ГУРӮҲИ ТАРҒИБОТӢ ДАР ҲУЗУРИ ЧИНАКЧИЁН

Соли равон дар вилояти Сурхондарё 3 ҳазору 48 хоҷагии фермерӣ дар 78 ҳазору 500 гектар майдон ғӯзаи ба иқлими маҳаллӣ тобовар, зудпаз ва серҳосил парвариш намуда, ҳосили баланд рӯёнданд.

Имрӯзҳо баҳри ба рӯзҳои сарду сербориш намонда, дар муддати кӯтоҳ ғунучин намудани ҳосил корҳо босуръат давом мекунанд.
Имсол бинобар пардохтани музди хуб ба чинакчиён низ муносибати меҳнаткашони саҳро  ба ғунучин куллан дигаргун гашт. Ҳамчунин, аъзои гурӯҳи тарғиботӣ иборат аз депутатҳои шӯроҳои маҳаллӣ, оқсақолҳо, шоиру нависандагон ва санъаткорон дар саҳроҳои фермерон рафта, таҳти шиори «Монда набошед, пахтакорон!» тадбирҳои гуногуни маданию маърифатӣ ташкил менамоянд.
Яке аз ин гуна тадбирҳо дар ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Angor Surxon G`ururi»-и ноҳияи Ангор, ки бо усули кластер пахта парвариш менамояд, баргузор гардид.
Деҳқонони чашмикордон дар зиёда аз 5,5 ҳазор гектар майдони ҳосилнокиаш паст ва шӯрхок дар асоси таҷрибаи кишварҳои рушдёфта пахта парвариш намуда, аз соли аввал ҳосили баланд ба даст оварданд. Имрӯзҳо зиёда аз 10 ҳазор чинакчиён ҳосили пахтаи шукуфтаро ҷамъоварӣ менамоянд.
Аъзои гурӯҳи тарғиботӣ дар ҳузури пахтакорони шуъбае, ки ба он Панҷӣ Ҳасанов роҳбарӣ менамояд, шуда бо чинакчиён аз наздик суҳбат оростанд.
Узви Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон, шоир Исроил Шомиров намунаҳои нави эҷодиашро хонда дод. Дар тадбир ба як гурӯҳ чинакчиёни пешқадам китобҳо туҳфа карда шуд.
– Ҳоло дар саҳро ҳосил бисёр, – мегӯяд чинакчӣ Зилола Шарифова. – Зиёд шудани ҳақи чинак имкон  медиҳад пахта тез ва хушсифат чида шавад. Имрӯзҳо чинаки дуюмро оғоз намудаем. Ман ҳар рӯз бештар аз 100 килограмм пахта мечинам. Ин ба буҷаи оилавиамон даромади хуб ворид месозад. Аз ҷониби шоир И. Шомиров туҳфа  шудани китобаш «Мурғи дил», ки шеърҳои нави шоирро фаро гирифтааст, моро боз рӯҳбаланд намуд.
Аъзои гурӯҳи тарғиботӣ ба хоҷагиҳои фермерии ноҳияҳои Музработ ва Қизириқ рафта, дар саҳроҳои пахта низ ин гуна тадбирҳоро ташкил намуданд.
– Имрӯзҳо бо мақсади рӯҳбаланд сохтани пахтакорон дар маъракаи ғунучин дар ҷойҳо вохӯриҳои шавқовари адабӣ, тадбирҳои фарҳангӣ доир намуда, ба пешқадамон туҳфаҳо месупорем, – мегӯяд роҳбари шуъбаи вилоятии Маркази маънавият ва маърифати ҷумҳурӣ Ф. Шарипов. – Санъаткоронамон бо барномаҳои рангин  истироҳати бофароғати онҳоро таъмин  мекунанд.
Дар саҳроҳои пахтаи вилоят тадбирҳои маданию маърифатӣ, ки барои чинакчиён ташкил карда шудаанд, давом доранд.

Х. МАМАТРАЙИМОВ,
мухбири ӮзА.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: