ФУРСАТ – ҒАНИМАТ

Мегӯянд, ки рӯзнома оинаи ҳаёт аст.

Дар саҳифаҳои он орзуву армон ва ҳадафу ниятҳои мардум акс меёбанд. Ҳар як ходими рӯзнома, хусусан хабарнигорони вилоятӣ баробари омода кардани хабару мақолаҳои саривақтӣ, боз саъй мекунанд , ки навиштаҳояшон ба дили хонандагон раҳ ёбанд, ба афзудани шумораи рӯзномахонон мусоидат бикунанд. 
Бояд гуфт, ки касони ба рӯзнома хайрхоҳу дилсӯз кам нестанд. Ман ба ин ақида, ҳангоми дар вилояти Сирдарё ҳамчун хабарнигори рӯзнома ифои вазифа доштанам, итминон ҳосил кардаам. Шодравон Додо Ҳоҷиев (аз шаҳри Гулистон) ва оилаи Нурбоевҳо (аз ноҳияи Сирдарё) дар ин қабил корҳо хидмати худро дареғ намедоштанд. Ман ҳамчун хабарнигори вилоятии рӯзнома некиҳои онҳоро ҳаргиз фаромӯш намекунам.
Табиати одамӣ аҷиб аст. Солҳои пешин баъзеҳо бо баҳонаи он ки номи «Овози тоҷик» дар нақшаи тақсимоти ҳокимият сарфи назар шудааст, обунаро мавқуф мегузоштанд. Боз баҳона пеш меоварданд, ки (хусусан дар мактабҳо) онҳоро ба рӯзномаҳои дигар иҷборан обуна мекунанд. Ҳоло, ки дар қатори рӯзномаҳо «Овози тоҷик» ҳам ҳаст ва обунаи рӯзнома маҷбурӣ ҳам нест, ба ин баҳонаҳо ҷой намондааст.
Мутаассифона, баъзе роҳбарони масъул дар мавсими обуна худро ба нодонӣ мезананд. Ин рафтори онҳо мақоли халқии «Боғбонро вақти мева гӯш кар мешавад»-ро ба хотир меоварад. 
Имрӯзҳо мавсими обуна барои соли оянда чун дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ дар вилояти Ҷиззах низ муташаккилона ҷараён дорад. Умед аст, ки ҳамзабонони миллатдӯсту миллатпарвари мо дар вилоят аз ин фурсати мувофиқи хуб истифода мебаранд ва ба рӯзномаи азизи худ якдилона обуна мешаванд.

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Ҷиззах.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: