ТАДҚИҚИ САВТУ СУРУДҲОИ БУХОРО

Соли ҷорӣ нашриёти «Наврӯз»-и Тошканд китоби мақолаҳои мунтахаби санъатшинос, профессор Файзулло Тӯраев «Мутрибот қалбидан учган наволар»-ро бо васояти Иттиҳоди эҷодии ҷамоаҳои бадеии вилояти Бухоро (ҳоло Филармонияи Бухоро) аз чоп баровард. Ба китоб узви Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон, номзади илмҳои филологӣ Шодмон Сулаймон пешгуфтор навиштааст. Он аз чор қисм иборат мебошад.

Бахши аввал, «Лавҳаҳо аз таърихи мусиқии Бухоро» ном дошта, дар бораи «Шашмақоми Бухоро» дар давраи амирони манғит маълумот медиҳад.
Муаллиф таъкид менамояд, ки санъати мусиқии бухориён дар се намуд: оҳанг ва сурудҳои классикии «Шашмақом», силсилаи суруду рақсҳои хоси бухориён «Бухорча» ва таронаҳои «Мавригӣ» инкишоф ёфтааст. Дар байни ин равияҳо «Шашмақоми Бухоро» мақоми шоиста дорад. Таърихи пайдоиши «Шашмақом» дар бисёр асарҳо, аз ҷумла дар «Таърихи амирони Бухоро»-и Олимхӯҷа Шарифи Бухороӣ, «Таърихи Салимӣ»-и Мирзо Салимбек, «Туҳфаи хонӣ»-и Муҳаммадвафо Карминагӣ, «Таърихи мухтасари салтанати амирони манғития», «Наводир-ул-вақоеъ»-и Аҳмади Дониш, «Ёддоштҳо», «Сарсухан ба китоби «Шашмақом»-и Садриддин Айнӣ, «Ӯзбек классик мусиқаси ва унинг тарихи»-и Абдурауф Фитрат ва ғайра зикр шудааст. Агар мусиқашиносони асрҳои XV-XVII Ҳофиз Мираки Бухороӣ, Аҳмади Ғиҷҷакӣ, Наҷмиддин Кавкабии Бухороӣ, Боқии Рудӣ, Маҳмуд Исҳоқи Сеторӣ, Мавлоно Мирхатиб, Мирзоҳусайни Танбӯрӣ, Мирзоалии Чангӣ, Дарвешалии Чангӣ ба пайдоиши «Шашмақом» замина гузошта бошанд, Хоҷа Наврӯзи Танбӯрӣ, Мулломуҳаммади Зангбоз, Аваз Навҷувони Бухороӣ, Усто Муҳаммади Чангӣ, Усто Ҳусайни Найнавоз, Усто Қосималии Қонунӣ барин ҳофизу оҳангсозон бобати ташаккулёбии «Шашмақом» заҳмат кашидаанд. Мақомдон ва мақомхонҳои Бухоро ва вилоятҳои дигар Усто Тиллобой Ҳоҷӣ Абдуллоҳи Савтӣ, Бобо Ҷалол, Борухи Калхот, Хоҷӣ Абдураҳмонбек, Содирхон Ҳофиз, Ҳоҷӣ Абдулазиз Абдурасулов, Бобо Ғиёс, Усто Шарофи Танбӯрӣ, Мулло Тӯйчӣ Тошмуҳаммедов, Левичаҳофиз, Мирзо Отаҷони Танбӯрӣ, Домулло Ҳалим Ибодов, Усто Шодӣ Азизов, Габриэл Беняминов, Нуриэл Беняминов, Бобоқул Файзуллоев, Маъруфҷон Тошпӯлодов, Наҷмиддин Насриддинов, Шоҳназар Соҳибов, Борух Зиркиев, Моше Бобохонов, Фазлиддин Шаҳобов ва бисёр дигарон бобати такмилёбӣ ва машҳур гардидани «Шашмақом» саҳми арзанда гузоштаанд. Ҳамин тариқа барои пайдоиш ва ташаккулёбии «Шашмақом» Бухоро нақши муҳим бозидааст ва дар сарчашмаҳо бо номи «Шашмақоми Бухоро» ифода ёфтани ин мероси бузурги маънавӣ беҳуда нест. 
Солҳои охир дар илми мусиқашиносӣ ибораҳои «Мақомҳои ӯзбек» ё «Мақомҳои тоҷик» ба чашм мерасанд. Мусиқашиноси пуртаҷриба ва шашмақомдони ҳассос Файзулло Тӯраев ҷонибдори онҳое нест, ки миёни ин ду мақом «девори Чин» гузоштан мехоҳанд. «Зеро байни оҳанг, усул, парда-лад ва сохти мақомҳои тоҷику ӯзбек фарқе нест. Онҳо дар асл як мақом – «Шашмақом» мебошанд.
Фақат тафовут дар матни эшон аст, яъне дар мақомҳои тоҷикӣ ғазалҳои тоҷикӣ ҷойгузин шуда, дар мақомҳои ӯзбекӣ ҷойи онҳоро сурудҳои ӯзбекӣ иваз кардаанд. Аз ин рӯ «Шашмақом»-ро мероси мусиқии ҳар ду халқи бародар – тоҷикону ӯзбекон номидан аз рӯйи адолат аст» – менависад олим.
Солҳои истиқлол эътибор ба ин мероси мадании мо беш аз пеш афзуд. Аз ҷумла «Шашмақом» соли 2003 ба рӯйхати мероси маънавии ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил гардид. 
Дар мақолаи «Мадҳи «Наврӯз» дар «Шашмақом» таъкид ёфтааст, ки шуъбаҳои «Наврӯз» ё ки «Наврӯзи Аҷам», «Наврӯзи Сабо», «Наврӯзи Хоро», «Наврӯзи Баёт», «Наврӯзи араб», «Наврӯзи раҳовӣ», «Наврӯзи Бузург», «Наврӯзи хурдак», «Наврӯзи Кайқубод» ва ғайра ба Наврӯз бахшида шудаанд ва олим ҳар кадоми онҳоро маънидод кардааст.
Қисми дуюми китоб ба таърих ва салоҳияти илмии кафедраи мусиқаи ДДБ, қисми сеюм ба устодон — омӯзгорони фанни мусиқии вилоят ва хидматҳои Абдурауфи Фитрат бахшида шудаанд.
Дар қисми чорум мақолаҳои таълимию услубии олими мусиқашинос ҷамъ омадаанд.
Хулоса, асари навбатии мусиқашиноси бухороӣ Файзулло Тӯраев бобати омӯхтани таърихи «Шашмақоми Бухоро» ва сарояндагони барҷастаи он, фидоиёни савту суруд, инчунин усули тадриси мусиқӣ барои мутахассисон ва дӯстдорони санъат туҳфаи арзандаест.

Амрулло АВЕЗОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик» 
дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: