БОҒБОНИ БОҒИ БАЛАНД

Умрро шабеҳи абри навбаҳорон гӯянд.

Ҳаждаҳ соли раҳбарии ӯ ба як мижа задан чун бод гузашту рафт. 
То нафақа панҷ соли дигар ҳаст. Ҳоло саломатиаш хуб ва дар иҷрои ҳар кору вазифа қувваю нерӯи кофӣ дорад. Ҳамсинфон, ҳамкорони собиқ тӯли ин солҳо бо ӯ паҳлӯ ба паҳлӯ истода дар рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия саҳм гирифтанд, онҳо борҳо ба ӯ маслиҳат медоданд, ки чун ба ягон саҳлангорӣ роҳ надодааст, метавонад раваду кушоду равшан буду шуди гапро ба сарони вилоят гӯяд. Охир, ин қадар кору хизматҳои бенуқсони ӯро дар назди халқу Ватан ба инобат нагиранд. Вай ба ин маслиҳатҳо гоҳе ҳа, ё не мегуфту риштаи суҳбатро ба дигар ҷониб тоб медод.  Баъзан аз ин маслиҳатҳои «ғамхорона» ҳаво гирифта, мехост ба идораҳои боло муроҷиат карда, саҳву нуқсонҳои хешро фаҳмад, вале ғурури ҷавонмардӣ ӯро пой дар занҷир мекард. Ҳамин тариқ вақт мегузашт. Қариб шаш моҳ дар хона нишаст. Дар ин айём роҳбарони воломақоми вилоят ӯро ба назди худ нахонданд, ӯ низ дари онҳоро накӯфт. 
Вақте ки ӯ сарварии ноҳияро ба дӯш дошт, дар деҳаи Дарбанд муаммои сохтани ҳавзи об ба миён омад. Сокинони деҳа ба он монеа нишон доданд. Ҳукумати ҷумҳурӣ низ арзу шикоятҳои онҳоро ба инобат гирифт. Ниҳоят аз дараи Дарбанд берун, дар мавзеи Даҳнаиҷом қубури обкашӣ гузошта шуд. Бо воситаи ин қубур оби дарёи Дарбандро то деҳаи Работ бурданд. Пас аз он сарони вилоят ба ӯ супориш доданд, ки дар талу теппаҳои Қумсой, Изма, Тути қӯша, Работ боғ созанд. Зарур шуд, ки аз вилояти Қӯрғонтеппаи Тоҷикистон ниҳолҳои зардолу, себ, олу ва ток оранд. Дастҷамъона боғ бунёд карданд. Оре, маҳорати ташкилотчигии фавқулоддае ба ӯ ёр буд. На ҳисоби рӯзро медонист, на шабро. Гоҳҳо дар кабинаи мошини УАЗ шабро рӯз мекард. Баробари боғбонон ниҳол мешинонид, ба бехи онҳо об мемонд. Боғҳои навбунёдро тамошо карда ҳавасаш меомад. Боре дар минтақаи Баландӣ ба иҷоракоре гуфт, ки ба ниҳолҳои хушсифат об монад, рӯзи дигар назорат мекунад. Тибқи ваъда ба ин манзил омад. Айни нисфирӯзӣ буд. Ба ронанда амр дод, ки ӯро дар роҳи мошингард интизор бошад. Пойи пиёда ба сари боғи нав омад. Дар атроф касе наменамуд. Боғро иҷоракор бо нишондоди ӯ обёрӣ карда, дар сояи харсанге масти хоб буд. Хост ӯро бедор кунад. Ҳавасаш омад ба хоби ӯ. Воқеан иҷоракор бо даву ғеҷҳои зиёд боғро хеле хуб обёрӣ карда буд. 
– Кунун ӯ ҳаққи истироҳату фароғат кардан дорад, –  гуфт ба худ. Ин лаҳза дар як гӯшаи дилаш орзуи  боғпарварӣ бедор гашт. Кош мисли ин деҳқон боғдорӣ мекарду дар вақти зарурӣ дар сояе беғам мехобид. 
Боре аз телевизион дар бораи фаъолияти боғбоне, ки аз ҳисоби заминҳои лалмӣ боғ бунёд карда буд, барномае нишон доданд. Тӯрақулака ба матонат ва шуҷоати ин мӯйсафед қоил гашт. Орзуи чандинсолаи дар умқи дилаш ҷойдошта дубора бедор шуд. 
Рӯзи дигар ба мавзеи Изма омада, дар ин ҷо бо шиноси деринааш, асосгузори ин   боғҳо    Қудратака дуру дароз суҳбат орост. Нияти хешро ба ӯ иброз намуд. Ӯ низ аз асли мақсади вай огоҳ гашта, маслиҳат дод, ки ҳатман аз пайи бунёди боғ шавад. 
– Дар мавзеи Изма заминҳои бекорхобида хеле зиёданд, –  гуфт ӯ. 
Ҳар ду он заминҳои холиро аз назар гузарониданд.
Рӯзи дигар ба қабули ҳоким омад. Ҳокими нав гумон дошт, ки Тӯрақул Ҳамроев барои пурсидани ягон кору вазифа омадааст. Ӯро ба утоқи корӣ даъват кард ва омада дар рӯ бар рӯйи вай нишаст. Ҳоким баъди ҳолпурсӣ аз ҷой бархост ва ба ёрдамчиаш фармуд, ки чой орад. Ҳар ду дар сари як пиёла чой суҳбат оростанд. Ҳамроев буду шуди гапро гуфт. Ҳоким ҳамсуҳбаташро ҷонибдорӣ намуд. Аз пайи тайёр кардани ҳуҷҷатҳо шуд. Ду рӯз пас ҳоким занг зада гуфт, ки як гурӯҳ иҷоракорон ба назди вай омада арз намуданд, ки дар ин заминҳо худашон боғ бунёд карданианд. Хуб нест, ки ба Ҳамроев аз ҷойи дигар замин ҷудо кунад. Тӯрақул чӣ гуфтани хешро намедонист. Ниҳоят ҳоким афзуд:
– Тӯрақулака, хафа нашавед. Мо барои шумо ҳатман замин пайдо мекунем, хизматҳои  шуморо аҳли ноҳия ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад кард. 
Он рӯз суҳбати онҳо нотамом монд.
Ба хона омада ба Қудратака занг зад. Ӯ гуфт, ки гурӯҳи иҷорачиёни измагӣ аз кору бори ҳар ду хабар ёфта ба назди вай омада, хархаша кардаанд... 
Тӯрақул Ҳамроев пас аз шунидани ин гапҳо каме хотираш озурда гашт. Ба андеша монд, он солҳоро ба ёд овард. Дар муддати ҳаждаҳсоли кориаш ба зердастон то тавонист кӯмак расонд, иҷрои кори давлатро талаб намуд. Наход подоши ҳама некиҳо ин бошад...
Ин дам занги телефон ӯро ба худ овард. Қудратака мепурсид. Вай иброз намуд, ки як гурӯҳ одамон дар самти чапи Тути қӯша замин кушода боғ бунёд карданианд. Дар теппаи ин мавзеъ тақрибан 70 гектар замини нокорам мавҷуд. Ҳамроев ин ҷойҳоро чун панҷ панҷааш медонист.  Замоне одамон дар гирду атрофи ин ду тути танҳо ҳавз кофта, оби боронро захира намуда, дар самти поёнии он ҳар гуна зироат мекориданд.
Чанд сол қабл замоне, ки дар ноҳия ҳоким буду дар вилоят муаммои кабудизоркунӣ, ниҳолшинонӣ ба миён омад, ба таври ҳашар дар ду ҷониби Тути қӯша  ниҳол шинонида, онро бо оби сой ду-се бор обёрӣ карда буданд.      
Пагоҳии рӯзи дигар бо Қудратака ба мавзеи Ҳавзи Чалак омада заминҳои гирду атрофи онро аз назар гузарониданд. Ин заминҳо барои бунёди боғи оянда хеле қулай буданд. Мавзеи интихобкарда ба Тӯрақул Ҳамроев писанд омад.
Пас аз расмӣ кунонидани ҳуҷҷатҳо бо қатъияти том ба кор шурӯъ кард. Аз ҳар ҷо поруҳои маҳаллӣ оварда, ба боғ андохт. Ду маротиба шудгор намуд. Пас аз шудгори босифат, боғро аз сангу шағал ва алафҳои бегона ба таври ҳашар тоза кард. Аз шаҳри Самарқанд ниҳолҳои себи навъи голдинг овард. Ба зиёда аз 10 гектари замин ангури тоифӣ шинонид. Дар гирду гӯшаи боғ ниҳолҳои гуногун: зардолу, беҳӣ, олуча, гелос, анҷир кошт. Қариб ҳар рӯз ӯ ба ин манзил меомад, бо ҳашарчиён барои ободии боғ саъй менамуд. Ниҳолҳо бо гузашти айём ба воя расида, ба замини сӯхта ҳусни нав мебахшиданд.
Боре аз Тӯрақулака пурсидам, ки оё ин қадар боғро парваришу нигоҳубин кардан душвор нест. Ӯ гуфт: 
– Душвор аст, бародар! Шумо ба ман гӯед, ки кадом кор душворӣ надорад? Замоне, ки ба бунёд кардани боғ шурӯъ намудам, шиносҳои зиёде омада, ҳамин суоли шуморо медоданд. Мегуфтанд, ки дар ин мавзеъҳо боғ бунёд кардан мушкил аст. Заминаш серҳосил нест. Аз қубури обкашӣ об гирифтан ҳам хеле душвор аст. Хуллас бо ҳамин қабил суханҳо сари моро гаранг мекарданд. Баъзан ба ин суолҳо чӣ хел ҷавоб доданро намедонистам. Он чиз аламовар буд, ки ин маслиҳатгарон дар умри худ ниҳолеро насабзонида меваи онро нахӯрда буданд. Бисёр вақт саргарми кор дар ин бора меандешидам ва ба худ мегуфтам, наход дар ин заминҳо ниҳол насабзад. Агар заҳматҳоям натиҷаи дилхоҳ набахшанд, ба ин ҳангоматалабон чӣ ҷавоб хоҳам дод? Аммо ин андешаҳои ботилро аз сар дур карда, «Аз ноумедиҳо басе умед аст, поёни шаби сияҳ сафед аст», гӯён шаби сияҳро кӯр мекардам. 
Худоро сад шукр, ки ҳосили боғи мо бад нест. Ҳамин тариқ 10 гектар себзор, 10 гектар токзор, 6 гектар олуву зардолу, 5 гектар гелос, анҷиру нок бунёд кардем. Ҳамаи ниҳолҳо ба воя расида, ба ҳосил даромаданд. 
Бо маслиҳати кишоварзони ботаҷриба дар байни себзорҳо юнучқа коридем. Юнучқа намиро дер гоҳ дар худ нигоҳ дошта, ғизонокии заминро таъмин мекунад. Охирҳои фасли баҳор бо агрегатҳои алафдаравӣ юнучқаи байни себзорро медаравему той мебандем. 
Боре як шиноси деринаам бо мошин ба тамошои боғ омада, сипас гуфт:
— Имрӯз боғу роғи шуморо тамошо карда бори дигар итминон ҳосил кардам, ки  аз ӯҳдаи ҳама кор мебаромадаед. Бунёди ин боғи дилкушо киву чӣ будани шуморо барои ҳасудон бори дигар собит намуд. Ба ақлу тамизи шумо тасанно!  Тамошои боғ баҳри дили касро мекушояд.
Тӯрақулака дер гоҳ дар бораи боғ ва онҳое, ки бобати ободиву шодобии он саҳм гирифтаанд, сухан гуфт. Суҳбаташ самимӣ ва дилнишин буд. Кас намехост онро тарк кунад, вале мо ба умеди мулоқоти минбаъда бо якдигар хайрухуш кардем. 
Чангу хоки аз зери чархҳои мошин бархоста, чун тӯри сияҳгуне дар баромадгоҳи боғ муаллақ меистод. Ба назар на ба замин фуруд меомаду на ба само мехест. Баногоҳ аз ҷониби кӯҳи Фарҳод насими фораме вазиду он чангу ғуборро  паҳну парешон намуд. Мошини боркаш дар як лаҳза аз назарҳо ғоиб гашт... 

Нуралӣ РАҶАБ,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: