БОЗ ЯК ПОЛИКЛИНИКА БАРОИ АҲЛИ ДЕҲОТ

Поликлиникаи оилавӣ дар деҳаи Хонободи ноҳияи Бухоро пурра аз таъмир баромад.

Дар асоси барномаи сармоявӣ барои корҳои сохтмону навсозӣ беш аз 1,6 миллиард сӯм харҷ гардид.
Поликлиникаи оилавӣ васеъ гашт, миқдори кабинетҳо аз 10 ба 34 адад афзуд. Ин ба ҷарроҳ, педиатр, акушер-гинеколог, стоматологҳо имкон дод ниёзмандонро дар хонаҳои алоҳидаи хидматии бо ускунаҳои замонавии тиббӣ муҷаҳҳаз  қабул кунанд. Барои ходимоне, ки дар лабораторияи ташхисӣ кор мекунанд, шароит беҳтар шуд. Як қатор қулаиҳо ба статсионари рӯзона бо 6 ҷои хоб фароҳам омаданд.
Дар поликлиника ба бештар аз 10 ҳазор нафар сокинон 4 шифокори дорои ихтисосҳои маҳдуд, 16 ҳамшираи тиббии патронажӣ, 7 ходими соҳиби маълумоти миёнаи махсус хидмат мерасонанд. Дар муассисаи тиббӣ фаъолияти дорухонаи иҷтимоӣ, нуқтаи ёрии таъҷилии тиббии иттиҳодияи тиббии ноҳиявӣ ба роҳ гузошта шудааст.
Кормандони муассисаи мазкур, ки расондани кӯмаки ибтидоии тиббию санитариро ба зимма гирифтаанд, ба корҳои фаҳмондадиҳию тарғиботӣ, ки ба ҳифзи саломатии репродуктивии аҳолӣ, пешгирӣ кардани никоҳи бармаҳал, тарғибу ташвиқи тарзи солими ҳаёт нигаронида шудаанд, аҳамияти махсус медиҳанд. Ин ба баланд шудани маданияти тиббии аҳолӣ, коҳиш ёфтани бемории шаҳрвандон мусоидат менамояд.
– Дар минтақа, аз ҷумла дар деҳот, баҳри расонидани кӯмаки аввалини тиббӣ ба аҳолӣ, мустаҳкам кардани саломатии одамон ва беҳсозии сифати зист дар асоси талаботи замон кор бурда мешавад, – мегӯяд сармутахассиси хидмати амбулаторӣ-поликлиникавии садорати ҳифзи саломатии аҳолии вилояти Бухоро Элёр Олтиев. – Аз ҷумла, дар доираи барномаи «Деҳаи обод» поликлиникаи оилавӣ дар деҳоти Қалъаичорбоғи ноҳияи Рометан, Усмоншайхи ноҳияи Олот, Янгибозори ноҳияи Қарокӯл аз таъмир бароварда шуданд. Дар бештар аз 10 маскани тиббии ноҳияҳо таъмири пурра ба роҳ гузошта шуд. Барои ин мақсадҳо қариб 15 миллиард сӯмина маблағ аз буҷаҳои давлатию маҳаллӣ ҷудо гардид.

Эркин ЁДГОРОВ,
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: