ЗАН – ТАКЯГОҲИ ОИЛА ВА ҶАМЪИЯТ

...Нафосату назокат, вафову садоқат, ақлу заковат ва фидокорӣ барин фазилатҳои зебои ба зан хос аз қадимулайём ҳамчун манбаи эҳсосу рафтори неки инсонӣ хидмат намудааст.

Беҳтарин асарҳои санъат, манзумаву сурудҳо дар тамоми ҷаҳон маҳз ба занон бахшида шудаанд.
Гиромидошти занон, ки такягоҳи оила ва ҷамъият ба ҳисоб рафта, ҳаёти моро бо хушнудӣ ва зебоӣ ғанӣ гардондааст, ба вай эътибори зарурӣ додан ҳамеша қисми ҷудонопазири менталитети халқи мо буд...

(Аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон 
Шавкат Мирзиёев бахшида ба Рӯзи байналхалқии бонувон).


Барҳақ, дар равнақи Ватан, осоиштагии оила ва ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии ҷамъият мавқеи занону духтарон назаррас аст. Дар кишварамон баҳри таъмини ҳуқуқи занон як қатор ҳуҷҷатҳо, аз ҷумла, Фармони Президент аз 2 феврали соли ҷорӣ «Дар бораи чораҳои куллан такмил додани кор дар соҳаи дастгирии занон ва мустаҳкам кардани идораи оила» имзо гардид. 
Имзо гардидани фармони мазкур сифати таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии занону духтаронро ба зинаи нав бароварда, баҳри мустаҳкамкунии мавқеи онҳо дар оила ва ҷамъият, намоён кардани истеъдоду салоҳият ва сиҳатгардонии муҳити иҷтимоиву маънавии оилаҳо хизмат хоҳад кард. 
Имрӯзҳо занон қариб 50 фоизи аҳолии кишварро ташкил дода, дар ҳамаи ҷабҳаҳои иҷтимоиву маънавӣ, сиёсиву иқтисодӣ, мақомоти давлатӣ, истеҳсолот, соҳаи тандурустӣ, таълим, соҳибкорӣ, фермерӣ ва ғайра босамар фаъолият мебаранд. Дар байни онҳо занону духтарони рӯзноманигор низ кам нестанд. 
Ислоҳоти васеъмиқёсе, ки дар ҷабҳаҳои гуногун ба амал бароварда мешаванд, албатта тавассути ВАО таҷассум мегарданд ва дар ҷараёни мазкур журналистон, махсусан журналистзанон низ фаъол иштирок мекунанд. Дар ҷамъомади Шӯрои журналистзанони назди Иттиҳодияи эҷодии журналистони Ӯзбекистон, ки дар Маркази матбуоти миллӣ барпо намуд, оиди фаъолияти занон дар соҳа сухан рафт. 
Тавре ки роҳбари Шӯрои журналистзанони назди иттиҳодия Фирӯза Одилова таъкид намуд, алҳол миқдор ва сифати намоиши телевизиону радиошунавонӣ, мақолаҳои таҳлилӣ оиди мустаҳкамкунии оилаҳо ва ҳифзи саломатии модару кӯдак бештару хубтар мегардад. Зиёда аз 60 рӯзномаву маҷалла доир ба ҳаёти занону духтарон ва оила нашр мешавад. Нашриҳои «Оила ва ҷамъият», «Саодат», «Бекажон», «Суғдиёна», «Леди», «Тадбиркор аёл», «Бегойим» ва ғайра минбари асосии онҳо ба ҳисоб меравад. 
Аз баромади ӯ маълум гардид, ки соли равон оиди мавзӯи занону духтарон зиёда аз 2 ҳазору 500 мақола чоп шудааст. 
Нотиқ якчанд мақолаи таҳлилии оиди муаммоҳои ҳаётии занонро, ба монанди «Қувваи ноаёни вайронкори оила»-и Ш.Раҳимхӯҷаева (дар рӯзномаи «Оила даврасида»), «Гашти хотирҷамъии оила»-и И.Аввалбоев («Оила ва ҷамъият»), «Ҳаёи зан – ҳаёи миллат»-и Ш.Отамуродов («Ёшлар овози»), «Зан дар ҷамъият фаъол»-и М.Раззоқова («Ишонч») ва ғайра мисол овард. 
Иштироккунандагони нишаст дар доираи ҷамъомад маърӯзаи доктори фанҳои фалсафа, профессор Ҷамила Шермуҳамадова таҳти мавзӯи «Пурзӯр гардондани фаъолияти иҷтимоиву сиёсии занону духтарон, таъмини манфиатҳои қонунӣ, нишон додани истеъдод ва имконияти онҳо – вазифаи устувор» шуниданд. Дар он баланд бардоштани сифати мақолаву намоишҳои телевизионие, ки дар асоси шарикии фанҳои давлатӣ, ташкилотҳои ғайридавлативу муассисаҳои таълимӣ омода мегарданд, таҳлил шуд. 
Дар ҷамъомад оиди бештар тайёр кардани мақола, намоиши телевизионие, ки дорои аҳамияти тарбиявӣ дошта, баҳри пешгирии ҷинояткорӣ ҳидоят мекунад, таклифу тавсияҳо доданд. 

Г.КАБИРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик». 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: