ДАР РОҲИ БОЗ ҲАМ ИНКИШОФ ДОДАНИ МУНОСИБАТИ ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ВА ИТТИФОҚӢ

Тавре ки хабар дода шуда буд, бино бар даъвати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин бо боздиди давлатӣ ба мамлакатамон ташриф овард.

Тавре ки хабар дода шуда буд, бино бар даъвати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин бо боздиди давлатӣ ба мамлакатамон ташриф овард.
Ӯзбекистон ва Русия ҳамкорони стратегие мебошанд, ки аз имтиҳони вақт гузаштаанд. Ба шарофати кӯшишу ҳаракати қатъии президентҳоямон дар роҳи мустаҳкам намудани муносибатҳои шарикии стратегӣ ва иттифоқӣ ҳамкории байни мамлакатҳоямон аз лиҳози сифат ба зинаи нав ва ҳам хеле баланд бардошта шуд.
Мулоқоти мазкури роҳбарони Ӯзбекистон ва Русия давоми мантиқии мулоқотҳои мунтазам дар дараҷаи олӣ буд. Мулоқотҳои сиёсӣ дар заминаи эътимоди тарафайн ва конструктивӣ барои истиқболи дарозмуддати муносибатҳо ва самтҳои муҳими дуҷонибаи онҳо замина ба вуҷуд меорад.
Чорабиниҳои асосии ташриф 19 октябр дар қароргоҳи Кӯксарой ба вуқӯъ пайваст.
Пас аз маросими пазироии расмӣ Шавкат Мирзиёев ва Владимир Путин дар доираи танг музокира намуданд.
Президент меҳмони олирутбаро самимона хайрамақдам гуфта, таъкид намуд, ки муносибати байни Ӯзбекистон ва Русия дар ду соли охир боз ҳам мустаҳкам гардид.
Роҳбари давлат барои гузоштани муҷассамаи Нахустин Президент Ислом Каримов дар шаҳри Маскав аз номи мардуми сермиллати Ӯзбекистон изҳори миннатдории самимӣ намуд.
Дар як соли охир дар дараҷаи баланд беш аз 80 ташрифот ба амал оварда шуд. Дар байни ҳудудҳои мамлакатҳо ҳамкории наздик роҳандозӣ гардид. Имрӯз дар Тошканд Форуми ҳамкории байниминтақавӣ баргузор шуд. Дар он беш аз ҳазор нафар  намояндагони ҳудудҳои Русия, ҷамъият ва тиҷорати он иштирок намуд. Аз аввали соли ҷорӣ то ҳол ҳаҷми табодули амвол 30 фоиз афзуд. Лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ ба амал татбиқ мегарданд, гуфт Шавкат Мирзиёев.
Роҳбари давлат дар бораи боз як лоиҳаи стратегӣ – оғози сохтмони лоиҳаи нахустин нерӯгоҳи энергияи атом дар мамлакат бо мамнуният сухан ба миён овард.
Владимир Путин ба роҳбари давлати мо барои даъват изҳори миннатдорӣ намуда, таъкид кард, ки Ӯзбекистон барои Русия иттифоқчии боэътимод, шарики стратегӣ ба шумор меравад.
Пас аз ташрифи давлатии Шумо ба Русия соли гузашта дар тамоми соҳаҳои муносибати ҳар ду ҷониб тағйироти куллӣ ба вуқӯъ пайваст. Дар ин маврид, пеш аз ҳама, сухан дар бораи иқтисодиёт меравад. Мо гувоҳи он ҳастем, ки Ӯзбекистон чӣ гуна зуд ва куллан ривоҷ меёбад, ислоҳоти барои иқтисодиёти мамлакат ва халқи он зарур ба амал татбиқ мегардад, гуфт Президенти Русия.
Дар мулоқот ҳолати имрӯзаи ҳамкорӣ ва аз ҳар ҷиҳат ривоҷ додани он, масъалаҳои ба амал татбиқ намудани лоиҳа ва барномаҳои нави муштарак дар соҳаҳои гуногун муҳокима гардида, доир ба масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва байналхалқӣ бархурди мувофиқ ва ё наздик доштани мамлакатҳоямон таъкид гардид.
Ҷонибҳо собит намуданд, ки дар доираи СММ, ИДМ, СҲШ, ТАҲА ва дигар ниҳодҳои бонуфузи байналхалқӣ барои идома додани ҳамкорӣ омодаанд.
Президентҳо қайд намуданд, ки васеъ намудани муносибати шарикӣ, ки дар соҳаи бехатарӣ ба эътимоди тарафайн ва ба ҳисоб гирифтани манфиати ҷонибҳо асос меёбад, ба ҳал намудани вазифаҳои муборизаи якҷоя бар зидди таҳдид ва ситезаҳои нав дар минтақаи Осиёи Марказӣ хидмат менамоянд.
Дар бобати мувофиқ намудани кӯшишот дар мубориза бар зидди терроризм, ифроткорӣ ва хусусан тундравӣ дар байни ҷавонон табодули фикр ба амал омад.
Ҷонибҳо бори дигар зарурати онро такрор намуданд, ки барқарор намудани ҷараёни сулҳро дар Афғонистон худи халқи афғон ба амал орад. Ҷониби Русия иқдоми муҳими Ӯзбекистонро дар бобати ҳамдастӣ ба ҷараёни сулҳ дар Афғонистон истиқбол менамояд.
Сарони давлатҳо тамоюлҳои мусбати инкишофи ҳамкории ба тарафайн муфид ва самараноки минтақавиро дар Осиёи Марказӣ таъкид намуданд.
Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Русия Владимир Путин бо иштироки аъзои ҳайатҳо гуфтугӯро дар ҳайати васеъ идома доданд. Дар он ҷанбаҳои амалии рушди ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, маданиву инсонпарварӣ муҳокима гардиданд.
Русия ба таври анъанавӣ шарики муҳими тиҷоратии Ӯзбекистон ба шумор меравад. Тиҷорат дар байни мамлакатҳоямон тадриҷан инкишоф меёбад. 
Дар гуфтугӯҳо масъалаҳои афзоиши ҳаҷм ва диверсификатсияи номгӯйи табодули амвол, рушди ҳамкории корхонаҳои истеҳсолӣ, мустаҳкамсозии ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт ва энергетика муҳокима гардиданд.
Моҳи сентябр ҷамъомади Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ бомуваффақият анҷом пазируфт. Байни минтақаҳо ҳамкорӣ инкишоф меёбад. Лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ якҷоя бо ширкат ва бонкҳои маъруфи Русия ба амал татбиқ мегарданд.
Соли ҷорӣ, аз рӯи маълумоти мо, табодули амвол ба 6 миллиард доллар мерасад. Ин рақам аз нақшаи мо зиёд аст. Вазифа барои солҳои наздик – 10 миллиард, таъкид кард Шавкат Мирзиёев.
Владимир Путин комилан роҳбари давлати моро ҷонибдорӣ намуд. Ба ҳукуматҳои ҳар ду мамлакат супурда шуд, ки дар самти афзоиши табодули амволи тарафайн иқдоми ногузир андешида шавад. Ногузирии фаъолсозии кори Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ таъкид гардид.
Сарони давлатҳо бо қаноатмандӣ таъкид намуданд, ки ҳаҷми умумии ҳуҷҷатҳое, ки дар доираи ташриф дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ ба имзо расиданд, 25 миллиард доллари ИМА-ро ташкил намуд.
Ҳоли ҳозир сармояи Русия дар мамлакатамон аз 8,5 миллиард доллар зиёд аст. Аз ин лиҳоз бо ташаббуси Президенти мамлакатамон баргузор намудани нахустин Форуми ҳамкории байниминтақавии «Ӯзбекистон – Русия» аҳамияти калонро молик аст, ки дар натиҷаи он лоиҳаи ҳамкорӣ ба беш аз 2 миллиард доллар таҳия гардид.
Табодули маданиву инсонпарварӣ вусъат пайдо мекунад. Соли ҷорӣ бори аввал медиа-форуми Ӯзбекистону Русия баргузор гардид, дар арафаи ташриф форуми таълимии «Кадрҳои нав – барои иқтисодиёти нав» бо иштироки 80 нафар роҳбари муассисаҳои олии таълимии Русия ба вуқӯъ пайваст. Дар натиҷаи он беш аз сад муоҳида дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаҳои таълим ва илм, аз он ҷумла дар бораи дар мамлакатамон кушодани филиалҳои чандин муассисаи олии таълимии Русия ба амал омад.
Шавкат Мирзиёев таъкид кард, ки ин фақат чандин мисоли он пешравӣ аст, ки вақтҳои охир ба даст омадаанд, ташрифи давлатии Президенти Федератсияи Русия ба муносибати Ӯзбекистон ва Русия таҳрики муқтадири нав хоҳад бахшид.
Дар мулоқотҳо ба инкишофи алоқаҳои маданиву инсонпарварӣ, хусусан дар ҷанбаи илм, таълим, тандурустӣ ва сайёҳӣ эътибори алоҳида нигаронда шуд.
Таъкид гардид, ки барои дар Ӯзбекистон фаро гирифтани таълими сифатноки Русия аз соли таълими ҷорӣ филиали Институти оҳан ва гудозиши Маскав дар шаҳри Олмалиқ кушода шуд. Барилова ба филиалҳои Донишгоҳи давлатии Маскав, Донишгоҳи иқтисодиёти Русия, Донишгоҳи давлатии нафт ва гази Русия, ки дар пойтахти мамлакатамон бомуваффақият фаъолият доранд, боз намудани филиалҳои  ДДМБМ, Донишгоҳи миллии тадқиқотии ядроии ДМФМ, Донишкадаи давлатии кинематографияи Русия, Донишкадаи энергетикаи Маскав, Донишгоҳи кимиё-технологияи Русия ба нақша гирифта шудааст.
Дар бораи фаъолсозии ҳамкорӣ дар соҳаи илм низ, аз он ҷумла дар доираи лоиҳаи муштараки ба вуҷуд овардани радиотелескопи пуриқтидор дар маҳали Суффаи вилояти Ҷиззах муоҳида ба даст омад.
Бо мақсади минбаъд наздиксозии халқҳоямон дар Ӯзбекистон анҷумани чоруми ҷавонони Ӯзбекистону Русия баргузор хоҳад гардид.
Бо мақсади сазовор ҷашн намудани 75-солагии Ғалабаи Бузург соли 2020 дар Ӯзбекистон таҳия намудани барномаи махсус ва дар доираи он ба вуҷуд овардани маҷмӯи боғи «Ғалаба» дар Тошканд ба нақша гирифта шудааст, ки он рамзи ғалабаи умумии мо бар зидди фашизм мегардад, барои тарбия намудани насли наврас дар рӯҳи эҳтиром ба таърих, ватанпарастӣ ва дӯстии халқҳо хидмат менамояд, гуфт Шавкат Мирзиёев.
Бо мақсади ҳарчи бештар бархурдор намудани аҳолӣ, пеш аз ҳама ҷавонон, аз беҳтарин асарҳои адабиёти рус ба забони ӯзбекӣ нашр намудани маҷмӯаи садҷилдаи «Дурдонаҳои классикаи рус» ба нақша гирифта шудааст.
Дар поёни гуфтугӯҳои сарони Ӯзбекистон ва Русия маҷмӯи ҳуҷҷатҳои муҳим қабул гардиданд.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ба Изҳороти муштарак имзо гузоштанд.
Табдили ҳуҷҷатҳои дар доираи ташриф баимзорасида ба вуқӯъ пайваст. Инҳо – Барномаи ҳамкории иқтисодӣ дар солҳои 2019-2024, Барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи маданиву инсонпарварӣ дар солҳои 2019-2021, «Харитаи роҳ» доир ба созмондиҳии Расадхонаи байналхалқии радиоастрономии «Суффа», Қарордод дар бораи таъсис ва фаъолсозии филиалҳои беҳтарин мактабҳои олии Русия дар Ӯзбекистон, Қарордод дар бораи ҳамкорӣ дар саноати бофандагӣ.
Қарордоди иловагӣ нисбат ба блоки сармоягузории «Ӯзбекистон мустақиллиги» бо иктишоф ва коркарди чоҳи «Мустақилликнинг 25 йиллиги» бо сохтмони маҷмӯи газу кимё дар вилояти Сурхондарё, Шартнома дар бораи ҳамкорӣ байни Академияи идораи давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В.Ломоносов, Қарордод дар бораи таъсиси филиали Донишкадаи давлатии муносибатҳои байналхалқии Маскав дар Ӯзбекистон, Қарордод дар бораи таъсиси Маркази байнифаннии илмиву таълимӣ, Қарордод байни Шӯрои ректорҳои муассисаҳои таълими олии Ӯзбекистон ва Ташкилоти ҷамъиятии «Иттиҳоди ректорони Русия»-и Русия, Қарордод дар бораи ҳамкории байни Гвардияи миллии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва қушунҳои хидмати федералии Гвардияи миллии Федератсияи Русия ба имзо расиданд.
Дар маҷмӯъ зимни ташриф 20 ҳуҷҷат доир ба инкишофи ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталиф ба имзо расид.
Дар брифинг барои воситаҳои ахбори оммавӣ президентҳо таъкид намуданд, ки гуфтугӯҳо дар доираҳои танг ва васеъ дар руҳи анъанавии муътамад, шаффоф ва муҳити конструктивӣ ба вуқӯъ пайваста, табодули мушаххаси афкор доир ба масъалаҳои мустаҳкамсозии бехатарии минтақавӣ ва рушди минбаъдаи ҳамкорӣ ба амал омад. Ин имкон дод, ки ҳолати ҷории муносибати дуҷониба мушаххас карда шуда, самтҳои бартариноки рушди ҳамкории ҳаматарафа муайян карда шавад. Таъкид гардид, ки мавқеи ду мамлакат аз рӯи масъалаҳои баррасигардида шабеҳ ва ё мувофиқанд.
Мехоҳам ба Президенти Федератсияи Русия барои кӯшиши мақсадноки шахсӣ, ки ба мустаҳкамсозии алоқаҳои дӯстона ва ҳамкории ҳамаҷонибаи байни давлатҳоямон нигаронда шудааст, миннатдории махсус изҳор намоям, гуфт Шавкат Мирзиёев.
Мо бо Президенти Ӯзбекистон гуфтугӯҳои  конструктивӣ ва комилан муфид баргузор намудем, бисёр номгӯйи масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаро мушаххасан баррасӣ намудем, доир ба мушкилоти актуалии байналхалқӣ ва минтақавӣ табодули фикр намудем. Самтҳои муҳими рушди муносибатҳои иттифоқӣ ва шарикии стратегиро муайян намудем. Ҳамаи ин мавзӯъҳо дар Изҳороти муштараке, ки ҳамин ҳоло имзо гардид, инъикос ёфтаанд. Дар он мақсадҳои дақиқ барои кори ояндаи вазоратҳо, идораҳо ва ташкилотҳо дар заминаи амиқсозии ҳамкориҳои мо зикр гаштаанд, гуфт Владимир Путин.
Дар нимаи дуюми рӯз Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин бо ҳамроҳии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз хиёбони Мустақиллик боздид намуд. Меҳмони олирутба ба муҷассамаи Истиқлолият ва инсонпарварӣ гул гузошт.
Сарони давлатҳо аз нахустин Форуми ҳамкории байниминтақавии «Ӯзбекистон – Русия» дар Ӯзэкспомарказ боздид намуданд. Дар ҳамин ҷо маросими тантанавӣ бахшида ба оғози татбиқи лоиҳаи сохтмони аввалин нерӯгоҳи энергияи атом дар Ӯзбекистон ба вуқӯъ пайваст. Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин тугмаи рамзии оғози татбиқи лоиҳаро пахш намуданд.
Ташрифи давлатии Президенти Федератсияи Русия ба Ӯзбекистон ба инкишофи минбаъдаи доманфарохи ҳамкорӣ байни мамлакатҳоямон таҳрики боиқтидор хоҳад бахшид.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: