ХАБАРИ МУХТАСАР

Дар бораи ҷамъомади Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон

3 ноябр дар Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон бахшида ба муҳокимаи натиҷаҳои чашмдошти соли 2018 ва пешбинии нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ, консепсияи сиёсати андоз ва буҷа, лоиҳаи Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои соли 2019 ҷамъомади васеъ баргузор шуд.
Қайд гардид, ки татбиқи мунтазами Стратегияи амалиёт доир ба панҷ самти бартариноки рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021, чораҳои андешидашуда бино бар бозсозӣ ва рушди муттасили соҳаҳои иқтисодиёт ба иҷрои нишондиҳандаҳои муқарраршудаи макроиқтисодӣ мусоидат карданд.
Мувофиқи натиҷаи соли 2018-ум зиёд кардани қисми даромади Буҷаи давлатӣ, аз ҷумла аз ҳисоби қабул кардани чораҳо бобати баланд бардоштани мустақилияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар ташаккулдиҳии даромади буҷаҳои маҳаллӣ, зиёд намудани пойгоҳи андозситонӣ, ҳамчунин чораҳо бино бар озодкунии бозори асъор ва ислоҳоти сектори аграрӣ пешбинӣ мегардад.
Афзоиши нишондиҳандаҳои пешбинишудаи қисми даромади Буҷаи давлатӣ имкон дод хароҷот дар самтҳои асосӣ барои мустаҳкам кардани пойгоҳи моддиву техникӣ ва баланд бардоштани сифати таълим, тиб, илм, маданият ва самтҳои дигар, ҳамчунин афзудани миқдори музди меҳнат, нафақа ва кӯмакпулиҳо зиёд гардад.
Дар соли 2018-ум аз буҷаи ҷумҳуриявӣ барои ҷудо кардани хатҳои вомии бонкҳои тиҷоратие, ки дар бобати  бомаблағтаъминкунии барномаҳои сохтмони манзилҳои арзон иштирок доранд, дар ҳаҷми 3,8 триллион сӯм маблағҳои иловагӣ равона карда шудаанд. Барои татбиқ намудани барномаҳои давлатии «Обод қишлоқ» ва «Обод маҳалла» 1527,6 миллиард сӯм, барномаи давлатии «Yoshlar - kelajagimiz» – 500 миллиард сӯм, ҳамчунин барои дастгирӣ намудани Бунёди ҷамъиятии навтаъсис оид ба дастгирии занон ва оилаҳо – 300 миллиард сӯм ҷудо карда шуданд.
Аз маблағи буҷаҳои маҳаллӣ 4,5 триллион сӯм барои татбиқ намудани барномаҳои «Обод қишлоқ» ва «Обод маҳалла», ободонии шаҳру деҳот, сохтмон, бозсозӣ ва таъмири асосии муассисаҳои таълими томактабӣ, ҳамчунин ташаккул додани бунёдҳои рағбатноксозии ҷойҳои нави кории назди Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимияти вилоятҳо ва шаҳри Тошканд равона карда шуд.
Дар ҷамъомад муносибат ва пешниҳодҳо бобати ташаккул додани нишондиҳандаҳои асосии пешакии макроиқтисодӣ, ҷиҳатҳои асосии даромадҳо ва хароҷоти буҷаи мамлакат барои соли оянда ва солҳои минбаъда амиқ ва ҳамаҷониба муҳокима гардиданд.
Қайд шуд, ки аз соли 2019 бори аввал механизми миёнамуҳлати банақшагирии буҷа аз тариқи тасдиқ кардани Буҷаи давлатӣ барои соли пешбинишуда ва нишонаҳои буҷавӣ барои ду соли минбаъда ҷорӣ карда мешавад.
Дар соли 2019-ум идома додани татбиқи чораҳое, ки ба такмил додани сиёсати андозу буҷа, минбаъд тавсеа додани муносибатҳои байнибуҷавӣ, баланд бардоштани сатҳи ҳаёти аҳолӣ, нишонадории низоми дастгирии табақаҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ ночори аҳолӣ, мустақиман тафриқаи зиёд кардани музди меҳнат ва пардохтҳои дигари аҳолӣ нигаронда шудаанд, бо назардошти таъсир ба муфлисӣ пешбинӣ мегардад.
Мувофиқи самтҳои асосии Консепсияи такмил додани сиёсати андоз, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 29 июни соли 2018 №ҚП-5468 тасдиқ шудааст, аз соли 2019-ум:
1) барои бунёди пардохти меҳнат бори андоз, аз тариқи:
ҷорӣ кардани миқдори ягонаи андоз барои даромади шахсони ҷисмонӣ дар ҳаҷми 12 фоиз ва бекор кардани пардохти аъзобадали суғуртавии шаҳрвандон (8 фоиз аз музди меҳнат), ки имкон медиҳад миқдори музди меҳнат, ки «ба даст» мерасад, ба ҳисоби миёна 6,5 фоиз зиёд гардад;
кам кардани миқдори пардохти ягонаи иҷтимоӣ то 12 фоиз аз бунёди пардохти меҳнат;
2) пардохти ҳатмӣ ба бунёдҳои мақсадноки давлатӣ, ки аз муомилот (пули нақд) дар ҳаҷми 3,2 фоиз ситонда мешавад, бекор карда мешавад;
3) миқдори: андоз барои даромади шахсони ҳуқуқӣ аз 14 то 12 фоиз, андоз барои даромади бонкҳои тиҷоратӣ, аз 22 то 20 фоиз, андоз аз манбаи пардохт бино бар даромадҳо дар шакли дивиденд ва фоизҳо аз 50 то 5 фоиз; андоз барои амволи шахсони ҳуқуқӣ – аз 5 то 2 фоиз коҳиш дода мешавад.
Дар натиҷаи чораҳои андешидашуда тақрибан 10 триллион сӯм дар ихтиёри субъектҳои хоҷагидорӣ ва аҳолӣ мемонад.
Баробари чораҳои зикршуда иштирокдорони ҷамъомад таклифҳо дар соҳаи такмил додани сиёсати андоз, ки ба истифодаи эҳтиёткоронаи захираҳо ва таъмин кардани пурбории буҷа нигаронида шудаанд, аз ҷумла аз ҳисоби:
индексатсияи миқдори андозҳо, ки ба маблағи умумӣ (андози замин, андоз барои истифодаи захираҳои об, андози аксиз) муқаррар шудаанд;
ҷорӣ кардани миқдори яклухти андози аксиз барои  сигорҳо, ки истифодаи миқдори адвалориро баробари миқдори қайдшуда пешбинӣ менамояд;
ба ҷойи аъзобадали суғуртаҳои шаҳрвандон (ба муносибати бекор карда шудани онҳо) ҷорӣ намудани додани пардохти ягонаи иҷтимоӣ барои соҳибкорони хусусӣ ва шахсоне, ки фаъолияти меҳнатии онҳо ба ҳисоб гирифта намешавад (бидуни зиёд кардани миқдори умумии пардохтҳо);
ҷорӣ намудани миқдори камтарини қайдшуда дар маблағи умумӣ оид ба андоз барои қаърҳо бино бар истифодаи баъзе конҳои муфид (рег, оҳак, шағал ва ғайра)-ро ҳамаҷониба баррасӣ карданд.
Дар хароҷоти Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои татбиқ намудани барномаҳои қабулкардаи давлатӣ, супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон бино бар натиҷаи сафарҳои ӯ ба минтақаҳои мамлакат, ҳамчунин чорабиниҳо оид ба дастгирии иҷтимоии аҳолӣ маблағҳои зарурӣ пешбинӣ шудаанд.
Дар соли 2019 чун дар солҳои пешина, бартарияти хароҷот барои таъмин намудани соҳаҳои иҷтимоӣ ва дастгири иҷтимоии аҳолӣ (54 фоиз аз хароҷоти умумии Буҷаи давлатӣ) нигоҳ дошта мешавад. Дар соҳаи музди меҳнат ва пардохтҳои дигар татбиқ намудани чорабиниҳо бобати зиёд кардани миқдори музди меҳнат, аз ҷумла афзудани он аз 1 январи соли 2019: 
барои омӯзгорон ва роҳбарони мактабҳо 10 фоиз, барои омӯзгороне, ки табақаи ихтисосӣ доранд, аз 15 то 25 фоиз;
барои кормандони соҳаи буҷа, ки моҳонаашон кам аст – аз 5 то 15 фоиз пешбинӣ мегардад.
Қайд гардид, ки чораҳои пешбинишуда бино бар табақаҳои музди меҳнаташон ками фақат ходимони соҳаи буҷа беш аз 360 ҳазор нафарро фаро мегирад. Чунончи, маоши табақаи музди меҳнаташ аз ҳама ками кормандони техникии ташкилотҳои буҷавӣ, бидуни назардошти изофапуливу иловапулиҳо, аз 502 то 577 ҳазор сӯм зиёд мегардад.
Дар буҷаи соли 2019-ум барои баланд бардоштани музди меҳнати омӯзгорони мактабҳои олӣ ва ходимони илмии пажӯҳишгоҳҳои илмиву тадқиқотӣ 1,5 баробар, кормандони тиббӣ ва дорувории муассисаҳои давлатӣ ба ҳисоби миёна 26,5 фоиз (ин илова ба 20 фоиз зиёдшавӣ аз 1 декабри соли 2018) пешбинӣ мегардад.
Дар буҷа ҳамчунин маблағҳои зарурӣ барои зиёд кардани музди меҳнати умуман кормандони соҳаҳои буҷавӣ на камтар аз сатҳи муфлисӣ ва 20 фоиз зиёд кардани маблағҳои буҷавӣ барои пардохти кӯмакҳои иҷтимоӣ ба инобат гирифта шудаанд.
Хароҷот барои сармояҳо дар ҳаҷми 11,9 триллион сӯм пешбинӣ мегардад. Маблағҳои мазкур ба татбиқ кардани лоиҳаҳои аз ҷиҳати стратегӣ муҳим, ки бо қарорҳои Президент ва ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон муайян шудаанд, аз ҷумла барои лоиҳаҳои пешрафт ва таҷдиди шабакаҳои тақсимкунии таъминоти оби ошомиданӣ, иншооти хоҷагии об, сохтмон ва таҷдиди инфрасохтори нақлиётиву коммуникатсионӣ, ҳамчунин муассисаҳои таълимӣ ва тиббиву иҷтимоӣ равона карда мешаванд.
Барои бо маблағ фарогирии соҳаи нигаҳдории тандурустӣ, ки зиёда аз 12 триллион сӯмро пешбинӣ менамояд, эътибори махсус дода шуд. Аз ҷумла, барои бо маблағ таъмин кардани хариди дорувор ва маснуоти таъиноти тиббӣ тақрибан 1 триллион сӯм ҷудо карда мешавад, барои татбиқ намудани барномаҳои асосии соҳаи нигаҳдории тандурустӣ 661,5 миллиард сӯм, барои бо таҷҳизоти замонавии ташхисӣ, лабораторӣ ва табобатӣ муҷаҳҳазсозии муассисаҳои тиббӣ 58 миллиард сӯм ҷудо карда мешавад.
Вобаста ба кам шудани даромадҳои Бунёди нафақаи ғайрибуҷавӣ бино бар куллан коҳиш ёфтани миқдори пардохти ягонаи иҷтимоӣ, бекор шудани аъзобадали суғуртавии шаҳрвандон ва пардохтҳои ҳатмӣ ба хароҷоти буҷа барои пӯшондани норасоии он дар ҳаҷми 4,7 триллион сӯм маблағ пешбинӣ мегардад. Ин имкон медиҳад пардохти саривақтӣ ва бечунучарои нафақа барои нафақахӯрон таъмин гардад.
Хароҷоти хатҳои вомии бонкҳое, ки ба бо маблағ таъминкунии барномаҳои оид ба сохтмони хонаҳои истиқоматӣ иштирок мекунанд, дар ҳаҷми 3 триллион сӯм пешбинӣ мешавад.
Дар доираи татбиқ намудани чораҳо бобати таъмин кардани шаффофият ва рӯшодии ҷараёни буҷа ба Вазорати молия супурда шуд, ки дар муҳлати то 15 ноябри соли равон дар сайти расмии вазорат лоиҳаи «Буҷа барои шаҳрвандон»-ро бо назардошти дар расонаҳои ахбори оммавӣ васеъ равшан кардани он ҷойгузин кунад.
Дар ҷараёни муҳокима дар ҷамъомад ҳисоботи роҳбарони як қатор вазорату идораҳо, ҳамчунин муовинони аввали раиси Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимони вилоятҳо ва шаҳри Тошканд шунида шуданд.
Дар назди роҳбарони вазоратҳо, идораҳо, иттиҳодияҳои хоҷагидорӣ ва мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳалҳо бобати баланд бардоштани масъулият барои иҷрои нишонадори маблағҳои буҷа, саривақтӣ ва тамомияти даромадҳо ба буҷа, баланд бардоштани пойгоҳи даромади буҷаҳои маҳаллӣ ва масъулияти шуъбаҳои ҳудудии мақомоти хидмати давлатии андоз ва мақомоти молиявӣ барои зиёд кардани пойгоҳи дахли буҷаҳои маҳаллӣ ва ошкор кардани захираҳо вазифаҳои мушаххас гузошта шуданд.
Бино бар натиҷаи муҳокима дар бораи маъқул донистани нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ, консепсияи сиёсати андоз ва буҷа, лоиҳаи Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои соли 2019 ва пешомадҳои афзалиятнок барои солҳои 2020-2021 ва самтҳо дар Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон қарорҳо қабул карда шуданд.

ӮзА.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: