МУЛОҚОТИ САФИРИ ЧИН БО ЖУРНАЛИСТОН

Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии мардумии Чин дар Ӯзбекистон Сзян Ян зимни сафари худ ба вилояти Фарғона дар бинои бахши вилоятии Иттиҳоди эҷодии журналистони Ӯзбекистон бо журналистон дидору мулоқот анҷом дод.

Ин ташрифи сафири Чин ва роҳандозии мулоқотҳо ба он далел сурат гирифт, ки дар миёни журналистони вилояти Фарғона ва Чин робитаҳои ҳамкорӣ ба роҳ монда шудаанд.
Гуфта шуд, ки дар се соли охир бисту ҳашт нафар журналистони расонаҳои гуногуни вилоят азми сафари Чин намудаанд ва дар навбати худ, сиву як нафар журналистони Чин ба вилояти Фарғона омадаанд. Таъкид гардид, ки ҳадаф аз омадурафти тарафайн табодули таҷриба миёни журналистони ду кишвар мебошад.
– Дар шабакаҳои телевизионии Чин ва васоити ахбори умуми он дар бораи ҷараёни ислоҳоти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии Ӯзбекистон маҳз дар мисоли вилояти Фарғона ду намоиши телевизионӣ пахш гардида ва дувоздаҳ гузоришҳои гуногун  ба табъ расиданд. Ҳамчунин журналистони мо дар расонаҳои гуногун ва матбуот ду намоиши телевизионӣ ва бештар аз панҷоҳ мақолаи таҳлилӣ дарҷ намуданд, – мегӯяд раиси шуъбаи вилоятии Иттиҳоди эҷодии журналистони Ӯзбекистон Муҳаммадҷон Обидов.
– Байни Чину Ӯзбекистон муносибатҳои иқтисодӣ самараи хеле хуб ба бор меоваранд. Дар таҳкими робитаҳои ду кишвари ҳамкору дӯст нақши воситаҳои ахбор ва шабакаҳои телевизионӣ хеле калон аст. Дар мо низ оид ба мавзӯҳои гуногун дар миёни журналистон озмунҳои ҷолиб роҳандозӣ мешаванд. Соли оянда низ сафорати Чин дар озмуни байналхалқии “Қалами тиллоӣ” ҷоизаи хоси худро таъсис хоҳад дод, – изҳор кард хонум Сзян Ян.
Дар ин се соли охир журналистони вилояти Фарғона бо журналистони вилоятҳои Шандун, Шансӣ, шабакаи телевизиони марказии ССТВ-4, шабакаи телевизионии Синдаои Ҷумҳурии мардумии Чин ҳамкориҳои наздик ба роҳ мондаанд. Чунин робитаҳо ва табодули таҷрибаи байни журналистони ду кишвар беш аз пеш тавсеа хоҳад ёфт.

Файзулло ИБРОҲИМОВ,
донишҷӯи гурӯҳи тоҷикии
факултети филологияи ДДФ.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: