ДАР 9 МОҲ – 30 КОРХОНАИ МУШТАРАК

Дар вилояти Тошканд 120 корхонаи муштараки ӯзбекистониву русиягӣ фаъолият мебарад.

Ин далел қобили таваҷҷӯҳ аст, ки 30-тои ин корхонаҳо, ки дар соҳаҳои саноат, сохтмон, савдо, хидматрасонӣ ва ғайра фаъолият доранд, соли равон бунёд гардиданд.
Муҳити мусоид ва  солими сармоявие, ки дар мамлакатамон фароҳам оварда шудааст, ба рушди соҳибкорӣ мусоидат менамояд. 
Дар корхонаҳое, ки бо иштироки соҳибкорони хориҷӣ барпо мегарданд, аз ашёи маҳаллӣ  маҳсулоти содиротӣ  тайёр карда мешаванд. Ин маҳсулот талаби бозори дохилиро пурра қонеъ гардонда, ба вусъат додани ҳаҷм ва содир гардидани он хидмат менамояд.
Дар Ангрен бо ҳамкории соҳибкорони русиягӣ такрибан 10 корхонаи истеҳсолию тиҷоратӣ сохта шудааст. Яке аз онҳо ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Sungreen tex» буда, ба истеҳсоли маҳсулоти трикотажӣ ихтисос дорад.
Ҷамоаи меҳнатӣ ҳар моҳ бештар аз 120 ҳазор дона маҳсулот омода месозад. Қисме аз либосҳо, ки аз ашёи хоми хушсифати маҳаллӣ тайёр шудаанд, ба дуконҳои худӣ, қисми асосиашон бошад, ба кишварҳои ИДМ содир карда мешаванд. 
Корхонае, ки бештар аз 30 намуд либосҳои кӯдакона истеҳсол мекунад, бо ускунаҳои дарздӯзии истеҳсоли фирмаҳои пешбари хориҷӣ муҷаҳҳаз аст. Айни замон дар корхона зиёда аз 280 нафар фаъолият мебаранд. Қисми асосии коргарон ҷавонон мебошанд.
– Корхона барои мо кулли шароитро фароҳам овардааст, бо таоми гарм ва нақлиёт таъминем, – мегӯяд дӯзанда Ш. Ҷӯрақулова. – Қисми асосии ҷамоа – ҳамсолони ман. Ҷамоаамон муттаҳид аст. Аз он ифтихормандам, ки дар ин гуна корхонаи замонавӣ кор мекунам. 

Авазбек ХУДОЙҚУЛОВ,
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: