ДУ СОҲИБКОРЗАН АЗ ЯК МАҲАЛЛА

«Ифтихор» яке аз ҷамоатҳои шаҳрвандони намунавии ноҳияи Поп буда, дар он зиёда аз 2150 нафар шаҳрвандон аҳлу тифоқ зиндагӣ мекунанд.

Қисми зиёди онҳо бо ҳунармандӣ ва соҳибкорӣ шуғл варзида, аз имконият ва шароитҳои барояшон дар мамлакат фароҳам овардашуда самарабахш истифода мебаранд. 
– Дар маҳалла ба ҷои хонаҳои кӯҳна, хонаҳои нави замонавии дорои ҳамаи қулаиҳо қад рост мекунад. Ба кадом кӯча наравед ба сохтмон ва бунёдкориҳо рӯ ба рӯ мешавед, – гуфт мудири шуъбаи сармоягузории ноҳия Равшанбек Анорбоев.
– Ҳар як соҳибкор баробари обод кардани манзилаш, боз чанд нафар ҳамдиёронашро бо кори доимӣ таъмин мекунад, – гуфт яке аз ташаббускори маҷмӯаи тантанаҳои «Диёр» Ҳурматой Абдураҳмонова. – Писарам Ғолибҷон барои обод кардани ҷойи бекорхобида саъй кард ва дарҳол розӣ шудам. Мувофиқи қарори ҳокими ноҳия барои сохтмон ҷой муайян шуд. Аз ҳисоби воми бонк сохтмони маҷмӯаро ба роҳ монд.
Имрӯзҳо дар маҷмӯаи тантанаҳои «Диёр», ки барои 550 нафар шаҳрвандон пешбинӣ шудааст, тӯй ва маросимҳои дигари гуногун баргузор мегардад. Барои сохтмони маҷмӯа 700 миллион сӯм харҷ гардид.
Инчунин, бо ташаббуси Ҳурматойапа корхонаи хусусии «Кавсар савдо нур» ба фаъолият шурӯъ кард. Дар ин нуқтаҳои савдо ва хидматрасонии маишӣ сад нафар попиён меҳнат мекунанд.
Бо саъю кӯшиши боз як соҳибкори маҳаллаи номбурда Лолахон Эгамбердиева, шифохонаи хусусии «Янги ҳаёт» ба фаъолият шурӯъ кард. Барои сохтмони шифохона аз воми шуъбаи ноҳиявии Микрокредитбонк ва аз ҳисоби худ зиёда аз 6 миллиард сӯм сарф шуд. Дар бинои дуошёнаи шифохона 28 нафар кормандони тиббии соҳибихтисос ба аҳолӣ хидмати намунавии тиббӣ мерасонанд. 
– Дар бачагиам касби духтуриро орзу мекардам. Падарам Ҳабибулло Эгамбердиев ҳам духтур буданд. Барои падарам вақт аҳамият надошт. Ба хонаамон шабу рӯз беморон меомаданд. Ба онҳо падарам беминнат ёрӣ мерасонданд. Аз нигоҳи беморон чӣ қадар миннатдории онҳоро пай бурдан душвор набуд. Худам духтур набошам ҳам, зиёда аз 20 сол дар муассисаи томактабии рақами 30-ум ҳамчун тарбиячии логопед адои вазифа намудам. Вақтҳои холиам дар маҷмӯаи савдои «Дастархон», ки падарам ба роҳ монда буданд, ҳамчун коргузор фаъолият мекардам. Бо ҳамин барои соҳибкор шудан таҷрибаи бое пайдо кардам ва шифохонаи навро сохта, ба кор андохтам, – мегӯяд Лолахон Эгамбердиева.
– Аз тарафи сарвари давлатамон барои мо, шифокорон эътибор ва ғамхориҳои зиёд зоҳир карда мешавад. Ин моро ба бо ғайрати  дучанд  меҳнат кардан водор месозад, – мегӯяд сардухтури шифохона, кардиологи тоифаи олӣ Баҳрулло Раҳматов.
Дар ҳақиқат, дар ба роҳ мондани соҳибкорӣ занон аз мардон камӣ надоранд. Онҳо бо ташаббускорӣ ва меҳнати фидокоронаашон барои равнақи Ватан ва фаровонҳолии халқамон хидмат мекунанд. 

Шоҳида ДАМИНОВА,
вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: