ТОШКАНД БОЯД ДАР ТАМОМИ СОҲАҲО НАМУНА БОШАД

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 26 октябр ба ноҳияи Юнусободи шаҳри Тошканд ташриф оварда, бо лоиҳаҳои пешомадноке, ки дар ин ҷо татбиқ мегарданд, шинос шуд.

Мувофиқи маълумот оид ба иқтидори сармоявии шаҳри Тошканд дар солҳои 2018-2019 дар тӯли ду сол дар пойтахт татбиқи 417 лоиҳа ва дар асоси онҳо созмон додани беш аз 25 ҳазор ҷойҳои нави корӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз онҳо 264 лоиҳа дар соҳаи саноат, 153-тояш соҳаи хидматрасонӣ татбиқ мегарданд. Дар тӯли нӯҳ моҳи соли ҷорӣ бино бар ҷамъи лоиҳаҳо дар ҳаҷми 257,5 миллион доллар сармояи бевоситаи хориҷӣ аз худ карда шудааст.
Дар соли 2019 аз ҳисоби ҷалб намудани беш аз 1 миллиард доллар сармояҳои хориҷӣ ҷорӣ намудани 181 лоиҳа ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, дар ноҳияи Юнусобод 38 лоиҳаи сармоягузорӣ татбиқ карда хоҳад шуд.
Сарвари давлатамон таъкид кард, ки Тошканд имкониятҳои бузурги иқтисодӣ дорад ва бояд дар тамоми соҳаҳо намуна гардад. Ба кафолат, самарабахшии лоиҳаҳо таваҷҷӯҳ зоҳир намуд. Ба шахсони масъул бино бар васеъ гардондани ҷалби сармояҳои хориҷӣ, созмон додани корхонаҳои нав ва зиёд гардондани мадохилоти андоз супоришот дод.
Президент марҳалаи дуюми сохтмони хати Юнусободи метрополитени Тошкандро аз назар гузаронд.
Барои аҳолии шаҳри Тошканд шароити муносиб ба вуҷуд овардан, васеъ намудан ва боз ҳам ривоҷ додани хидмати метрополитен барои бо сифат намудани хидмати нақлиёт корҳои доманфарох ба амал татбиқ мегарданд.
Дар айни ҳол марҳалаи дуюми сохтмони хати Юнусободи метрополитени Тошканд бо авҷ идома дорад.
Президент Шавкат Мирзиёев 9 феврали соли ҷорӣ вақти боздид аз ноҳияи Юнусобод бо сохтмони метрополитен шинос гардида буд.
Роҳбари давлат дар ин ҷо корҳои бунёдкориро аз назар гузаронда, бо бинокорон суҳбат намуд.
Метрополитени Тошканд таърихи беш аз чилсола дорад. Метрополитен аз лиҳози мусофиркашонӣ муносиб ва аз нуқтаи назари бехатарӣ воситаи нақлиёти босамар ба шумор меравад.
Дарозии қитъаи метро, ки дар хати Юнусобод сохта мешавад, 2,9 километр буда, ба нақша гирифта шудааст, ки соли 2019 ба баҳрабардорӣ супурда шавад. Аз истгоҳҳои нави «Туркистон» ва «Юнусобод» иборат аст.
Масъалаи асосӣ дар кӯчаҳои Тошканд аз байн бурдани тирбандии нақлиёт мебошад. Дар ин бобат метро воситаи аз ҳама мувофиқ мебошад, гуфт Шавкат Мирзиёев. Корҳои бунёдкорӣ пас аз ин низ мунтазам идома хоҳад ёфт.
Дар айни ҳол дар ин истгоҳҳо ва кандани нақбҳои байни онҳо кор дар авҷ аст.
Барои ба тарзи сарпӯшида кофтани ин нақб аз Олмон маҷмӯи механиконидашудаи ширкати «Herrenknecht» оварда шудааст. Ин техникаи боҳашамат дар давоми моҳҳои май-сентябр ҷамъбандӣ гардид. Мутахассисони соҳа дар Олмон такмили малака намуданд. Аз ҷониби корхонаи трести воҳиди «Куприк қурилиш» барои истеҳсоли василаҳое, ки барои мустаҳкам намудани деворҳои нақб истифода мешаванд, сех ба кор даромад.
Ин маҷмӯа дар ҳар шабонарӯз 12 метрро кофта, барои гузоштани 8 ҳалқа муқтадир аст. Имрӯз барои 350  ҳалқа захираи василаҳои ногузир ба вуҷуд оварда шудааст.
Президент маҷмӯи мазкурро аз назар гузаронд. Ба мутасаддиён дар бобати намуд ва инфрасохтори истгоҳҳои метро тавсияҳо дод.
Дар бобати сохтани коммуникатсияҳои нақлиётӣ тараққиёти баъдинаи шаҳрро низ бояд ба ҳисоб гирифт ва зарурати барои ҳама қулай будани онро таъмин намудан таъкид гардид.
Роҳбари давлатамон ҳангоми ташриф ба маҳалҳо ба сифати зинаи ибтидоӣ ва муҳими тарбияи авлоди ҷавон ба масъалаҳои вусъат додани низоми таълими томактабӣ, мустаҳкам кардани пойгоҳи моддиву техникии боғчаҳо, бо педагогҳои моҳир таъмин намудани онҳо, ба мактаб хушсифат тайёр кардани бачаҳо эътибори алоҳида медиҳад.
Бино бар такмил додани низоми таълими томактабӣ дар ноҳияи Юнусободи шаҳри Тошканд низ корҳои васеъмиқёс амалӣ мегарданд.
Муассисаи таълими томактабии 74-уми ба номи «Севинч», ки дар маҳаллаи Боғишамоли ноҳия воқеъ гардидааст, ба маскани орзуҳои ҳақиқии бачаҳо табдил ёфт. Муассисаи таълими томактабии дар соли 1976 сохташуда соли ҷорӣ аз таъмири куллӣ бароварда шуда, дар арафаи ташрифи Президент ба истифода супурда шуд.
Муассисаи дорои 275 ҷой бо ҷиҳозҳои зебо ва шавқовари барои тарбияи бачаҳо зарур муҷаҳҳаз гардонда шудааст. Муассиса дар асоси технологияҳои инноватсионӣ ҷиҳозонида шуда, аввалин «боғчаи ақлнок»-и мамлакатамон ба ҳисоб меравад. Дар ин ҷо ба мақсади таъмин кардани бехатарии бачаҳо таҷҳизоти назораткунӣ, ба ҳар як хона домофон васл карда шудааст. Волидон тугмаи пайвасти гурӯҳи фарзандашро пахш намуда, хоҳиш мекунанд, ки фарзандашонро оранд. Аз намолавҳаи даромадгоҳи ба тариқи онлайн ба гурӯҳи худ ворид шудани бача, машғулоти ҳар як гурӯҳро назорат намудан мумкин.
Нишонҳои рангаи зина ва хонаҳо, расмҳои тафаккурӣ ба бачаҳо фарқи рангҳо ва шумурданро меомӯзонад. Бо хатҳои рангин, ки роҳ нишон медиҳад, хурдтаракон гурӯҳи худро меёбанд.
Дар хонаҳои машғулот мониторҳои дар асоси барномаи «Қадами аввал» офаридашуда, ки  барномаи таҷрибаву озмоишии мултимедиро фаро гирифтааст,  васл карда шудааст. Ба воситаи суратҳо, бозиҳои интерфаъоли ба соҳаҳои гуногун алоқаманди ба ин барнома ҷойгиркардашуда дониш ва малакаи бачаҳо ташаккул дода мешавад. Барномаи мазкур, ки дар асоси фармоиши Вазорати адлия дар ширкати «Sotol systems» офарида шудааст, дар шакли онлайн кор мекунад. Онро падару модарон низ ба телефони бесими худ гузаронда, бо он метавонанд дар хона ба воситаи телевизион бо фарзандонашон машғул шаванд.
Роҳбари давлатамон бо шароитҳои дар боғча фароҳам овардашуда шинос шуда, бо тарбиячиён суҳбат орост.
Барои мо маънавият, дониш ва сиҳатии бачаҳо аз масъалаҳои  муҳимтарин маҳсуб меёбанд. Аз ин рӯ аз ҷониби давлат ба таълими томактабӣ эътибори калон дода мешавад ва ин ҳоло оғози кор мебошад. Вазифаи шумо аз пайдо намудани шарораи истеъдоди ҳар як бача, тарбияи хуб додан ба онҳо иборат аст, гуфт Шавкат Мирзиёев.
Ба роҳбари давлатамон оид ба ҳолати муассисаҳои таълими томактабии шаҳри Тошканд ва лоиҳаҳои рушди онҳо маълумот дода шуд. Президентамон таклифҳои дар ин бобат изҳоргардидаро маъқул дониста, зарурати дар асоси шарикии давлативу хусусӣ бунёд намудани боғчаҳои нав, васеъ гардондани фарогирии бачаҳо ва дар оянда ба сад фоиз расондани онро таъкид кард.
Дар ин ҷо бо роҳбарияти Донишгоҳи Пучони Куриёи Ҷанубӣ ба воситаи алоқаи видеоконфронс мулоқот карда шуд.
Президентамон ба тарбиягирандагони боғча туҳфаҳо супурд.
Шавкат Мирзиёев бо лоиҳаи маркази замонавии соҳибкории «Business city – Юнусобод» шинос гардид.
Ба туфайли лоиҳаҳои бузурги бунёдкорӣ пойтахти мамлакатамон тағйир меёбад ва рӯз то рӯз зеботар мегардад. Мавзеъҳои нави истиқоматӣ, объектҳои соҳаи иҷтимоӣ ва инфрасохтори роҳ бунёд мегарданд, ки онҳо шаҳрро нафақат аз лиҳози меъморӣ ҷолиб месозанд, балки барои ҳаёти шинам, истироҳат ва тиҷорат табдил медиҳад.
Аз он ҷумла маркази соҳибкории байналхалқии «Tashkent sity» дар маркази шаҳр тасаввуроти моро дар бораи шаҳрсозӣ куллан тағйир дод. Иморатҳои баландошёнае, ки дар асоси технологияи замонавӣ ва стандартҳои меъморӣ бунёд мегарданд, имконият медиҳад, ки Тошканд ба тамоми ҷаҳон худро ҷилва диҳад.
Бо назардошти суръати имрӯзаи тараққиёт, дархости аҳолӣ барои ҳаёт дар шароити муносиб ва ҳамчунин ҷавобан ба тамоилҳои ҷаҳонӣ дар пойтахт чандин маркази замонавии соҳибкорӣ ба вуҷуд оварда мешавад.
Яке аз онҳо маҷмӯи «Business city – Юнусобод» мебошад, ки дар ҳудуди маҳаллаи Отчопар-2-и ноҳияи Юнусобод бино бар қарори роҳбари давлат «Дар бораи чорабиниҳо доир ба бунёди марказҳои замонавии соҳибкории «Business city» дар ҳудудҳои ҷумҳурӣ» аз 2 августи соли ҷорӣ ба вуҷуд оварда мешавад. Он аз маҷмӯаҳои истиқоматии бисёрошёна, коргоҳҳои тиҷоратӣ, марказҳои бисёрвазифа якҷоя бо муассисаҳои тиҷоративу шодкунанда ва меҳмонхонаҳо, боғу объектҳои иҷтимоӣ, муассисаҳои тиббиву солимгардонӣ иборат хоҳад гардид. 
Аз рӯи ҳисобу китоби пешакӣ, қимати лоиҳа 500 миллион долларро ташкил менамояд ва татбиқи он барои солҳои 2019-2023 муқаррар гаштааст.
Роҳбари давлат таъкид кард, ки зимни сохтмони маркази нави соҳибкорӣ релефи маҳал бояд ба инобат гирифта шавад ва таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ истифода гардад. Доир ба ҷалби сармоягузорони хориҷӣ ба сохтмон, лоиҳакашон ва бинокорони таҷрибанок супоришҳо дод.
Дар ҳамин ҷо тақдимоти пешниҳодот доир ба идораи иморатҳои серҳуҷраи ноҳияи Юнусобод ба вуқӯъ пайваст. Онҳо беҳтар намудани хидмати иморатҳои бисёрошёнаро бо роҳи ташкили ширкатҳои касбии хизматрасонӣ, мустаҳкамсозии пойгоҳи моддиву техникӣ ва таъмини суботнокии иқтисодиро пешбинӣ менамоянд.
Президент таъкид кард, ки низоми мазкурро дар ноҳия аллакай дар соли ҷорӣ бояд татбиқ намуд, ҳар як иморатро бо хидмати ширкатҳои хидматрасонӣ бояд фаро гирифт ва ба онҳо имтиёзҳо пешниҳод кард.
Бе истифода аз корҳои инноватсионӣ, илмӣ ва ташкилӣ дар маҷмӯа ин соҳа ба талаби вақт ҷавоб дода наметавонад. То замоне, ки хидматрасонии коммуналӣ ба корхонаҳои хусусӣ табдил намеёбанд, сифатнок буда наметавонанд. Агар сифат набошад, даромади мунтазами пардохт низ буда наметавонад. Корро дар ин бобат беҳтар намуда, ҳисобу китобро шаффоф гардонда, мо вазъиятро тағйир дода, одамонро қонеъ сохта метавонем, гуфт Шавкат Мирзиёев.
Президент бо фаъолияти фабрикаи қаннодии «Амилов» шинос гардид.
Корхонае, ки майдони 32 гектарро дар ҷойи корхонаи собиқи локу ранг ишғол намудааст, 5 октябри соли ҷорӣ ба кор андохта шуд. Барои корҳои сохтмону монтаж, хариди таҷҳизот қариб 80 миллион доллар харҷ гаштааст. Дар ин ҷо таҷҳизоти замонавии мамлакатҳои Олмон, Шветсария, Дания, Италия, Австрия ва Ҳуланд насб гаштааст. Қариб 850 нафар бо кор таъмин гаштааст.
Корхона қодир аст, ки соле қариб 50 ҳазор тонна маҳсулоти қаннодӣ истеҳсол намояд. Ҳоло ҳозир дар ин ҷо шоколад, қандолат, печене, вафли – ҳамагӣ 60 намуди маҳсулот истеҳсол мегардад.
Собиқ чунин маҳсулот асосан аз хориҷ оварда мешуд. Маҳсулоти қаннодии корхонаи «Амилов» ба туфайли арзонии худ аз ҳамин гуна маҳсулоти хориҷӣ ва сифати худ зуд харидорашро пайдо намуд. Дар натиҷа аз хориҷ харид намудани чунин маҳсулот ба мамлакатамон 40 фоиз кам гардид. Гузашта аз ин корхона азм дорад, ки соле ба миқдори 10 миллион доллар маҳсулот содир намояд.
Роҳбари  давлат оид ба васеъ намудани иқтидорҳои истеҳсолии корхона, афзудани миқдори чунин фабрикаҳо ва инкишоф додани рақобат дар соҳаи қаннодӣ, маҳаллисозии истеҳсолоти дигар намудҳои маҳсулоти воридшаванда супоришҳо дод.
Шавкат Мирзиёев дар Ӯзэкспомарказ бо иштироки ҳокимон, шахсони масъул ва роҳбарони секторҳои шаҳри Тошканд ва ноҳияи Юнусобод, раисони маҳаллаҳо ҷамъомад баргузор намуд.
Дар он чорабиниҳо доир ба руши иқтисодиёти ноҳияи Юнусобод, минбаъд беҳтар намудани вазъияти иҷтимоиву маънавӣ дар маҳаллаҳо, баланд бардоштани некӯаҳволии мардум мушаххас гардонда шуданд.
Ногузирии таҳияи «харитаҳои роҳ» доир ба ҳар яки 38 лоиҳаи банақшагирифташуда барои соли 2019 дар соҳаи саноат ва хизматрасонӣ, бо нишондоди дақиқи ташаббускорон ва манбаъҳои таъмини молиявӣ таъкид гардид.
Дар бобати ташкили иқтидорҳои нав дар пойгоҳи 332 объект ва қитъаҳои замини ғайриистифода, ки дар натиҷаи номнавис намудани таҷҳизот маълум гаштаанд, афзудани даромад ба буҷа ва даромади аҳолӣ супоришҳо дода шуд.
Вазифаҳо дар заминаи ҳалли мушкилоти муҳими иҷтимоӣ, беҳсозии нигоҳдорӣ ва хидмати коммуналии фонди иқомат, таҳияи омода намудани объектҳо ба мавсими тирамоҳу зимистон муайян карда шуданд.

Матназар ЭЛМУРОДОВ,
Зиёдулло ҶОНИБЕКОВ,
Умар АСРОРОВ,
хабарнигорони ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: