БЕ АЗМИ ДУРУСТУ САЪЙИ КОМИЛ...

Вақте ки Мухтор аз ҷаласаи пагоҳирӯзӣ баромад, дар назди дари утоқи кориаш аллакай як гурӯҳ зану мард бесаброна роҳи вайро мепоиданд.

Шояд баъзеҳо аз дарди шадиду тоқатфарсои дандон дуруст хоб нарафта буданд, ки баробари дидани ӯ хушҳолона оҳи сабук кашиданд. 
Мухтор аввал ба ҳар як бемор синчакорона назар дӯхт. Донистан мехост, ки оё дар байни онҳо нафаре ҳаст, ки ба ёрии таъҷилии вай ниёз дорад.
– Агар шумо иҷоза диҳед, ана ин одами калонсолро  бенавбат қабул кунам, – гуфт ӯ ба ҷамъи беморон рӯй оварда.
– Албатта, аввал ин касро қабул кунед, мо боз каме мунтазир шавем, боке нест,– гуфт ҷавони нисбат ба дигарон барвақтомада.
– Илоҳо, ман барин соҳиби фарзандони солеҳ шавӣ, додарам. Яздони пок ҳамеша туро дар паноҳаш нигоҳ дорад,– изҳори сипос кард он мард.
***  
Мухтор Аҳмадбеков соли 1977 мактаби миёнаи ба номи Абулқосим Лоҳутиро хатм намуд. Вай орзу мекард, ки  дар факултаи стоматологии Донишкадаи тиббии Тошканд таҳсилро давом диҳад ва духтури дандон шавад. Аммо соли аввал бахташ натофту аз имтиҳони дохилшавӣ «чаппа шуд». Ба яке аз бригадаҳои сохтмон ба кор даромад. 
Рӯзе сардори бригада барояш хабар дод, ки аз комиссариати ҳарбӣ даъватнома омадааст. Мухтор  ба хизмати аскарӣ даъват шуд. Ду соли хизмат паси сар гардид ва боз ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи стоматологӣ супурд. Бо вуҷуди талошҳои зиёд боз натавонист шомили донишкада шавад.
– Ду сол ба сифати коргари оддӣ кор кардам ва ниҳоят соли панҷум бахтам хандиду донишҷӯ  шудам. Шароити оилавиамон чандон хуб набуд. Падари шодравонам ронанда шуда кор мекарданд ва хӯрондану пӯшондани ҳашт фарзандро бар ӯҳда доштанд. Пули зиёдатӣ набуд, ки ба  ман фиристанд,– он солҳоро ба ёд оварда гуфт Мухтор Аҳмадбеков.
Ба гуфтаи ҳамсуҳбатам  дар он солҳо барои як ҷавони деҳотӣ дар як вақт ҳам кору ҳам   таҳсил кардан кори  осон набуд. Аммо чӣ кунад, ки шароит ҳаминро тақозо мекард ва ғайр аз кор кардану музде ба даст овардан чораи дигар надошт. Бо стипендия як тарафи зиндагиашро пеш мекашид. Ҳусайн Воизи Кошифӣ беҳуда дар «Ахлоқи Мӯҳсинӣ» нанавиштааст:
Бе азми дурусту саъйи комил,
Касро нашавад мурод ҳосил.
Барои ҳамин ҷидду ҷаҳд кард, ки соҳиби диплом шуда, ба назди падару модараш бармегардад. 
Мухтор Аҳмадбеков солҳои 2005-2011 духтурии бунгоҳи тиббии деҳаи Ҳушёрро ба ӯҳда дошт. Ҳамчун пизишки бемориҳои дарунӣ ба табобати беморон машғул шуд. Гоҳ-гоҳ беморонеро қабул мекард, ки аз дарди дандон азият мекашиданд.  Дар он солҳо бунгоҳи тиббӣ бо дастгоҳи стоматологии замонавӣ таъмин набуд. Аз деҳаҳои гирду атроф дар чаҳор фасли сол беморон ба маркази ноҳия рафта, дандони худро табобат карда бармегаштанд.
– Агар дар бунгоҳи тиббии деҳаи Ҳушёр шуъбаи стоматологӣ кушоем, кори савоб хоҳад шуд. Одамони зиёд низ аз ранҷу азоб халос мешаванд,– гуфт ӯ кӯтоҳакак ба сардухтур.
– Медонам, ки ин иқдоми хубест ва одамон низ вақти худро хеле сарфа хоҳанд кард. Ба болои ин, мунтазам нарху наво боло меравад, ҳамаи беморон имкони рӯзмарра ба маркази ноҳия равуо карданро надоранд,– ғайри интизори ӯ  гуфт сардухтур.– Аммо барои осон кардани мушкили беморон дастгоҳҳои замонавӣ низ заруранд. Дастгоҳҳои стоматологиро аз куҷо пайдо мекунем? Медонӣ, ки мо дар айни ҳол маблағи харидории чунин дастгоҳҳои қимматро надорем,– гуфт сардухтур.
– Аз ин тарафи кор хотирҷамъ бошед. Дар қадами аввал як дастгоҳи арзон мехарему мушкили беморонро осон мекунем. Баъд оҳиста дастгоҳи наву замонавӣ мехарем,– ҷуръат пайдо карда гуфт Мухтор.
Ҳарду  тавофуқ намуданд, ки аз пайи ҳалли ин кор мешаванд. Сардухтур ваъда кард, ки дар бунгоҳи тиббӣ барои Мухтор як утоқи алоҳида ҷудо мекунад ва онро бо мизу курсӣ муҷаҳҳаз месозад. 
***
– Як гули мақсуд дар ин бӯстон,
Чида нашуд бе мадади дӯстон.    
Ин байт мутааллиқ ба Шайх Саъдӣ мебошад ва он собит менамояд, ки бо мадади якдигар ба ҳадафҳои нек расидан мумкин аст. Вазъу аҳволи собиқаро бо имрӯз муқоиса карданӣ бошем, фарқ замину осмон аст. Ҳоло шуъбаи мо дорои дастгоҳи тиббии замонавии стоматологӣ мебошад,– мегӯяд хушҳолона Мухтор Аҳмадбеков.
Ба таъкиди мавсуф  набояд фаромӯш кард, ки СПИД  (бемории норасоии масъунияти бадан) тамоми гӯшаву канори дунёро фаро гирифтааст. Вай мегӯяд, ки хавфи паҳншавии он сол аз сол меафзояд ва аз ин  мардуми деҳоти ноҳияи Сӯх низ дар канор намондаанд. Барои ҳамин ӯ  мунтазам чораҳои эҳтиётӣ пиёда мекунад, ки ба дигарон ин бемории хавфнок сироят нашаванд. 
– Нуктаи дигаре, ки қайди онро ҷоиз медонам, нарасидани кадрҳои соҳибихтисоси соҳаи тандурустӣ  мебошад. Ба ин шумор духтурҳои  дандон низ шомиланд. Далел ин аст, ки бархе аз пизишкон кайҳо ба нафақа баромадаанд ва бархе дигар дар арафаи нафақабароӣ ҳастанд. Онҳоро  бо кадрҳои ҷавон бояд иваз кунанд, ки зери суол қарор дорад,– тазаккур дод Мухтор Аҳмадбеков.
– Мухтор Аҳмадбеков пизишки соҳибтаҷриба мебошад. Вақтҳои зарурӣ ӯро ба шуъбаи «Ёрии таъҷилӣ» даъват мекунем. Вай дар муоинаву муолиҷаи беморон ба мо   машварат медиҳад,– мегӯяд мудири шуъбаи минтақавии «Ёрии таъҷилӣ»-и ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи  Ҳушёр Ҳоҷиакбар Муродов. 
– Беш аз бист сол ба ин сӯ бо Мухторака Аҳмадбеков паҳлӯ ба паҳлӯ, дар роҳи барқарор намудани саломатии мардум заҳмат мекашем. Вай бо рафтору кирдор ва гуфтори наҷиб дар байни кормандони соҳаи тандурустии ноҳия ва мардум обрӯ ва эътибори хос пайдо кардааст, – изҳор намуд сардухтури шуъбаи касалиҳои сироятии беморхонаи марказии ноҳияи Сӯх Меҳрубон Болтаев.
Мухтор Аҳмадбеков соҳиби панҷ фарзанд ва набераҳост. Синнаш ба нафақа наздик расидааст. Барои ҳамин аз ҷавонон даъват мекунад, ки дар интихоби касб ҳушёр ва зирак бошанд, дар донишгоҳҳо таҳсил кунанд ва ба халқу кишвари худ хидмат намоянд.

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик». 

Вилояти ФАРҒОНА. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: