МАҚСАД: НИГОҲДОРИИ ОРОМӢ ВА ОСОИШТАГӢ

Дар кишвари соҳибистиқлоли мо дар радифи соҳаҳои дигар дар фаъолияти идораҳои корҳои дохилӣ низ ислоҳоти васеъмиқёс амалӣ мегарданд, ки мақсади асосӣ аз он нигоҳдории оромиву осоиштагии аҳолӣ аст.

Мо дар бораи ислоҳот ва дигаргуниҳое, ки дар ин сохтор амалӣ мегарданд, бо ҷонишини сардори шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Самарқанд, майор Алишер Аллаев суҳбат кардем. 
– Президенти кишвар дар муддати кӯтоҳ се маротиба бахшида ба фаъолияти идораҳои корҳои дохилӣ, муаммоҳои мавҷудаи соҳа ва бартарафсозии онҳо ҷамъомадҳои видеоселекторӣ гузаронд, – гуфт мусоҳиби мо. – Сарвари давлат махсус таъкид намуд, ки аз солҳои аввали истиқлолият ба таъмин кардани бехатарӣ дар мамлакат, ҳифзи тартиботи ҷамоатӣ аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Бояд таъкид намуд,  бинобар чорабиниҳои қабулгардида бозсозии ташкили хизматҳои профилактикӣ, ҷустуҷӯи таъҷилӣ, бехатарии ҳаракати роҳ, пешгирии сӯхтор ва ғайра зина ба зина боло рафта, мустаҳкамтар мегарданд. 
– Алишер Матёқубович, алҳол фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ то чӣ андоза ба талаботи замон ҷавобгӯ аст?
– Мухлисони рӯзнома огоҳ ҳастанд, ки солҳои охир дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон пойгоҳи қонунгузорӣ бобати мураттабсозии фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ такомул ёфт. Қонунҳо «Дар бораи профилактикаи ҳуқуқвайронкуниҳо», «Дар бораи идораи корҳои дохилӣ» қабул гардиданд, ки пойгоҳи меъёриву ҳуқуқии соҳаро боз ҳам мустаҳкам карданд. Аммо баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ ва минбаъд такмил додани ҳамкории онҳо бо ҳокимиятҳои маҳаллӣ, мақомоти худидораи шаҳрвандон то ҳол чун вазифаи муҳим боқӣ мемонад. Мо бояд чунон фаъолият барем, ки мардум аз хизмати ташкилотҳои давлатӣ розӣ бошанд. Куллан тағйир додани низоми кор бо муроҷиати одамон аз ҷумлаи муҳимтарин вазифаҳои мақомоти корҳои дохилӣ ба шумор меравад. Президентамон махсус таъкид карданд, ки таҳлили танқидӣ, тартиби ҷиддӣ ва ҷавобгарии шахсӣ бояд меъёри рӯзмарраи фаъолияти ҳар як роҳбар гардад, ки ин ба мо – ходимони идораҳои корҳои дохилӣ низ дахл дорад. 
– Асосан ҷиноятҳо аз ҷониби киҳо содир мегарданд ва сабаби онҳо дар чист?
– Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҷиноятро асосан шахсони майзада, нашъамандон, шаҳрвандоне, ки муқаддам суд шудаанд, фарзандони оилаҳои ноором ва шахсоне, ки бо кори фоиданок машғул нестанд, содир менамоянд. Дар баъзе маҳаллаҳо занону духтарон ва ҷавонони ноболиғ низ ба амалҳои ҷиноӣ даст мезананд, ки ҳолати афсусовар аст. Қайд намудан ҷоиз аст, ки ҳар як ҷиноят ва қонунвайронкунӣ, албатта, дар маҳаллаҳо, корхонаву ташкилот, мактабу коллеҷҳои касбиву ҳунарӣ муҳокима мегардад. 
– Самарқанд мавзеи дӯстдоштаи сайёҳони хориҷӣ мебошад. Барои таъмини бехатарии онҳо дар ноҳия чӣ гуна тадбирҳо андешида шудаанд?
– Дар харитаи сайёҳӣ аз ноҳияи Самарқанд масҷиди ҷомеи Хоҷа Аҳрори Валӣ ва масҷиди Нодир Муҳаммад Девонбегӣ зикр шудаанд. Барои бехатарии шаҳрвандони хориҷӣ аз ҷониби ходимони мо хизмати ситоди патрулӣ ба роҳ монда шудааст. Инчунин дар ин мавзеъҳо видеоназорат амал мекунад.  
– Мувофиқи маълумотҳо миқдори ҷиноят дар ҳудуди ноҳия афзудааст...
– Дуруст гуфтед. Дар гузарҳои Тулимуғоб, Раҷабамин, Арабхона, Юқори Қайнама, Заҳлик, Ипакчӣ ҷинояткорӣ афзудааст, ки сабаби ин ба кори худ бемасъулиятӣ зоҳир намудани нозирони профилактикӣ мебошад.  Бо пешниҳоди сарвари давлатамон ҳар рӯзи панҷшанбеи ҳафта «Рӯзи профилактикаи ҳуқуқвайронкунӣ» эълон гардид. Дар ин рӯзҳо шахсони масъули мақомоти корҳои дохилӣ, прокуратура, вакилони ҳокимият бо аҳолӣ вохӯрӣ гузаронида, бобати пешгирии қонуншиканӣ ҳарф мезананд. Вале ҳамкории раисони маҳаллаҳо, марказҳои маънавияту маърифат, имом-хатибон, ҷонишинҳои раисони маҳаллаҳо оид ба масъалаҳои маърифатӣ-динӣ ва маънавиву ахлоқӣ низ дар байни аҳолӣ ҳанӯз ба дараҷаи бояду шояд нест, ки ин боиси норизогии мардум мегардад ва боиси зиёд шудани ҷинояткорӣ мешавад. 
Бояд гуфт, ки дар шуъбаи мо ходимони садоқатманд, фидоӣ, ки соҳиби ҳурмату эҳтироми мардум гардидаанд, низ хеле бисёранд. Нозири калони профилактикӣ подполковник Муҳиддин Облоқулов, нозирони навбатдор Шодиқул Комилов, Азамат Мустафоев, Ӯктам Холиқов, муфаттишон Аъзам Маҳмудов, Акбар Тӯйчиев, мудири шуъбаи ташкилӣ майор Санҷар Аҳадов, нозири профилактикаи минтақаҳои Оҳалик, майор Сӯҳроб Шербеков, сардори ҳаракати бехатарии роҳ майор Алишер Норматов, ходимони шуъбаи муҳоҷират, раводид ва шиносномадиҳӣ Мизроб Собиров, Қосим Маҳмудов ва дигарон барои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти корҳои дохилии ноҳия саҳмгузор ҳастанд. 
– Таманнои шумо...
– Мақсади мо оромиву осоиштагии мардум ва пешгирӣ кардани ҷиноятҳост. Аз имконият истифода бурда, собиқадорони соҳа ва тамоми фидоиёни мақомоти корҳои дохилиро ба иди касбиашон табрику муборакбод менамоям. Бигузор дар ҳар хонадон осудагиву оромӣ ва бахту саодат пойдор бошад.
– Барои суҳбати пурмазмун ташаккур.
– Саломат бошед.
 
Суҳбаторо 
Зоҳир ҲАСАНЗОДА.
Вилояти САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: