ОРЗУЯМ ЧЕМПИОНИ ҶАҲОН ШУДАН

Таэквондо аз навъҳои машҳури варзиш маҳсуб меёбад.

Ин намуди варзиш дар ноҳияи Ургут низ ба хусус дар байни ҷавонону наврасон оммавӣ мегардад. Хонандаи синфи 5-уми мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 102-юми маҳаллаи Камонгарони ноҳияи Ургут Аловуддин Аҳрорқулов аз синни панҷсолагиаш бо таэквондо шуғл меварзад. Зиракӣ, ҳушёрӣ, чаққонии Аловуддинро  Аҳрорқулбобо ва падараш акои Амин дида, шод гаштанду ӯро ба дасти мураббии моҳири мактаби варзишӣ ва мусиқии рақами 31-уми шаҳри Ургут супурданд.
Дар муддати кӯтоҳ Аловуддини зираку чаққон бино ба ин намуди гӯштин дар вазни 30-33 килограмм дар мусобиқаҳои ноҳиявию вилоятӣ ва ҷумҳурӣ бомуваффақият иштирок карда, ҷойҳои ҷоизавиро ишғол намуд.
Соли гузашта ва моҳҳои сипаришудаи соли 2018 барои Аловуддин бомуваффақият буданд. Аловуддин Аҳрорқулов дар якчанд мусобиқаҳо, аз ҷумла барои Ҷоми прокурори ноҳияҳои Ургут, Булунғури вилояти Самарқанд ва Зомини вилояти Ҷиззах, мактаби варзишии захираи олимпии ноҳияи Тайлоқи вилояти Самарқанд иштирок карда, соҳиби медалҳои тиллоӣ гашт.
Вай чанде қабл дар мусобиқае, ки бино ба таэквондо дар шаҳри Тошканд баргузор гардид, дар вазни 30 килограмм иштирок карда, ғолиби мусобиқа шуд. Медалро ба ӯ ҳокими шаҳри Тошканд, раиси Кумитаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш О.Ғаффоров бо тантана супурд.
Аловуддин Аҳрорқулов баробари бо варзиш машғул шудан, аълохон низ мебошад. Вай дар мусобиқаҳое, ки таҳти унвонҳои «Авлоди баркамол», «Варзиш – авлоди солим, ояндаи солим»,  «Бахшида ба ҷашни 27-солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон», «Ба хотири Нахустин Президенти ҷумҳурӣ Ислом Каримов», «Ҷашни  25-солагии Сарқонуни Ӯзбекистон» баргузор шуданд, муносиб иштирок намуд.
Дар арафаи рӯзи мураббиёну муаллимон саҳнаи мактаби таълими умумии рақами 102-юм аз падару модарон, мактаббачаю омӯзгорон пур буд.
Дар шоҳсуфа Аловуддин Аҳрорқулов меистод. Тантанаро директори мактаб Обидҷон Қурбонов  кушода, аввал муаллимонро бо ин рӯз табрик кард. Сипас ба устодони Аловуддин — мураббӣ — Аслӣ Раҳимов ва роҳбари синфи ӯ Ҷиннигул Ҳақбердиева барои  тарбияи  чунин шогирд изҳори миннатдорӣ кард. Ба падару модар ва бобои Аловуддин ташаккур гуфта, ба гардани Аловуддин медалҳои бадастовардаашро овехт ва туҳфаю ифтихорномаҳои маъмурияти мактабро супурд. Директор таъкид кард, ки ин медалҳо боиси ифтихори аҳолии 12 ҳазорнафараи  маҳалла, ҳамаи мову шумо мебошанд.

Мурод ҚУРБОНЗОДА,
раиси нурониҳои маҳаллаи Камонгарон,
Аълочии таълими халқи Ӯзбекистон,
соҳиби медали «Шуҳрат», собиқадори меҳнат.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: