ДОНИШҶӮЁНИ ӮЗБЕКИСТОН АСОСҲОИ ДИНРО ДАР МАЛАЙЗИЯ МЕТАВОНАНД ОМӮЗАНД

Тавре ки пештар хабар дода будем, муфтии Иёлати Перлиси Малайзия Муҳд Асрӣ Бин Зайнул Обидин, ки бо мероси ғановатманди маънавии Ӯзбекистон, муқаддасгоҳҳои исломие, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ ҷойгир мебошанд шинос шуда буд, барои ба роҳ мондани имконияти зиёрати шаҳрвандони Малайзия ба он ҷойҳо, ба кишвари мо омад.

Баъди бозгашт ба ватанаш арбоби дин ба хабарнигори ОИ «Дунё» дар Куала-Лумпур гузориш дода, нуқтаи назари худро бино бар пешомади рушди табодули зиёрат-сайёҳии байни Ӯзбекистону Малайзия иброз дошт.
– Мехостам ба созмондиҳандагони сафари ман ба Ӯзбекистон миннатдорӣ баён намоям, – қайд кард ӯ. – Ҳангоми сафар дар кишвари шумо ҳайати мо имкон дошт бо иқтидорҳои бузурги соҳаи зиёрат-сайёҳӣ, ки дар Ӯзбекистон мавҷуданд, аз наздик ошно гардад. Муқаддасоти зиёди исломӣ шаҳодати аҳамияти махсуси Ӯзбекистон барои тамоми олами ислом мебошад. Зиёда аз ин олимон-муҳаддисоне чун Имом ал-Бухорӣ, Имом ат-Тирмизӣ, ал-Мотурудӣ, Баҳоуддини Нақшбанд ва дигарон дар байни аҳолии Малайзия низ хеле машҳур ва соҳибэҳтироманд.
Муфтии Иёлати Малайзия таассуроти худро иброз дошта, қайд намуд, ки ӯро мероси ғании маънавӣ ва таърихии Ӯзбекистон мафтун кардааст.
– Кишвари шумо ба ман таассуроти фаромӯшношуданӣ гузошт. Маданият ва самимияти мардуми Ӯзбекистон, кушодадилӣ ва меҳмоннавозии вай сазовори баҳои баланд мебошад. Фикр мекунам, Ӯзбекистон дар масъалаҳои ҳифзи эҳтиёткоронаи суннатҳои маънавӣ ва рушди исломи бомаърифат намунаи ибрат буда метавонад. Ман мусалмонони тамоми ҷаҳонро даъват менамоям, ки ҷумҳурии шуморо, албатта, зиёрат кунанд, – гуфт вай.
Сазовори зикр аст, ки сафар ба кишвари мо боиси қарори ҷудо кардани 30 гранти таълимии муфтии Малайзия ва ректори Коллеҷи Донишгоҳи исломии иёлати Перлис барои донишҷӯёни Ӯзбекистон гардид.
– Муътақидам, ки баъди хатм ин донишҷӯён дониши дар Малайзия ҳосилкардаашонро ба манфиати ватани худ нафақат дар соҳаи диншиносӣ, балки дар ҷанбаҳои иқтисодӣ, ҳуқуқшиносӣ ва, бешубҳа, дар соҳаи зиёрат-сайёҳӣ истифода хоҳанд бурд, – таъкид кард Муҳд Асрӣ Бин Зайнул Обидин.

ОИ «Дунё»,
КУАЛА-ЛУМПУР.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: