ҶАЗО

(Порча аз роман)

Бевақт шуду Ҷасур ба хонааш барнагашт. Ҳамсараш Зулола хавотир кашида, чанд бор ба «мобил»-аш сим зад. «Куштагӣ». Бо ҳоли пареш ба духтараш Дилфуза, ки бо оилааш дар маҳаллаи ҳамсоя зиндагӣ дорад, телефон кард.
– Модарҷон, кори додома медонед. Бори аввал не-ку.
– Ҳамин тавр, лекин дилам ғаш. Телефонашон намегирад. Ба Райҳон телефон кардам, беморхона тинҷ-мӣ, гуфта.
– Парешон нашавед. Додома дидам.
– Дар куҷо?
Дилфуза саросема шуда монд. «Чӣ гӯям?»
– Духтарам, маро мешунавӣ?
– Дар кӯча, – худро ба даст гирифт Дилфуза. – Мошинро боздошта: «Бевақт баргардам даркор, бемори вазнин ҳаст» гуфтанд. Омада мемонанд, оча.
***
Зану шавҳар рӯбарӯ нишастаанд. Дар пушти тиреза торикӣ доман густурдааст, хона равшан.
– Палав пухта будам, кашида оям, – гӯён Зулола аз ҷой хест.
– Лозим нест, шикамам сер.
Бо чеҳраи кушод ва хаёле табассумомез гуфт инро Ҷасур, вале пай бурдан душвор набуд, ки вай ба андешаҳои тира ғӯтавар. Зулола аз ин хавотирӣ ҳис кард ва худро таскин дод, шояд ҳамааш бинобар вазнинии кор.
– Шанбе ҳам кор бисёр шуда рафт?
– Дар кори мо шанбе-якшанбе нест-ку, занак.
– Райҳон телефонӣ гуфт, ки нафареро бо ҷароҳати вазнин оварданд, ҳама бо вай банд. Корд задаанд.
Ҷасур бо ифодаи «ҳа» сар ҷунбонд.
– Ба безориҳо дучор омадааст? Кордзада... аниқ?
– Кордзада безорӣ не. Вай он бачае, ки... хонаамон омад. Сардор.
– Сардор? – ҳаяҷономез пурсид Зулола.
– Ҷабрдидаро нашинохтам. Тафтиш сар шудааст.
– Он бача...
Воқеаи чанд соат пештар рӯйдода пеши назари Зулола зинда гашт.
Занги дарвоза садо доду вай баромада онро кушод. Ҷавони ҳаждаҳ-бистсолае парешонҳол рост меистод.
– Ассалом-алайкум. Узр, апаҷон. Ҷасурака дар хонаанд?
– Ҳа.
– Мумкин бошад...
– Дароед.
– Раҳмат. Саросема будам. Ба телефонашон наафтодам. Сардор омадааст, мегуфтед илоҷаш бошад. Маро мешиносанд.
Зулола домани хаёл ғундошт ва аз паҳлӯи шавҳараш ҷой гирифт:
– Ҷӯинавӣ мегӯед? Бачаи кӣ? Музтариб метофт. Фикр кардаам, бемор дорад. Бо кӣ ҷанг кардааст? Корд зада... пеши шумо давидааст? Чӣ гуфта омадааст? Э, дуртар намегардед аз фалокат?!
Ҷасур китфи завҷаашро нарм молид ва:
– Сардор бачаи ту фикркарда не, – гуфт мулоҳизанок.
– Фалокати аз таги по хеста ба чунин ҳол афтондааст бечораро. Аз нохушие, ки ногаҳ рӯй дод, ҳанӯз ба худ наомадааст. Чӣ кор кардани худ надониста, бачаи сарсон, омадааст, ки маслиҳат пурсад.
Ҷасур чунин гуфт ва чӣ сон изтиробзада дами дарвоза рост истодани Сардорро ёд овард.
«Тинҷӣ аст?»
«Ман ҷанг кардам, додо. Корд задам».
«Корд задам? Киро?»
«Мурд ё зинда намедонам. Ба «ёрии таъҷилӣ» занг задам. Ба милитсия ҳам. Сонӣ ба ин сӯ рондам мошинро».
«Худро даст гир, бачам. Ором бош. Лекин, чаро ҷанг кардӣ? Вай кист?»
«Намешиносам. Ба модарам... хирагӣ мекард. Дар кӯча. Сонӣ ҳарду ба мошин нишастанд. Ба мошини он расво!
«Эй, Худо!..»
Ба воқеият баргашта:
– Ҳеҷ кас надорад, бечора, – даҳон кушод Ҷасур.
– Ятим аст? – ҳолати Зулола тағйир меёфт.
– Бачаи кӣ гуфтам, ҷавоб надодед.
Бидуни ихтиёр:
– Бачаи ман, – «иқрор» шуд Ҷасур.
– Чӣ? – Зулола якқад парид.
– Сахт монда шудаам, Зулол. Чашмони Ҷасур худ аз худ пӯшида мешуданд. – Дам гирам, гуфта будам. Пагоҳ фаҳмонам мешавад?
Зулола овоз баланд кард:
– Бачаи ман... гуфтед-мӣ? Эй, ба ман нигаред!
Ҷасур чашм кушод ва:
– Тарсидӣ-а? – гуфт табассумомез, – Сардор – писархондам. Додо-бачагиамонро пагоҳ фаҳмонам намешавад?
– Хезед, дароз кашед, – гуфт бедимоғ Зулола.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: