ИМКОНИЯТҲОИ ИСТИФОДАИ САРФАКОРОНА АЗ НЕРӮИ БАРҚ ВА САМАРАИ ОН

Маълум аст, ки аҳолии ҷумҳуриамонро бо нерӯи барқ асосан истгоҳҳои гидроэлектрӣ ва гармӣ таъмин менамоянд, аммо аз ҳеч кас пӯшида нест, ки дар соҳа норасоиҳои зиёд мавҷуданд.

Мутахассисони Инспексияи давлатӣ оид ба назорати нерӯи электрии ҷумҳурӣ – «Ӯздавэнергоназорат» дар ҳамкорӣ бо олимону профессорони Донишгоҳи технологияи ахбори Тошканд ба номи Ал-Хоразмӣ ва Донишкадаи энергетика ва автоматика сабабҳои торафт зиёд гардидани кори номураттаби хати барқро муайян карданд, ки он аз носозии асбобу ускуна ва иншооти техникӣ бармеояд.
«Ӯздавэнергоназорат» дар асоси Низоми Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 1 марти соли 2004 фаъолият мебарад. Вазифаи асосии инспексия ҳамчун муассисаи давлатӣ ба роҳ мондани назорати истеҳсоли қувваи электрӣ ва гармӣ, расонда додан ва истеъмоли он, риоя кардан ба қоида ва меъёрҳои истифодаи ангишт ва таъмин намудани бехатарии соҳа мебошад. 
Дар давоми 9 моҳи гузаштаи соли ҷорӣ дар 105 иншооти ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзбекэнерго»чорабинии назоратӣ гузаронида шуда, 2925-то ҳолати қонуншиканӣ қайд гардид ва барои бартараф намудани онҳо чораҳо андешида шуданд. Дар ҷараёни кор 52 ҳолати ба ҳаёти инсон хатарнок муайян гардид ва дар натиҷа кор боздошта шуд. Шартномаи меҳнатӣ бо ходимоне, ки ба бехатарии техникӣ риоя накарданд, бекор гардид. 
Инспексия бобати истифодаи сарфакоронаи қувваи барқ дар байни аҳолӣ ва ВАО корҳои тарғиботӣ низ мебарад.
Дар натиҷаи омӯзиши ихтисосӣ муайян гашт, ки ҳар як оила метавонад дар давоми як сол бо усулҳои зерин то 400-500 кВт. соат қувваи электриро сарфа кунад:
дар мавриди истифода набурдан аз манбаи электрӣ ҷудо кардани асбобу ускунаҳои электрӣ, аз ҷумла, мошини ҷомашӯӣ, компутер, қувватафзо ва ғайра;
иваз кардани фурӯзонакҳои оддӣ ба фурӯзонакҳои диодӣ;
зуд-зуд тоза кардани филтр ва халтачаи чангкашак;
ба миқдори зарурӣ об андохтан ба чойнаки электрӣ;
аз плита ва тиреза дур ҷойгир кардани яхдон;
бо дару тирезаҳои баста истифода бурдан аз кондитсионер;
бо сарборӣ истифода набурдани мошини ҷомашӯӣ, ки ин ба бештар сарф шудани барқ сабаб мегардад.
Албатта, ин шояд нишондиҳандаи чандин азим нест, вале агар ҳар як оилаи кишвар истифодаи қувваи электриро ба ин андоза кам кунад, соле дар миқёси мамлакат 1,8 млрд. кВт. соат электр сарфа мегардад, ки ин ба масрафи солонаи аҳолии вилояти Сирдарё ё Ҷиззах баробар аст.
Муаммои таъминоти нерӯи барқ мушкилоти ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Кишварҳои рушдёфта мисли Олмон, Ҷопон ё Кореяи Ҷанубӣ  ба истеҳсоли қувваи электрӣ не, балки ба  истифодаи сарфакоронаи он эътибори ҷиддӣ медиҳанд. Назар ба маълумоти Оҷонсии энергетикаи байналхалқӣ ҳоло 1,3 млрд. аҳолии ҷаҳон бо қувваи барқ таъмин нест, 2,6 млрд. аҳолӣ бошад, дар тайёр кардани хӯрок аз ҳезум, ангишт ва дигар намудҳои сӯзишворӣ истифода мебаранд.
Пӯшида нест, ки захираҳои табиӣ, аз ҷумла захираи қувваи барқ низ маҳдуд аст ва талаб ба он рӯз аз рӯз меафзояд. Ин нишондиҳандаҳо тақозо менамоянд, ки мо бояд аз манбаъҳои электрӣ ҳамеша сарфакорона ва пурсамар истифода барем.

Набия НОДИРОВА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: