Ду хабар аз вилояти Ҷиззах

ДАР ҲУЗУРИ ПАХТАКОРОН

Кишоварзони вилояти Ҷиззах дар 83 ҳазор гектар пахта мерӯёнанд. Ҳоло ҳашарчиён аз вилоятҳои гуногуни ҷумҳурӣ дар саҳро сидқидилона меҳнат мекунанд. Инак, ба туфайли заҳмати якҷояи онҳо бо пахтакорон хирмани бошукӯҳ бунёд меёбад.
Шоиру нависандагон, ҳунарпешагон мунтазам ба ҳузури чинакчиён рафта, ба онҳо руҳан мадад мерасонанд. Чунончӣ, ба қарибӣ роҳбари шуъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон Меҳрубон Абдураҳмонова дар ноҳияи Пахтакор бо як гурӯҳ чинакчиёни пешқадам вохӯрда, ба онҳо китобҳои тозанашр туҳфа намуд. Шеърҳои дар васфи пахтакорон эҷоднамудаи худро дар ҳузури онҳо қироат кард.
– Ман аз вилояти Навоӣ омадам, – мегӯяд Сарвиноз Бобомуродова. – Ҳар рӯз сад килоӣ пахта чида ба хирман мерезам. 
Бекзод Бозоров бошад аз вилояти Самарқанд омадааст. Онҳо изҳор доштанд, ки ингуна китобҳо барояшон туҳфаи хуб аст. Ходимони Бонки миллӣ низ ба беҳтарин чинакчиён туҳфаҳо супурданд, ки аз молҳои маишии рӯзгор иборат аст.

 СУПОРИШОТ ИҶРО ШУД

Хоҷагии фермерии «Ардашер – Сӯҳроб»-и ноҳияи Зафаробод аз аввалинҳо шуда реҷаи давлатии пахтасупориро ба иҷро расонд. Кишоварзони хоҷагӣ ба хирман 20 тонна ҳосили «тиллои сафед» рехта, ҳосилнокиро аз ҳар як гектар ба сиву се сентнерӣ расонданд.
– Бо чинаки дуюм ҳосилнокиро ба чил сентнерӣ расониданием, – мегӯяд сарвари хоҷагии мазкур Ширинмурод Умиров. – Ба ҳашарчиён шароити хубу мусоид муҳайё намудем. Зеро онҳо аз роҳи дур омада ба мо кӯмак мерасонанд.

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: