КОРГАРДОНИ ТУРКИЯ ДАР БОРАИ ҶАЛОЛИДДИН МАНГУБЕРДӢ ФИЛМ ОФАРИДАНИСТ

Дар Вазорати маданияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо иштироки ҳайати вакилон таҳти роҳбарии намояндаи машҳури кинои Туркия, коргардони телесериали «Эртугрул» Меҳмет Бӯздағ анҷумани матбуотӣ доир гардид.

Дар тадбире, ки ба масъалаҳои таҳти ҳамкорӣ офаридани филми «Ҷалолиддин Мангубердӣ» бахшида шуд, намояндагони шинохтаи санъат ва маданияти диёри мо, коргардон ва актёрҳо иштирок намуданд.
Дар чорабинӣ, ки аз ҷониби Пресс-клуби байналхалқӣ ташкил шуд, ҷонишини якуми вазири маданияти Ӯзбекистон О.Назарбеков, сардиректори Агентии миллии «Ӯзбеккино» Ф.Зокиров ва дигарон таъкид карданд, ки дар мамлакатамон ба рушди ҳарҷонибаи  саноати кино эътибори алоҳида нигаронида шуда, барои равнақ додани соҳа бо хориҷ, хусусан давлати Туркия робитаҳои васеи маданӣ роҳандозӣ гардидааст.
Маҳсулоти кино, ки вақтҳои охир аз ҷониби киноэҷодкорони турк тақдим мегарданд, боиси таваҷҷӯҳи зиёди халқи мо мешаванд. Сериалҳое, ки соли равон намоиш дода шуданд, дар баробари бинандагон киноэҷодкорони ӯзбекро низ ба худ ҷалб карданд. Барои ҳамин ҳам коргардони телесериали «Эртугрул» ба кишварамон даъват карда шуд.
Ҳукмрони охирини давлати Хоразмшоҳиён, сарлашкари моҳир Ҷалолиддин Мангубердӣ шахсест, ки алайҳи қӯшунҳои муғул бо роҳбарии Чингизхон мардонавор мубориза бурда, чун фидокори Ватан ва ба сифати симои бузург дар таърих мондааст. Дар манбаъҳои таърихӣ баробари ҷасур ва мард будан ҳукмрони одил будани ӯ зикр шудааст. Барои ҳамин ҳам дар коргардони турк ғояи офаридани филми таърихӣ тавлид ёфт.
– Ман таърихи ҷаҳон, хусусан, гузаштаи пуршаъни аҷдоди бузурги шумо Ҷалолиддин Мангубердӣ, Соҳибқирон Амир Темур, Мирзо Улуғбек барин симоҳоро амиқ омӯхтам, – гуфт Меҳмет Бӯздағ. – Адолатпешагии онҳо маро ҳамеша ҷалб сохтааст ва ҳатман, филм бардоштан дар бораи яке аз онҳоро ният карда будам. Барои одилона ба халқ сарварӣ карданаш низ дар бораи Эртугрул филм бардоштем. Баъди ин телесериал аз бисёр мамлакатҳои дунё таклиф афтод, ки дар бораи таърихи онҳо кино ба сурат бардошта шавад. Лекин ман онҳоро рад намудам. Зеро мақсад гузоштаам дар бораи сарлашкари бузург Ҷалолиддин Мангубердӣ филм офарам ва агар мо дар ин масъала ҳамфикр ва ҳамкор бошем, филми аҷибе хоҳад шуд. 
Дар анҷуман қайд гардид, ки аз шароитҳои мусоиде, ки фароҳам оварда шудаанд, самаранок истифода карда, офаридани филмҳое, ки ба тарбияи халқи мо, хусусан, ҷавонон дар рӯҳи ғояҳои истиқлоли миллӣ кӯмак мекунанд, таърихи ғанӣ, ҷасорати бемонанди аҷдодони бузургамон, меҳнати фидокоронаи ҳамзамононамонро дар худ акс мекунанд, аз вазифаҳои муҳими киноэҷодкорони мо мебошад.

Д.СУННАТОВ,
мухбири ӮзА. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: