ВОХӮРИИ ХОТИРМОН

Ба мактаби мо, ки соли оянда садсола мешавад, зуд-зуд аҳли эҷод ташриф фармуда, вохӯриҳои шавқангез мегузаронанд.

Чанде пеш ҷонишини муҳаррири рӯзномаи «Овози тоҷик» Тоҷибой Икромов, сардабири рӯзномаи «Гулобод тонги», шоири зуллисонайн Нормурод Каримов, хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд Зоҳир Ҳасанзода ва дигарон меҳмони таълимгоҳи мо шуданд.
Ҷонишини директор оид ба маънавият ва маърифат Фарида Аҳмадова вохӯриро ҳусни  ифтитоҳ бахшида, иброз дошт, ки ҳаёти имрӯзаро бидуни матбуот тасаввур кардан душвор аст.
– Ман аз солҳои ҷавонӣ мухлиси «Овози тоҷик» будам, – гуфт Фарида Аҳмадова, – бинобар ҳамин ба он ҳар сол аз аввалинҳо шуда обуна мешавам. Боиси хурсандист, ки рӯзнома ранга ва бо маводи хонданибоб чоп мегардад. Аммо барои мо, муштариён, албатта, реҷаи аҳли идора дар соли оянда шавқангез аст.
– Синни рӯзномаи мо аз синни мактабатон шаш сол хурд, – гуфт Тоҷибой Икромов, – эҷодкорони он саъй мекунанд, ки ҳар як хату хабар, мақолаву матолиб хоно, шавқовар ва ба талаби рӯзномахонон ҷавобгӯ бошанд. Дар оянда бештар аз ҳаёти муассисаҳои таълимӣ низ мавод чоп карданием.
Зоҳир Ҳасанзода, Нормурод Каримов ва дигарон низ ба сухан баромада, доир ба маъракаи обуна ва нақшаҳои эҷодии худ ҳарф заданд. Аксарият ваъда доданд, ки ба рӯзномаҳои дӯстдоштаашон «Овози тоҷик», «Гулобод тонги», «Овози Самарқанд» обуна хоҳанд шуд.

Шаҳзода ХОЛМУРОДОВА,
толибаи мактаби рақами 16-уми
 ноҳияи Самарқанд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: