НАҚШИ ҚАБУЛГОҲҲОИ ХАЛҚИИ ПРЕЗИДЕНТ БОБАТИ ТАЪМИН КАРДАНИ АДОЛАТИ ИҶТИМОӢ

Маркази омӯзиши афкори умум «Ижтимоий фикр» дар мавзӯи: «Ислоҳоти низоми суду ҳуқуқ дар оинаи афкори умум» пурсиши иҷтимоӣ баргузор кард.

Пурсиш нафақат дараҷаи хабардории аҳолиро аз ислоҳоти низоми суду ҳуқуқ дар Ӯзбекистон муайян сохт, балки афкори ҳамватанонро дар бораи сатҳи ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳо дар кишвари мо омӯхт.
Пурсиш нишон дод, ки Қабулгоҳҳои халқии Президенти Ӯзбекистон ҳоло бобати дар мамлакат таъмин кардани адолати иҷтимоӣ, эътиқод ба суди одил ва қонунмандӣ нақши муҳим доранд.
Тадқиқот ҳамчунин собит сохт, ки барои шаҳрвандони мамлакат мақсади асосии дигаргуниҳо дар низоми суду ҳуқуқ муҳим мебошанд, ки аз таъмин сохтани волоияти Қонун ва ҳуқуқу тартибот дар мамлакат, баланд бардоштани самаранокии низоми аксуламал ба ҷинояткорӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо, пурзӯр кардани нақши ҳокимияти судӣ дар кори ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон иборат аст.
Дар афкори иҷтимоӣ эътимоди шаҳрвандон ба он, ки солҳои наздик дар ислоҳоти низоми суду ҳуқуқи мамлакат натиҷаҳои беш аз пеш мусбат ба даст меоянд, зиёд мегардад. Шаҳрвандон бар онанд, ки минбаъд дар ҷомеа талабот ба волоияти Қонун, ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқҳо, шаъну шарафи шаҳрвандон, аксуламал ба тамаъгарӣ ва таъмин сохтани истиқлолияти воқеии ҳокимияти судӣ меафзояд.
Ҳангоми пурсиш 94,5 фоизи шаҳрвандони мамлакат қайд карданд, ки худро аз эҳтимоли вайрон гардидани ҳуқуқҳо ва поймол шудани манфиатҳои қонунии худ эмин эҳсос мекунанд. Мониторинги натиҷаҳои пурсиш барои солҳои 2017-2018 ошкор намуд, ки нишондиҳандаҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон муттасил баланд боқӣ мемонад.
Пурсиши афкори иҷтимоӣ собит намуд, ки бобати таъмин кардани волоияти Қонун, риоя шудани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон ва адолати иҷтимоӣ дар ҷомеа Қабулгоҳҳои халқии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон нақши муҳим мебозанд. Инро маълумоти пурсиш, ки мувофиқи он аксарияти иштирокдорон (72,5 фоиз) дар мавриди вайрон шудани ҳуқуқҳои худ ва поймол гардидани манфиатҳои қонуниашон барои кӯмак ба Қабулгоҳҳои халқии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муроҷиат мекунанд, тасдиқ менамояд.
Тадқиқот ошкор кард, ки шаҳрвандони Ӯзбекистон матни Қонуни Асосии давлатро ба дараҷаи бояду шояд медонанд: аксарият (66,4 фоиз) Сарқонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистонро хондаанд. Дар байни иштирокдорони пурсиш, ки хабардории хуби худро аз мазмуни Қонуни Асосӣ иброз доштаанд, шаҳрвандоне, ки маълумоти олӣ доранд, хидматчиёни ҳарбӣ, ходимони мақомоти ҳуқуқу тартибот ва донишҷӯён аксариятро ташкил медиҳанд.
Бино бар ақидаи шаҳрвандон барои минбаъд дар ҷомеа баланд бардоштани дарки аҳамияти риояи қонун ва эҳтиром ба қонунҳои мамлакат, дар ҷомеа бояд маданияти ҳуқуқӣ ташаккул дода шавад, муҳити носозишкорӣ ба ҳама гуна зуҳуроти вайроншавии қонун, ҳуқуқ ва озодии инсон фароҳам ояд, дастрасии аҳолӣ ва идораҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба маълумоти вобаста ба қарорҳое, ки ба ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон дахл мекунанд, қабул шудани қонунҳои нав, тағйирот ба қонунгузориҳо баланд бардошта шавад.
Натиҷаҳои пурсиш нишон медиҳанд, бино бар ақидаи ҳар дуввумин пурсидашуда, дар шакл, усул ва тарзи кори мақомоти ҳуқуқу тартибот ва созмонҳои ҳифзи ҳуқуқ тағйироти мусбат мушоҳида мегардад.
Натиҷаҳои пурсиш собит менамоянд, ки солҳои 2018-2019 муносибати сокинони Ӯзбекистон ба низоми ҳуқуқу тартибот ба дараҷаи назаррас тағйир ёфт. Шаҳрвандони мамлакат ба кори он баҳо дода, қайд менамоянд, ки ин низом аз нуқтаи назари тарз ва шакли фаъолият, соҳибкасбии ходимон ва бино бар аз ҷониби онҳо иҷро шудани вазифаи касбии худ, риоя кардан ба қонун, ҳифз ва таъмин намудани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ба дараҷаи сифатан нав мерасад.

Аблай КАМОЛОВ,
хабарнигори ӮзА.
Мувофиқи маводи Маркази «Ижтимоий фикр» тайёр кард.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: