НАМОИШИ МАҲСУЛОТУ ХИДМАТИ ЭНЕРГЕТИКӢ ВА СОХТМОН

Дирӯз дар Маҷмӯи намоишгоҳи «Ӯзэкспомарказ»-и пойтахт намоишгоҳҳои байналхалқии «Энергетика, манбаъҳои азнавкоркарди энергетикӣ ва самараву сарфаи энергия, электротехника, равшанӣ – UzEnergyExpo – 2018» ва «Таҷҳизотҳои сохтмон ва коркард, низомҳои гармӣ ва ҳавотозакунӣ, таъминоти об, обсофкунӣ, сантехника – UzStroyExpo – 2018» кори худро анҷом доданд.

Дар намоишгоҳҳои байналхалқие, ки аз ҷониби Ширкати намоишгоҳҳои ҶММ «International Expo Group» ташкил карда шудаанд, баробари ширкату корхонаҳои маҳаллӣ беш аз 170 намояндагони ширкатҳои Озарбойҷон, Беларус, Юнон, Дания, Қазоқистон, Чин, Русия, Туркия, Қирғизистон, умуман аз 14 давлати ҷаҳон бо маҳсулоти истеҳсоли худ ширкат ҷустанд. 
Боиси қайд аст, ки дар мамлакатамон баробари соҳаҳои дигар энергетика ва сохтмон низ босуръат инкишоф меёбад, дар соҳа ислоҳоти васеъмиқёс амалӣ мешаванд. Аз ҷумла, бобати боз ҳам ривоҷ додани соҳаҳои мазкур, ҷалби сармояҳои хориҷӣ ва татбиқ намудани лоиҳаҳои инноватсионӣ ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ қабул мегарданд.  
Баргузории намоишгоҳҳои мазкур, ки ҳар сол бо ташаббуси вазоратҳои сохтмон, хидмати коммуналиву манзилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва ҷамъиятҳои саҳҳомии «Ӯзбекэнерго», «Ӯзбекгидроэнерго», «Ӯзқурилишматериаллари» амалӣ мешаванд, ба ҳукми анъана даромадааст. Аз ин рӯ, ин намоишгоҳҳо, агар барои баъзе ширкату ташкилоти маҳалливу хориҷӣ шинос бошад, баъзеи дигар дар онҳо бори нахуст иштирок мекунанд. Эътибори мутахассисони соҳа, корхонаву ташкилотҳои маҳалливу хориҷӣ ба он сол аз сол меафзояд. Дар намоишгоҳи байналхалқии «UzEnergyExpo», ки намоишгоҳи бузурги энергетикаи мамлакат маҳсуб меёбад, аз ҷониби ширкату ҷамъиятҳои масъулияташон маҳдуди маҳаллӣ ва хориҷӣ таҷҳизотҳои тақсимкунӣ ва трансфортматорҳо, релеи муҳофизат ва автоматика, лавозимоти электротехникӣ, электрӣ, ченакҳои назоратӣ, маҳсулоти ноқилӣ ва равшанӣ, генератор ва ғайра ба намоиш гузошта шуданд. 
– Корхонаи муштараки мо аз соли 2012 инҷониб фаъолият дорад. Алҳол аз ҷониби корхона беш аз 2 ҳазору 500 намуди ноқилҳо истеҳсол мешаванд. Соли ҷорӣ истеҳсоли сип-ноқилҳоро ба роҳ мондем ва истеҳсоли ноқилҳои ба сӯхтор тобовар ва дорои пӯшишҳои мустаҳкамро оғоз намудем,– мегӯяд роҳбари шуъбаи савдои корхонаи муштараки ӯзбекистониву бритониёӣ ҶММ «ProCab» Рустам Абдураҳмонов. – Алъон маҳсулоти худро ба Туркия, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Украина ва Белорус содир менамоем.   
Бахшҳои «Таҷҳизот ва маводи сохтмон, орои намои иморат», «Лавозимоти саноатӣ ва маишӣ барои сохтори гармӣ, таъминоти об, сантехника, сифат ва ҳавотозакунӣ»-и намоишгоҳи VIII байналхалқии «UzStroyExpo» барои иштирокдорон ва мутахассисони соҳа манзур гардиданд. Дар ин бахшҳо беш аз 50 ширкат ва ҷамъиятҳои масъулияташон маҳдуди маҳаллӣ ва хориҷӣ бо технологияҳои нави замонавӣ иштирок карданд. Ҳамчунин, дар намоишгоҳи мазкур ширкатҳои ба лоиҳасозии иншооти манзилҳои зист ва тиҷорат, сохтмон, таъмир ва таҷдид ихтисосонидашуда, корхонаҳои истеҳсолкунандаи масолеҳи изолятсия маҳсулот ва хидмати худро намоиш доданд. Дар доираи ин намоишгоҳҳо бинобар рушди тиҷорат семинар ва тақдимоти ширкатҳо низ баргузор шуданд. 

М. МИРМАҲМАДОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: