ПРЕЗИДЕНТҲОИ ӮЗБЕКИСТОН ВА ҚАЗОҚИСТОН БА ЯКДИГАР НОМАҲОИ ТАБРИКӢ ИРСОЛ КАРДАНД

31 октябр Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба муносибати санаи хотирмони таърихи муносибатҳои дуҷониба – 20-умин солгарди ба имзо расидани Шартномаи дӯстии абадии байни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон ба якдигар номаҳои табрикӣ ирсол намуданд.

Роҳбари давлати мо дар номаи табрикии худ халқи бародари Қазоқистонро самимона муборакбод намуда, қайд кард, ки ин ҳуҷҷати муҳим халалнопазирии робитаҳои бисёрасринаи дӯстӣ, бародарӣ ва некҳамсоягии байни ду мамлакат ва халқро, ки онҳоро таърих, мероси маънавӣ ва мадании умумӣ мепайванданд, мустаҳкам кард.
Таъкид шуд, ки ба имзо расидани Шартномаи шарикии стратегӣ ва Баённомаи муштарак дар бораи амиқсозии минбаъдаи шарикии стратегӣ ва таҳкими ҳамсоягии нек дар рушди муттасили ҳамкориҳои тарафайн давраи нав гардид.
Дар соли равон баргузор шудани чорабиниҳои маданиву инсонпарварӣ ва тиҷоратӣ дар доираи Соли Ӯзбекистон дар Қазоқистон мисоли равшани қаробати мардумони кишварҳои мо ба шумор меравад.
Бо қаноатмандӣ қайд гардид, ки кишварҳои мо ҷонибдори таҳкими муҳити эътимод, шаффофият ва дастгирии тарафайн, таъмин кардани сулҳу субот ва рушди устувор дар Осиёи Марказӣ мебошанд.
Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар муборакбодии худ ба муносибати 20-умин солгарди Шартномаи дӯстии абадӣ табрикоти  самимӣ ва орзуҳои гарму ҷӯшони худро иброз доштааст.
Махсус таъкид гардид, ки Шартнома аҳволи кунуниро муайян кард ва дар рушди муносибатҳои дуҷониба, таҳкими ҳамкории тарафайн дар сатҳи байналхалқӣ саҳми назаррас гузошт, асоси шарикии воқеии стратегии Қазоқистон ва Ӯзбекистон гардид, ки ба эътимод ва дӯстии тарафайн такя мекунад.
Таъкид шуд, ки алҳол ҳар ду мамлакат, бо такя ба суннатҳои абадӣ ва иқтидори муттасил ҳамкориҳои дуҷонибаро ба дараҷаи нав бардоштанд ва кори ташаккул додани асосҳои мустаҳкамро, ки ба муттаҳид намудани ҳамкориҳои фарогир дар минтақа нигаронида шудаанд, идома медиҳанд.
Изҳор гардид, ки фаъолияти муштарак ва дӯстии мо, ки ба ҳамкории байни кишварҳоямон такони махсус мебахшад, минбаъд низ ба манфиати халқҳои мо муттасил инкишоф хоҳад ёфт.
Ба муносибати санаи хотирмон Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон ба якдигар сулҳу осоиш ва пешрафту шукуфоӣ орзу намуданд.
ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: