СОЛҲО ВА ТАҚДИРҲО

МЕРОСИ ПАДАР

Мо, ҳамсинфу ҳамдилон дер боз ният доштем, ки дар бораи дӯсти ҷонию ҷавонӣ, марди шарифу сарбаланди деҳаи Ӯрташайх, падари бузургвор, бобои дуогӯй Муҳаммад чизе иншо намоем. Аммо ӯ хоксорона «ҳоло фурсаташ нест» мегуфт. Ниҳоят дар шаҳри Тошканд дар мусобиқаи шоҳмот байни собиқадорон соҳиби ҷойи фахрӣ гардидани ӯро фаҳмида, оиди фаъолияти пурбаракоти ӯ маводе ҳозир намудем.
– Аввало ташаккур, – ноилоҷ арзи сипос намуд қаҳрамони мо, – хубтараш зиндагиномаи падари бузургворамро, ки мисли саллааш пурпечутоб буду ҳаёташ дарси зиндагӣ, панду таҷриба аст, рӯйи коғаз оваред, ки сабақи муфид хоҳад шуд.
Ва мо бо як тир ду нишон задем. Зеро раҳкушое чун дуои хайри некӯи падар нест.

САРБОЗИ МАРДИ МАЙДОН

Раҳматӣ Абдуллобобо ҳафт нафар фарзанд дошт – се писару чор  духтар. Саидмурод, Султонмурод ва Шодиқул аз субҳи содиқ то фурӯ рафтани офтоб бо қиблагоҳ дар саҳро бо деҳқонӣ машғул буданду «оҷиза»-ҳо дар атрофи модари муқаддас парвона. Сарвари оила барои маърифатпарвар гардидани ҷигаргӯшаҳояш онҳоро ба мактаби куҳна дод. Султонмурод бо зеҳни тез, ҳофизаи қавӣ ва шавқи беандоза ба дониш диққати домуллои мадрасаро ба худ мекашид.
– Ана ҳамин писаратон дигар хел, – ба қиблагоҳаш ситоиш менамуд устодаш, – ӯ аллакай чанд ғазал аз Хоҷа Ҳофизу Мирзо Бедил аз ёд карда, диққати ҳамсабақонро ба худ кашид.
Абдуллобобо боз аз он хурсанд буд, ки Султонмурод дар саҳро паҳлавонона каланд зада, қуввати дили ӯст. Вай ба балоғат расиду дар фабрикаи чойқадоқкунӣ фаъолияти меҳнатияшро оғоз намуд. Шояд қади шамшоду бозуи пурқувват ва саводи кофӣ доштанаш сабаб шуду ӯро барои хизмат ба қисми ҳарбии Русияи подшоҳӣ даъват намуданд. Сарбози самарқандӣ соли 1913 дар шаҳри Қазон ба хизмати ҳарбӣ пардохт. Баъди чанд муддат Ҷанги якуми ҷаҳон оғоз ёфт. Султонмурод дар набардҳои шадид мардонавор размида, борҳо бо аҷал рӯ ба рӯ шуд, аммо Худои меҳрубон дар паноҳаш нигоҳ дошт. 
Вай ҳатто шоҳиди асир гирифтани саркардаи гвардиячиёни сафед Александр Колчак шуд, ки ӯро пас аз инқилоб гвардиячиёни сурх дар ҷанги гражданӣ дастгир карда, ба болои аробаи қафасчӯб аз кӯчаҳои пойтахти Тотористон намоишкорона гузаронданд.
Соли 1917 Султонмурод Абдуллоев барои хизмати шоиста дар сафи армияи рус бо чанд ордену медалҳои императорӣ ба зодгоҳ баргашт. 

РАИСИ ҲАҚТАЛАБ
Ба адл ор рӯ, то ки одил шаванд,
Ҳама бо ту дар кор якдил шаванд.

Пас аз инқилоб аз халқи оддӣ, меҳнаткаш, вале саводнок роҳбари хоҷагӣ интихоб мекарданд, ки дар байни номзадҳо Султонмурод Абдуллоев низ буд. Вай бо дастгирии ҳозирон нахустин раиси хоҷагии ҷамоатии «Қизилобод»-и уезди Хоҷа Аҳрор таъин гардид. Сарвари нав бо адлу инсоф, хоксорию росткорӣ ба ҳурмати мардум соҳиб гашт. Рост гуфтаанд, ки «ҳар ҷо ки ҳабибест, он ҷо рақибест». Болои сӯхта намакоб будааст, ки босмачиён пайдо шуда нобаҳангом ҳуҷум оварда пешвоёни ҳукумати навро бераҳмона, намоишкорона ба қатл мерасонданд. Султонмуроди тақводор гоҳ дар масҷиди ҷомеъ, гоҳ болои бому дарахт паноҳ мебурд. Намозгузорӣ ва рӯзадории ӯ ба «калон»-ҳои давлати шӯравӣ низ намефорид, ки ӯро аз вазифа сабукдӯш карданд. Аз чунин ранг гирифтани масъала нотавонбинону душманони ӯ рӯҳи тоза гирифта, ба «боло» хат навишта «қулоқ», яъне бадарға кардани ӯро талаб намуданд. Далелу баҳона пеш овардаанд, ки гӯё раис аз вазифааш сӯиистеъмол намуда, чанд таноб токзори хоҷагиро худсарона соҳибӣ кардааст. Султонмурод Абдуллоев, ки саводи русӣ дошт, ба марказ, суди олӣ шикоят ирсол намуда, ҳақ будани худро исбот сохт.
Сипас ӯ дар вазифаҳои гуногун адои вазифа намуд. Соли 1941 Олмони фашистӣ аҳдшиканона ба хоки собиқ иттиҳоди шӯравӣ ҳуҷум кард. Султонмурод Абдуллоев яке аз аввалинҳо шуда ба дифои Ватан рафт. Ғалабаро дар Австрия пешвоз гирифт. Соли 1945 аз хизмати ҳарбӣ баргашта фаҳмид, ки тамоми аъзои оилааш аз бемории сироятнок вафот кардаанд. Вай ба зани бева, ки шавҳараш дар ҷанг шаҳид шудааст, хонадор шуд. Худо ба Султонмуродамак ва Сабоҳатхола чор нафар фарзандони солим дод.

ДУОИ ХАЙР
Духтари калонии оила Муборак шашсола ва писараш Муҳаммад панҷсола буд, ки падар назди худ таълим дода, ҳуруфи арабиро омӯзонд. Онҳо қабл аз ба мактаб рафтан «Ҳафтяк», «Чор китоб» ва ояту сураҳои Қуръони Каримро пурра хонда метавонистанд. 
Чархи гардун мегӯянд, ки замоне Султонмуродамак шеърҳои Хоҷа Ҳофизу Мирзо Бедил, шайх Саъдию Абдураҳмони Ҷомӣ, Алишер Навоию  Фурқатро аз ёд карда буд ва аз онҳо ба маврид истифода мебурд. Акнун аз эҷодиёти шоирони дӯстдоштаи худ фарзандонаш — ҷигаргӯшаҳои худро шинос месохтанд. Шояд аз ҳамин сабаб Мубораку Муҳаммад, Малоҳату Раҳима низ садҳо байт шеъру ғазалро аз ёд медонанд.
– Раҳматӣ падарам кони панду  назм буданд, – мегӯяд Муҳаммади Султонмурод.
ДАВОМИ УМР

Мӯйсафеди зарофатгӯй, маърифатпарвар Султонмуродбобо соли 1973 дар синни 80 чашм аз олами ҳастӣ пӯшид. 
Ягона писараш Муҳаммади Султонмурод ҳоло собиқадори таълими халқ аст. Зеро беш аз сӣ сол вай дар мактабҳои рақами 12, 16, 29-уми ноҳияи Самарқанд ба насли наврас аз фанни риёзӣ сабақ дод. Ҳамсари вафодораш Нуринисо Иброҳимова низ дар ноҳияи Самарқанд муаллима буд ва ҳозир гашти пирӣ меронад. Панҷ нафар фарзандон ворисони муносиби сулолаи Султонмуродовҳо ҳастанд. Қариб 15 нафар «мағзи бодом» бо ширинрафторӣ ва ширингуфторӣ ба бобоҷону бибиҷон олам-олам хурсандӣ меоваранд.

АЗ ШОҲМОТ – ДИЛ ОБОД

Муҳаммади Султонмурод айёми бачагӣ ба чойхонаи амакаш Саидмурод омада, ба «муҳорибаи шадид»-и рӯйи тахтаи шатранҷбозон дида дӯхта, ба ҳаракати мӯҳраҳо диққат менигаронд. Оҳиста-оҳиста ба ин бозии шавқовар дил баст. Аз куҷое китоби шоҳмоти Мамаҷон Муҳиддиновро ёфта, асрори донарониро омӯхт. Дере нагузашта дар чойхона «доди» калонсолонро дода, ҳарифонро дар ҳайрат мегузошт. Солҳои таҳсил дар мактаби рақами 16-ум ва айёми талабагӣ дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд дар мусобиқаҳои гуногун иштирок карда болодаст шудааст.
– Аксарият чемпионҳои ҷаҳон аз риёзӣ рисолаи докториро ҳимоя карда буданд, – мегӯяд номзади устоди варзиш Муҳаммади Султонмурод, – далели фикри ман Эммануэл Ласкер, Анатолий Карпов, Хоссе Раул Капабланка ва дигарон мебошанд. Ман беш аз шаст сол шатранҷ мебозам ва он ба дилам назадааст. Зеро бозӣ хеле шавқовар ва ҳар як партияи он нотакрор аст. Президентамон доир ба ёд гирифтан ва тарғиботи он қарори судбахш қабул намуданд, ки боиси хурсандист. 

ЛАҲЗАҲОИ ФАРАҲБАХШ

Дар рӯзҳои таҷлили иди касбии муаллимон хонадони зану шавҳар Муҳаммади Султонмурод ва Нуринисо Иброҳимова ба тӯйхона табдил меёбаду телефони дастии онҳо мусиқӣ менавозад. Зеро шогирдони бешумор, волидайни сипосгузори онҳо, ёру дӯстон, ҳамкасбу ҳамдилон ба табрику таҳният мешитобанд. Номзади фанҳои педагогӣ Умеда Темирова, сарвари ҳисобхонаи корхонаи муштараки «Оҳалик-ломанн-парранда» Абдувосеъ Халилов, директори мактаби рақами 16-ум Маъруфҷон Камолов ва инчунин соҳибони касбҳои гуногун Анвар Бозоров, Марғуба Исматова, Наргиза Ҷалолова, Ҷамшед Холов, Равшан Самадов, Абдурашид Аҳмадов ва садҳо дигарон шогирдони Муҳаммади Султонмурод ҳастанд.
Инчунин ворисони муносиби Нуринисо Иброҳимова бешумор аст. Аз ҳама муҳимаш писарон Илҳомҷону Мақсудҷон, гулдухтарон Дилфуза, Диловар, Мадинабону, набераҳо, арӯсу домодҳо маслиҳатгарони беҳамто, гули сари сабади сулола – Муҳаммадбобо ва бибиҷони дуогӯй Нуринисохоларо иззату икром менамоянд.
Аҷаб тақдир, мо ҳар гоҳ меҳмони хонадони онҳо шавем, шоҳиди қироати сарвари оила, ё ки дарс гузаштани онҳо ба набераҳо мешавем.
– Ин амали нек мерос аз падар аст, – бо ҳисси шодмонӣ мегӯяд қаҳрамони лавҳаи мо Муҳаммади Султонмурод, – охир шоир фармудааст:
Субҳи уммедам ба ёди рӯятон сар мекунам,
Ҳар сухан, ҳар пандатон шаҳбайти дафтар мекунам.
Саҷда меорам ба рӯҳи покатон, додои ҷон,
Гаҳ зи оби дида мадфангоҳатон тар мекунам.

Аҳмадҷон СОЛЕЕВ,
доктори фанҳои физика-математика,
профессор.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: