ҶОМИ ҲАМДӮСТӢ – 2018

Дар мамлакат аз оғози мавсими соли ҷорӣ бо ташаббуси Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон ба мақсади рушди футболи бачагона корҳои васеъмиқёс амалӣ мешаванд.

Аз ҷумла, тавре ки хабар дода будем, аз аввали моҳи ноябр то имрӯз дар пойтахти кишварамон бо ташаббуси ассотсиатсия якҷо бо дастаи «Спартак»-и Тошканд таҳти унвони «Ҷоми ҳамдӯстӣ – 2018» мусобиқаи футбол баргузор шуд. Дар он баробари дастаҳои футболи «Спартак», «Спартак-2», «Пахтакор», «Бунёдкор А», «Бунёдкор Б» ва «Локомотив»-и кишвари мо дастаҳои футболи «Академияи Онтустик» ва «БЖМОРСМ-8»-и Қазоқистон, «Академия Юг» ва «Илбирс»-и Қирғизистон, «Гулистон» ва «Хуҷанд»-и Тоҷикистон, «ДЮСШ КГБО»-и Русия низ иштирок карданд. Боиси қайд аст, ки дар ин мусобиқа футболбозони то 14-солаи ин дастаҳо ширкат варзида, маҳорати худро сайқал доданд. 
– Аз иштирок дар мусобиқаи байналхалқии «Ҷоми ҳамдӯстӣ – 2018», ки бо ташаббуси Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон ва дастаи футболи «Спартак»-и Тошканд баргузор шуд, мо-мураббиён ва футболбозони даста хеле хурсанд гардидем. Барои ин ба роҳбарияти ҳокимияти шаҳри Гулистон миннатдорӣ иброз медорем, – мегӯяд сармураббии дастаи футболи «Гулистон»-и шаҳри Гулистони вилояти Суғди Тоҷикистон Фаррух Ниёзов. – Бешубҳа, ин гуна мусобиқаҳои дӯстона бобати баланд бардоштани маҳорати футболбозони наврас, рушди футболи бачагонаи кишварҳои мо нақши муҳим мебозанд. Онҳо аз бурду бохти дастаҳои футбол огоҳ шуда, дӯстони нав пайдо мекунанд. 

М.ҚОДИРЗОДА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: