ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИ ӮЗБЕКИСТОН ВАЗИРИ САВДОИ ИМА-РО ҚАБУЛ КАРД

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 23 октябр вазири савдои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Уилбур Россро, ки аз мамлакатамон бо ташрифи корӣ боздид ба амал меорад, қабул кард.

Вохӯрӣ ва робитаҳои мунтазами сарони ду давлат, аз он ҷумла ташрифи расмии Президенти Ӯзбекистон ба ИМА моҳи майи соли ҷорӣ, муносибати гуногунҷанбаи байни Ӯзбекистону ИМА-ро ба дараҷаи боз ҳам баланд бардошта, марҳалаи нави шарикии стратегиро кушоданд.
Сафари нахустини вазири савдои ИМА ба Ӯзбекистон гувоҳи манфиатдории тарафайн ва кӯшиши ҷонибҳо ба рушди минбаъдаи муносибат дар доираи мувофиқаҳои бадастомада ва шартномаҳои имзогардида, вусъат бахшидани ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ мебошанд.
Меҳмонро хайрамақдам гуфта, роҳбари давлатамон мавҷуд будани иқтидори бузургро барои вусъат додани ҳаҷми тиҷорати тарафайн, татбиқи лоиҳаҳои истиқболнок дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт дар асоси ҷалби сармояҳои бевосита, технологияи пешқадам ва таҷрибаи ширкатҳои маъруфи амрикоӣ,  инчунин васеъ намудани ҳамкорӣ дар соҳаи бонку молия таъкид кард.
Бо қаноатмандии амиқ ҷамъбасти самарабахши чорабиниҳои Ҳафтаи тиҷорати амрикоӣ дар Ӯзбекистон бо иштироки роҳбарон ва вакилони холдингҳои саноатии маъруфи ҷаҳон, корпоратсия ва бонкҳои молиявиву сармоягузории ИМА таъкид гардид.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории амалӣ дар татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳои мушаххас дар соҳаҳои савдо, саноат ва технологияи баланд, хоҷагии қишлоқ, логистика ва нақлиёт баррасӣ гардиданд.
Ба ташаккули шароити муносиб барои вусъат додани фаъолияти ширкатҳои амрикоӣ дар бозори Ӯзбекистон, аз ҷумла, масъалаҳои  таъмини молиявии лоиҳаҳои муштарак эътибори алоҳида нигаронда шуд.
Доир ба рушди ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ табодули афкор ба амал омад.
Вазири савдои ИМА барои пазироии самимӣ изҳори миннатдории амиқ намуда, ба роҳбари давлатамон паёми самимӣ ва таманноҳои беҳтарини Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трампро расонд.
Ҳамзамон Уилбор Росс суханони Президенти ИМА-ро дар бораи он, ки Доналд Трамп ба Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар тамоми масъалаҳои геосиёсӣ, ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ эътимоди хеле калон дорад, расонд. Ғайр аз ин, Доналд Трамп, таъкид намуд Уилбор Росс, ислоҳоти доманфарохе, ки Президенти Ӯзбекистон ба амал татбиқ менамояд, аз ҳар ҷиҳат дасгирӣ менамояд.
Уилбор Росс суръат ва миқёси ислоҳотеро, ки дар Ӯзбекистон татбиқ гардида, боиси таваҷҷӯҳи зиёд мегардад ва барои тиҷорати амрикоиҳо дар Ӯзбекистон имконияти навро фароҳам меорад, олӣ арзёбӣ намуд.
Омодагии харҷи тамоми кӯшиши ногузир барои вусъат бахшидани ҳамкории гуногунҷанба ва мустаҳкамсозии муносибати шарикии стратегӣ байни Ӯзбекистон ва ИМА изҳор гардид.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: