БАРОИ «ОИЛА» — БИНОИ НАВ

Дар шаҳри Самарқанд бинои нави садорати Маркази илмиву амалии тадқиқотии «Оила» кушода шуд.

Дар асоси Фармони Президенти мамлакатамон аз 2-юми феврали соли 2018 «Дар бораи чораҳои куллан такмил додани кор дар соҳаи дастгирии занон ва мустаҳкам кардани идораи оила» дар назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон Маркази ҷумҳуриявии илмиву амалии «Оила» ва шуъбаҳои ҳудудии он ташкил гардид. 
Иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилоят Э.Турдимов, ҷонишини ҳоким ва раиси кумитаи занону духтарони вилоят Ҳ.Шодиева, директори маркази ҷумҳуриявӣ Д.Тошмуҳаммадова ва собиқадори меҳнат Д.Носирова оид ба сохтори марказ, пойгоҳи моддиву техникии он, нақши марказ дар ҳалли муаммоҳои оилавӣ, таҳкими муносибатҳои зану шавҳар, хушдоману арӯс, хешовандони наздик ва ғайра ҳарф заданд.
Сипас, иштирокдорон бо шароитҳои бинои нави дуошёнаи замонавии марказ шинос шуданд.
Дар шуъбаи вилоятии марказ 7 нафар, дар 2 бахши шаҳрӣ ва 14 бахши ноҳиявӣ бошад, 33 нафар меҳнат мекунанд. 
Дар курсҳои омӯзиши марказ 26 нафар роҳбару мутахассиси шуъба, 195 нафар мутахассис доир ба кор бо занону духтарон ва мустаҳкамсозии қадриятҳои маънавиву ахлоқӣ дар ҷамъомадҳои шаҳрвандони маҳаллаҳо машғулотҳо мегузаронанд.
Дар ҳамкорӣ бо шуъбаҳои сабти ҳолатҳои шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳо барои 269 нафар ҷавононе, ки оила бунёд мекунанд, курсҳои таҳсили 16-соатаи «Мактаби оила» ба роҳ монда шуданд. 
Дар озмун-азназаргузаронии «Оилаи намунавӣ» қариб 300 оила иштирок кард. Ҳуҷҷатҳои 16 оила барои иштирок ба зинаи вилоятии озмун тақдим гардид.
Дар назди бунгоҳҳои тиббии деҳот, поликлиникаҳои оилавӣ, иттиҳодияҳои тиббӣ 168 «Маслиҳатхонаи занону духтарон» ташкил ёфтаанд. Дар онҳо корҳои мустаҳкамсозии саломатии репродуктивии занҳо роҳандозӣ шудааст.

БАРАНДАИ МУКОФОТИ «НОБЕЛ»
Дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд бо профессори Донишгоҳи Каролинаи Шимолии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, доктори фанҳои биокимиё ва биофизика, соҳиби мукофоти «Нобел» (соли 2015) Азиз Санҷар вохӯрӣ барпо шуд.


Дар чорабиние, ки олимон ва тадқиқотчиёни ҷавони донишгоҳ иштирок карданд, оид ба масъалаҳои инкишофи илму фан, лоиҳа ва ғояҳои фундаменталӣ, дастгирии тадқиқотчиёни ҷавон ҳарф заданд. 
Олими машҳур Азиз Санҷар таъкид кард, ки ӯ барои сӯйи ғояҳои нав раҳсипор намудани ҷавонони  ташнаи илм омадааст. Вай қайд кард, ки давлат бе илму фан рақобатпазир буда наметавонад. Ба фанҳои дақиқ ва табиӣ бештар бояд эътибор дод. Дар Амрико ва Аврупо, ҳатто дар бораи Абурайҳон Берунӣ, Ибни Сино, Аҳмад Фарғонӣ, Мирзо Улуғбек, Алӣ Қушчӣ барин олимоне, ки ба тамаддуни дунё ҳиссаи бузург гузоштаанд, маълумоти комил  надоранд. Олим дар ин бора чандин пешниҳоди худро баён кард. 

З. ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: