МАКТУБИ РАИСИ ҶМЧ СИ СЗИНПИН БА ПРЕЗИДЕНТИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ

Ба Аълоҳазрат ҷаноби Шавкат Мирзиёев,

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Муҳтарам ҷаноби Президент!
Иҷозат диҳед ба Шумо барои муборакбодии гарму ҷӯшонатон ба муносибати 69-умин солгарди рӯзи ташкилёбии Ҷумҳурии Мардумии Чин миннатдории самимӣ изҳор намоям.
Аз аввали соли ҷорӣ дар муносибатҳои ҳамаҷонибаи шарикии стратегии байни Чину Ӯзбекистон тамоюли мусоид нигоҳ дошта шуда,  байни ду мамлакат боварии тарафайни сиёсӣ пайваста мустаҳкам мегардад. Дар татбиқи муштараки ташаббусҳои «Як макон, як роҳ» муваффақиятҳои нав ба даст омад, ҳусни тафоҳум ва дӯстии байни ду халқ пайваста амиқ мегардад. Ман вохӯриамонро бо Шумо дар майдони Ҳамоиши СҲШ дар шаҳри Синдао тез-тез ба хотир меорам, ки баъд аз он нақшаҳои нави бино бар амиқгардонии муносибатҳои дуҷониба қабулнамудаи мо зина ба зина ба ҳаёт татбиқ мегарданд. 
Ман ба рушди равобити Чину Ӯзбекистон эътибори бузург медиҳам, муносибатҳои амалии байнамон ташаккулёфта ва дӯстии шахсиро баланд қадр мекунам. Ба минбаъд дастгирӣ намудани муносибатҳои қарин бо Шумо ба мақсади рағбатноксозии рушди пайвастаи муносибатҳои ҳамаҷонибаи шарикии стратегии Чину Ӯзбекистон баҳри ду мамлакат ва халқ умед мебандам.
Ба Шумо сиҳҳатии мустаҳкам, тамоми хушиҳо ва дар кори наҷибатон баҳри халқи Ӯзбекистон комёбиҳои бузург таманно менамоям.

Си СЗИНПИН, 
Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: