ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ҲАЙАТИ ПАЛАТАИ САВДОИ АМРИКОВУ ӮЗБЕКИСТОНРО ПАЗИРУФТ

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 22 октябр ҳайати Палатаи савдои Амрикову Ӯзбекистонро таҳти сарварии раиси он Кэролин Лэмм, ки ба мамлакатамон барои иштирок дар чорабиниҳои Ҳафтаи тиҷорати амрикоӣ дар Ӯзбекистон омадааст, қабул кард.

Сарвари давлатамон меҳмононро самимона хайрамақдам гуфта, рушди пайвастаи ҳамкории сернақшаи ӯзбекистониву амрикоиро бо қаноатмандӣ қайд намуд. Натиҷаҳои самарабахши ташриф дар дараҷаи олӣ ба ИМА моҳи майи соли ҷорӣ имкони кушодани давраи нави шарикии стратегиро фароҳам овард.
Ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва инноватсионӣ бо чунин ширкатҳои бонуфузи амрикоӣ, мисли «Женерал электрик», «Боинг», «СиЭнЭйч Индарстриал», «Жон Дир», «Ханивелл», «Силверлиф», «Уайт энд Кейс» ва дигарҳо васеъ мегарданд.
Имрӯз маҷмӯи лоиҳаҳои пешомаднок аз 5 миллиард доллар гузашта, соҳаҳои мошинсозӣ, нафту газ ва газу кимиё, саноати бофандагӣ ва хӯрокворӣ, кишоварзӣ, нигаҳдории тандурустӣ ва таълимро фаро мегиранд.
Аз аввали соли ҷорӣ дар мамлакатамон бо иштироки сармояҳои хориҷӣ 25 корхонаи нав созмон дода шуда, ҳаҷми савдои тарафайн ду баробар зиёд гардид. 
Дар мустаҳкам кардани ҳамкории амалии муфид нақши муҳими Палатаи савдои Амрикову Ӯзбекистон таъкид гардид, ки ба таркиби он 37 ширкати ба тамоми ҷаҳон машҳур, корпоратсияҳои сармоягузорӣ ва бонкҳои ИМА дохил мегарданд.
Дар вохӯрӣ пешомади дақиқи амиқгардонии минбаъдаи ҳамкории амалӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, пеш аз ҳама пеш бурдани шарикии  технологӣ баррасӣ гардиданд.
Муҳим будани сари вақт иҷро намудани қарордодҳои ба даст омада ва созишномаҳои имзошуда, инчунин тайёр кардани лоиҳаҳои сармоягузорӣ бо ҷалб намудани узвҳои нави Палата қайд гардид. 
Ба минбаъд фароҳам овардани шароити мусоид барои иштироки дарозмуҳлати ширкатҳои бонуфузи ИМА дар бозори Ӯзбекистон эътибори алоҳида дода шуд.
Кэролин Лэмм ба сарвари давлатамон аз номи ҷомеаи корчаллонони Амрико барои пазироии самимӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи фаъолияти аъзои Палата дар ҷумҳурӣ миннатдории амиқ изҳор кард.
Қайд гардид, ки ислоҳот ва дигаргунсозиҳои Ӯзбекистон, ки тамоми соҳа ва самтҳоро фаро мегирад, барои татбиқи бомуваффақияти ташаббусҳои тиҷоратӣ имкониятҳои васеъ боз менамояд. 
Алоҳида қайд гардид, ки Палатаи савдои Амрикову Ӯзбекистон омода аст дар рушди минбаъда ва таҳкими ҳамкории сермаҳсули тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва технологии байни мамлакатҳоямон фаъол иштирок намояд.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: