БАРОИ РУШДИ БЕШТАРИ ИҚТИСОДИЁТ КАДРҲОИ ЗАМОНАВӢ ЗАРУРАНД

25 октябр Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бино бар масъалаҳои рушди минбаъдаи таълими олӣ, баланд бардоштани сифати тайёркунии кадрҳо, вусъат додани қаробати илму истеҳсолот машварат баргузор кард.

Солҳои охир як қатор ҳуҷҷатҳо қабул шуданд, ки барои ба дараҷаи нав бардоштани таълими олӣ хидмат мекунанд. Меъёрҳои замонавии таълим, низоми шаффофи қабул ба мактабҳои олӣ ҷорӣ гардиданд. Соли равон квотаи қабул нисбат ба соли гузашта 30 фоиз афзуд.
Тасдиқ шудани қарори Президент дар бораи Барномаи рушди муассисаҳои таълими олӣ, беҳтар кардани сифати таълим дар солҳои 2017-2021 аз ҷониби ҳайати профессорону омӯзгорон ва ҷомеаи васеъ бо хушнудӣ пазируфта шуд.
Соли 2018 дар мамлакати мо 13 адад мактабҳои нави олӣ, аз ҷумла, Донишгоҳи байналхалқии сайёҳии «Шоҳроҳи абрешим» дар Самарқанд, бахши Донишгоҳи миллии тадқиқотии технологии «МИСиС» (Русия) дар шаҳри Олмалиқ, Донишгоҳи Пучон (Куриёи Ҷанубӣ) дар шаҳри Тошканд ба фаъолият оғоз карданд.
Бо Фармони роҳбари давлат аз 25 сентябри соли равон бунёди «Эл-юрт умиди»-и назди Девони Вазирон таъсис ёфт. Вай ба ҷалби фаъолонаи ҳамватанони мо ба хориҷа – олимон, мутахассисон ва коршиносон барои дар Ӯзбекистон татбиқ намудани ислоҳоти васеъмиқёс, ҳамчунин ҷавонони соҳибистеъдод барои дар кишварҳои тараққикарда таълим гирифтану  дар донишкадаҳои пешқадами байналхалқӣ ва созмонҳои хориҷӣ такмили ихтисос кардани онҳо кӯмак мерасонад.
Соли равон бори аввал дар пояи таҷрибаи байналхалқӣ рейтинги миллии мактабҳои олӣ созмон дода шуд, ҷараёни таълимӣ ва илмиву тадқиқотӣ таҳлил гардид. Бино бар натиҷаи таҳлилҳо як қатор мушкилот ва нуқсонҳо ошкор шуданд.
Чунончи, квотаи қабул ба муассисаҳои таълими олӣ танҳо 7-9 фоизи хатмкунандагони мактабҳои таълими ҳамагонӣ, литсейҳои академӣ ва коллеҷҳои касбиро фаро мегирад. Дар Русия ин нишондиҳанда 74, дар Куриёи Ҷанубӣ бошад 96 фоиз мебошад.
Дар машварат таъкид шуд, ки муассисаҳои таълими олӣ ва ҳайати профессорону омӯзгорони онҳо дар ҷомеаи байналхалқии илмӣ дорои мақому обрӯ намебошанд. Он санад танқид карда шуд, ки кор бобати ба ҷараёни таълим ҷалб намудани олимони шинохтаи ҷаҳон, арбобони баландихтисоси илмӣ ва омӯзгорони эътирофшуда ба дараҷаи бояду шояд ба роҳ монда нашудааст.
Ба инобат нагирифтани фикру ақидаи профессорону омӯзгорон ҳангоми таъин кардани ректорон ва проректорон самаранокии хуби кори роҳбарони навтаъиншударо бо ҷомеа таъмин намекунад.
Барои рушди илм, ҷорӣ кардани натиҷаи тадқиқот дар истеҳсолот, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти илмӣ, ҳамчунин дарёфти донишҷӯёни соҳибистеъдод шароитҳои зарурӣ мавҷуд нестанд.
Кор бобати ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионӣ дар ҷараёни таълим, таъмин кардани ҳамоҳангии барномаҳои таълим бо истеҳсолот, аз ҳама муҳимаш баланд бардоштани ихтисоси омӯзгорон қаноатбахш намебошад.
Тартиби омӯхтан, аз аттестатсия гузарондан, аккредитатсия кардани фаъолияти мактабҳои олӣ, нострификатсияи ҳуҷҷатҳо ба талаботи имрӯз куллан ҷавобгӯ нест.
– Он чиз боиси таассуф аст, ки дар шароити рушди ҳарчи зудтари иқтисодиёт низоми таълими олӣ, ҷойи он ки муҳаррики пешрафт бошад, аз замон қафо мемонад. Он санад ҳақиқати талх аст, ки дар мо низоми ҷавобгӯйи тағйироти сохторӣ дар бозори меҳнат, ки ба ҷавонон касб омӯзонад, дар онҳо навгониҳои соҳибкориро ташаккул диҳад, вуҷуд надорад, – гуфт роҳбари давлат.
Вобаста ба ин дар машварат вазифаҳои рӯзмарра муайян ва супоришҳои дахлдор дода шуданд.
Зарурияти  ҷорӣ намудани низоми соддаи қабули донишҷӯён ва дар ин поя гузаштан ба низоми қабули квотӣ ба супоришҳои давлатӣ ва низоми дифференсиалии пуливу қарордодӣ қайд гардид. Ба мақсади баланд бардоштани обрӯи байналхалқии мактабҳои олӣ ва сазоворона рағбатноксозии фаъолияти  кадрҳои илмиву педагогӣ барои гузаштан аз маблағтаъминкунии марказонидашуда ба худмаблағтаъминкунӣ ва мустақилии иқтисодӣ вазифаҳо гузошта шуданд.
Таъкид гардид, ки бояд ба вазифа таъинкунии ректорон ва проректорон соддатар карда, низоми баҳодиҳии мунтазами фаъолият, рағбатноксозии мақсаднок, баланд бардоштани  масъулияти профессорону омӯзгорон созмон дода шавад.
Зарурияти куллан ислоҳкунии Шӯрои ректорони мактабҳои олии Ӯзбекистон қайд гардид. Таъкид шуд, ки бояд саводнокии ректорон санҷида, дар ин маврид ба иқтидори маънавию маърифатӣ ва илмии онҳо эътибори махсус дода шавад.
Роҳбари давлат таъкид намуд, вазифаи асосие, ки дар назди соҳаи таълим истодааст, ин такмил додани низоми баҳодиҳӣ ба дониши донишҷӯён, ба барномаҳои таълимӣ ва ҷараёни таълиму тарбия ба шумор меравад.
Бобати коркарди лоиҳаи қарори ҳукумат, ки бояд минбаъд соддакунии тартиби эътироф кардан ва нострификатсияи дипломи мактабҳои олии хориҷӣ, такмил додани ҷараёни аз аттестатсия гузарондан ва аккредитатсия кардани муассисаҳои таълими олиро ба мақсади фароҳам овардани шароит барои фаъолияти ҷавонони мо дар Ватанашон, ки дар хориҷа таълим гирифтаанд, вазифаҳо гузошта шуданд.
Дар машварат натиҷаҳои анҷумани маърифатии ӯзбекистониву русиягӣ низ зикр шуданд.
Бино бар натиҷаҳои анҷумани мазкур бо шарикони русиягӣ 114 адад қарордод ва шартномаҳо ба имзо расиданд. Аз ҷумла, дар Ӯзбекистон кушодани бахшҳои шаш мактаби бонуфузи олии Русия ва ду факулта, татбиқ намудани 52 барномаи муштараки таълимӣ ба нақша гирифта шуд. Бино бар ҳар кадом муоҳида «харитаҳои амалиёт» андешида шудаанд.
Ба Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсус супурда шуд, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор иҷрои вазифаҳоеро, ки дар ин «харитаи амалиёт»-ҳо муайян шудаанд, таъмин кунад. Зарурияти коркарди босифат, тасдиқ ва дар амал татбиқ намудани ҳуҷҷатҳои дахлдори ҳуқуқӣ бино бар ҳар кадом бахш, факулта ва барномаи муштарак таъкид шуд.
Дар оянда факултаҳои ташкилшуда бояд давра ба давра ба бахшҳо табдил дода шаванд.
Дар машварат бобати мустаҳкам кардани иқтидори илмиву педагогии профессорону омӯзгорон, дар низоми таълими олӣ васеъ ҷорӣ намудани дастовардҳои илмиву технологӣ ва технологияҳои иттилоотӣ дар пояи муоҳидаҳои баимзорасида супоришҳо дода шуданд.
Президент таъкид намуд, ки аллакай имрӯз бояд барои тайёрии ҷиддӣ ба анҷумани оянда, ки соли 2019-ум дар Русия баргузор хоҳад шуд, нақшаҳои мушаххас андешида шаванд.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: