МАПӮ ҶУЗ КӮЙИ ИШҚИ ЁР...

Яке аз номитарин шоирони муосири Ӯзбекистон – Сироҷиддин Саййид 30 октябри соли 1958 дар деҳаи Кундаҷувози ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё таваллуд шудааст.

Баъди хатми мактаби миёнаи зодгоҳ солҳои 1974-1979 донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии Тошканд (ҳоло Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон) буд. 
Маҷмӯаи аввалини ӯ соли 1985 дар нашриёти ба номи Ғафур Ғулом таҳти унвони «Руҳим харитаси» («Харитаи рӯҳи ман») чоп шуд. Минбаъд китобҳои зиёди шоир, аз ҷумла «Дар кафи харсангҳои сард», «Кишвари ишқ», «Меҳр боқист, муҳаббат боқист» (маҷмӯаи мақола ва эссеҳо), «Диёри босоҳиб», «Фасли дил», «Ватани гандумбӯ», «Шукуф, ай гул, ки аҳди бӯстон шуд» ва ғайра дар нашриётҳои гуногуни кишвар ба чоп расидаанд. 
Соли 2008 матбааи табъу нашри «Шарқ» мунтахаби осори шоирро дар ду ҷилд бо унвони «Сӯз йӯли» («Роҳи сухан») чоп кард. 
Сироҷиддин Саййид осори бисёр адибони хориҷӣ, аз ҷумла шоирони классик ва муосири форсу тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Ҷалолиддини Балхии Румӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Лоиқ Шералӣ ва дигаронро тарҷума кардааст.
Асарҳои ӯ ба забонҳои русӣ, украинӣ, белорусӣ, тоҷикӣ, қазоқӣ ва ғайра баргардонда шудаанд.
Шоири халқии Ӯзбекистон Сироҷиддин Саййид барандаи Ҷоизаи давлатии ҷумҳурӣ аст. Ҳоли ҳозир вазифаи раисии Иттифоқи нависандагони мамлакатро дар ӯҳда дорад.


Ғазалҳо 

Худиро аз худӣ ихроҷ мекун,
Адо кун хешро, тороҷ мекун.

Биҳишт андар қудуми модари туст,
Пайи пойи падар меъроҷ мекун.

Дар ин дунёи пурсавдову саргум,
Илоҷи роҳи ҳақ, минҳоҷ мекун.

Мапӯ ҷуз кӯйи ишқи ёр, оре
Ҷаҳонатро ба он муҳтоҷ мекун.

Дами худро пайи некӯвӣ бигзор,
Аз он ҳам тахт кун, ҳам тоҷ мекун.

Сияҳ шуд ин ҷаҳон аз ҷаҳл, онро 
Мунаввар кун, Сироҷо, оҷ мекун.

***

Бошад ҳамаро соғару паймонаи дигар,
Ҳам низ дигар кулбаву кошонаи дигар.

Май дигару ҷому қадаҳу коса дигаргун,
Ҳам майкадаи дигару майхонаи дигар.

Дар кӯйи дил ар ёру адӯ ҷамъ биёянд,
Меҳмон ҳама бо дӯсту бегонаи дигар.

Дар даҳр мусофир ҳама аз рӯзи азал, лек
Як раҳрави бо оби ҷудо, донаи дигар.

Ҷононаи худро ҳама бистудаму ӯ буд,
Тан дигару ҷон дигару ҷононаи дигар.

Бар ман макун аз булбулу гул қисса, ки акнун
Ҳам булбулу гулро бувад афсонаи дигар.

Бар кӯйи дилу ёр, Сироҷ, арчи давидем,
Буд ину варо хонаву ҳамхонаи дигар.


Рубоиҳо

Модар, зи ғаму ҳасрати танҳоии ту,
Гӯяд бари ман болиши дебоии ту.
Ҳастам чӣ писар, ки беш аз ман будаст,
Дар хидмати ту кафши сарипоии ту.

***

Хуш омадаӣ, баҳор, бар боғи дилам,
Бар боғ чӣ? Бар соҳати пурдоғи дилам.
Маъзурам аз он, ки булбулу фохтааш,
Имрӯз шуда бадил бар зоғи дилам.

***

Ай дил, ҳама дар аёну пинҳони туам,
Ҳамнолаву ҳамнавҳа, ҳамафғони туам.
Ту нестӣ дар ҷаҳони ман зиста, ман
Як сокини олами пурармони туам.

***

Дафтарҳоям, ки зарду каҳсон ҳастед,
Густурдаи ҷони ман – беҳин хон ҳастед.
Монанди хаёли модарам зору дижам,
Чун хотири ӯ паҳну парешон ҳастед.

***

Ай дил, ба саволу дар хитоби ту манам,
Дар доми ҳазор озу азоби ту манам.
Як умр давидам аз паят, то будам
Умре ҳама масруфи шитоби ту манам.

***

Қумридилу лафзу лаҳнбулбул, ай дӯст,
Як нима дилу ними дигар гул, ай дӯст.
Гӯям чу Муҳаммад1, зи дилам мегузарад,
Умри гулу булбул, қадаҳи мул, ай дӯст.

Тарҷумаи ПАЙМОН. 

1. Шоири зиндаёд Муҳаммад Юсуф дар назар аст.    
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: