, таҷрибаомӯзӣ, сарпур кардани бозорҳоямон бо маҳсулоти хушсифат аҳамиятнок аст ва ба содирот низ роҳи васеъ мекушояд.

С. БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: