БОЗДИДИ ШАХСОНИ МАШҲУРИ МАЛАЙЗИЯ АЗ ӮЗБЕКИСТОН

Барандаи машҳури телевизиони Малайзия, устоди мӯд, ташкилкунандаи интернет-канал оиди тарзи ҳаёти исломии DOРS TV, барномаҳои телевизионии Мizz Nina Show ва «Рӯҳи диндорон» Шазрина бинти Азман, ки таҳти тахаллуси Mizz Nina (Мизз Нина) машҳур мебошад, ҳамчунин шавҳари ӯ – сарояндаи номвари малайзиягӣ Нох Салех ба Ӯзбекистон омаданд.

Мизз Нина чӣ дар Малайзия ва чӣ берун аз он ҳамчун иҷрогари вокал низ ном баровардааст. Пештар вай бо овозхонҳои дар ҷаҳон машҳур дуэт хонда дар  MTV World Stage, Watsons Music Festival, Twin Towers Alive, Bella Awards, Arthur’s Day барин саҳнаҳои дунё баромад менамуд.
Дар айни ҳол ӯ иҷрогарони ягонаи мусиқии замонавии Малайзия мебошад, ки дар чартҳои америкоиву дунё мақоми баланд дорад.
Мизз Нина таассуроти худро аз Ӯзбекистон тавассути видеоролик, сурат ва постҳо дар нуқтаҳои иҷтимоӣ ифода намудааст. Маълум мешавад мероси маънавӣ, арзишҳои таърихию фарҳангии халқи мо ӯро ба ваҷд овардаанд. Хусусан, таассуроташ аз даргоҳҳои исломӣ – масҷид, мадраса, мақбараҳо, ки бо меъмории воло арзи ҳастӣ кардаанд, қобили таваҷҷӯҳ. Вай бо шавқи зиёд аз мероси бузурги гузаштагони халқи ӯзбек – Имом ал-Бухорӣ, Имом ат-Тирмизӣ, Насафӣ, ал-Мотрудӣ, Баҳоуддини Нақшбанд ва ғайраҳо нақл мекунад.
Баъди анҷоми сафараш ба Ӯзбекистон Мизз Нина дар ролики тасвирии худ қайд кардааст: «Аз ин қадар тез гузаштани чанд ҳафтае, ки ин ҷо будам, дар ҳайратам. Ӯзбекистон – ин дурдона, бояд мусулмонҳои дунё вақт ёфта, ба он сафар кунанд. Ин мамлакат таърихи беш аз ҳазорсолаи исломӣ дорад. Дар ин ҷо мадрасаи асри XV-ро, ки то ҳол фаъолият дорад, масҷидҳои обод, ҳатто нусхаи ҳақиқии дар дунё аз ҳама  қадимаи Қуръонро дида метавонед!»
Шахси машҳури малайзиягӣ қайд намуд, ки дар барномаҳои нави телевизионӣ тамошобинони телевизионро бо Ӯзбекистон шинос мекунад.

ОИ «Дунё».
КУАЛА-ЛУМПУР. 
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: