МАСЪУЛИЯТШИНОСИИ БЕШТАР ЛОЗИМ АСТ

Алҳол барои беҳтар намудани тарзи зисту зиндагонии халқ, фароҳам овардани имконият ва имтиёзҳо корҳои назаррас амалӣ мешаванд.

 Бистуми апрели соли ҷорӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи баргузор кардани иқдоми якдафъаинаи умумдавлатӣ оид ба чораҳои иловагии аз ҷиҳати иҷтимоӣ дастгирӣ намудани шаҳрвандон ва чун мулки хусусӣ эътироф кардани биноҳои истиқоматии ғайриқонунӣ ба имзо расид.
Дар асоси ин Фармон Девони Вазирони Ӯзбекистон 21 июли соли равон Низоми махсус қабул кард. Мувофиқи низом шаҳрвандоне, ки биноҳои истиқоматии ғайриқонунӣ сохтаанд, метавонанд  манзили истиқоматии хешро ҳамчун мулки шахсӣ қонунӣ кунанд.
Қонуникунонии биноҳои худсарона сохташуда ба соҳиби он ҳуқуқи аз иморат истифода бурдан, фурӯхтан, ҳадя ё иваз кардан ва мерос гузоштанро медиҳад.
Барои иҷрои Фармони Президент дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳо, шаҳри Тошканд, ноҳия ва шаҳрҳои ҷумҳурӣ комиссияҳо ташкил карда шуданд. Бо мақсади сари вақт иҷро намудани муроҷиати шаҳрвандон ва идораву ташкилот дар байни аъзои комиссия воситаҳои электронии ахборивазкунӣ ҷорӣ гардиданд.
Мувофиқи банди дувоздаҳуми низом аризаи муроҷиаткунанда дар муддати панҷ рӯзи тақвимӣ аз тарафи аъзои комиссия омӯхта мешавад. Яъне аъзои комиссия дар ҳамин муддат иншоотро ҳамаҷониба меомӯзанд ва хулосаи худро дар шакли маълумотнома ба мақомоти кории комиссия тақдим мекунанд.
Аммо, бо вуҷуди фароҳам оварда шудани чунин имкониятҳо як қатор идора ва ташкилоти вилояти Сирдарё аз он сари вақт ва босамар истифода намебаранд. Ин рафтори онҳо мақоли «дунёро об зер кунад, мурғобиро чӣ ғам»-ро ба хотир меоварад.
Аз ҷумла шуъбаҳои меъморӣ ва сохтмони вилояти Сирдарё 295, шуъбаҳои «Ергеодезкадастр» 144, инспексияҳои экология ва ҳифзи муҳити атроф 42, марказҳои назорати давлатии санитарӣ ва эпидемиологӣ 67, инспексияи андози вилоят ва шуъбаҳои он 102 адад чунин хулосаро пас аз муддати дар Низом нишондодашуда тақдим намуданд.
Барои чунин бемасъулиятӣ 95 нафар ходими масъули идораҳои болоӣ аз рӯйи моддаи 215 5-и Кодекси ҷавобгарии маъмурии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, ба онҳо баробари се музди камтарини меҳнат ҷарима таъин карда шуд. Ғайр аз ин бобати қонунвайронкуниҳои дигари ошкоргардида ба идораҳои ваколатдор 19 огоҳнома, 4 тақдимнома ва 4 огоҳӣ барин чораҳои интизомӣ эълон шуданд.
Айни замон марказҳои хидматрасонии давлатӣ ба халқ қариб сад намуди хидматро пешкаш мекунанд, ки мутаассифона, дар кори онҳо низ норасоиҳои ҷузъӣ ва қонунвайронкуниҳо мушоҳида мешаванд. Аз ин рӯ мо наметавонем бигӯем, ки дар вилоят кори соҳаи хидматрасонии давлатӣ ба халқ хуб ба роҳ монда шудааст. Нуқсон ва камбудиҳо ҳастанд. Барои баланд бардоштани сифати хидматрасонии давлатӣ бояд бо дигар идора ва ташкилотҳои давлатӣ ҳамкорӣ кунем. Бояд дарк намоем, ки ҳар чӣ мекунем, барои гул-гулшукуфии ин Ватани маҳбуб, барои халқи азизамон ва гузашта аз ин барои худу фарзандонамон аст.

Мурод ТӮРАҚУЛОВ,
ходими масъули Садорати оҷонсии хидматрасонии 
давлатии вилояти Сирдарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: