Таъмини шаффофии сиёсати буҷа

Дар Маркази матбуоти миллӣ аз ҷониби Кумитаи масъалаҳои буҷа ва ислоҳоти иқтисодии Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти ҳамкорӣ бо вазорат ва идораҳои дахлдор вохӯрӣ бо ҷамоат ва вакилони воситаҳои ахбори оммавӣ таҳти мавзӯи «Сиёсати буҷа: кушодӣ ва шаффофӣ» рӯи кор омад.

Дар он оиди самтҳои устувори сиёсати буҷаи давлатӣ ва параметрҳои дахлноки он дар соли 2018, нақшаҳое, ки дар ин самт барои соли оянда муайян гардидаанд, сухан рафт.
Маълум аст, ки мувофиқи қонунгузории мамлакатамон ҷараёни буҷа, дар ташаккул додани буҷа барои соли оянда, дида баромадан, қабул кардан, тасдиқ намудан, иҷро сохтан ва назоратро ба роҳ гузоштан барин самтҳо намудор шуда, ҷараёни мазкур ба амал омадани таҳлилҳои амиқ, мунозира ва музокираҳоро талаб менамояд.
Чи тавре ки таъкид гашт, дар давоми солҳои охир муносибати тамоман нав оиди амалӣ гардонидани сиёсати буҷа ва андоз аллакай самараи худро мебахшад. Хусусан, назар ба ҳисобу китоби мутахассисон, соли ҷорӣ даромадҳои Буҷаи давлатӣ нисбат ба соли 2017 қариб 50 фоиз хоҳад афзуд. Ба афзудани даромад, аз ҷумла, озод шудани сиёсати валюта ва нарх, ба тартиб дароварда шудани ҳисобу китобҳои байниякдигарӣ дар соҳаи аграрӣ, афзудани ҳаҷми сармоягузорӣ таъсири мусбат мерасонанд.
Дар ҷамъомаде, ки 30 сентябри соли равон баргузор шуд, Президентамон оиди иҷрои параметрҳои буҷа дар соли 2018 ва Буҷаи соли 2019 ба вазорат ва идораҳои дахлнок супоришҳои аниқ дода буд. 3 ноябр дар Девони Вазирон бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳои дахлнок ва мутахассисон ин масъала мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Даромадҳои Буҷаи давлатӣ барои соли 2018 62,2 трлн. сӯм, хароҷот 62,1 трлн. муайян шуда буданд. Дар амал оиди ҷамъбасти соли равон интизор меравад даромадҳо 74,5 трлн. сӯмро, хароҷот бошанд, 78,5 триллион сӯмро ташкил намоянд. 
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, 54,8 фоизи хароҷоти Буҷаи давлатӣ дар соли равон ба дастгирӣ ва рушди соҳаи иҷтимоӣ равон карда мешавад. Маблағҳо асосан ба рушди иҷтимоию иқтисодии ҳудудҳо ва таъмини фаровонии аҳолӣ, иҷрои барномаҳои «Деҳаи обод», «Маҳаллаи обод», «Ҷавонон – ояндаи мо» нигаронида шудаанд.
Ғайр аз ин, соли равон маоши ходимони соҳаи таълим – муаллимон, тарбиячиён, ҳамчунин кормандони соҳаҳои фан ва маданият аз 30 то 100 фоиз афзуд. Ғайр аз ин сохтмони манзилҳои арзон барои оилаҳои камтаъмин, ногиронҳо ва шахсони ба нигоҳубин муҳтоҷ, ба амал баровардани тадбирҳои иҷтимоӣ тақозо намуд барилова 29 триллион сӯм маблағ сарф карда шавад. Ин ҳама ба баланд шудани дараҷаи зисти шаҳрвандон, хусусан аҳолии аз нигоҳи иҷтимоӣ камтаъмин мусоидат намуд.
Корҳо дар ин самт соли оянда низ давом мекунанд. Афзудани маоши ходимони тиббиёт давра ба давра 26,5 фоиз, ходимони муассисаҳои фан ва таълим 1,5 баробар ба нақша дароварда шудааст. Агар ба соҳаи иҷтимоӣ соли 2018 сарф шудани 43 трлн. сӯм мавриди назар бошад, соли 2019 ба ин самт равона карда шудани 57,8 трлн. сӯм ба нақша гирифта шудааст.
Чи тавре ки дар вохӯрӣ таъкид гашт, маълумотҳое, ки оиди ба амал бароварда шудани сиёсати буҷа дар мамлакатамон оварда мешаванд, аз он далолат медиҳанд баланд бардоштани дараҷаи зиндагии аҳолӣ, ба давраи нав баровардани тараққиёти иҷтимоию иқтисодии мамлакатамон вазифаи устувор қарор гирифтаанд. Ҳамчунин эътироф гардид, дар он ҷорӣ намудани назорати қатъӣ аз болои сарфи мақсадноки маблағҳои буҷа, таъмини кушодӣ ва шаффофии ин ҷараён, ба он ҷалб сохтани вакилони ҷамоатчигии васеъ, оқилона тақсим намудани даромадҳои буҷаи давлатӣ ва маҳаллӣ, пурзӯр намудани назорат аз болои хароҷотҳои буҷа хеле муҳим мебошад.

М.Шодиев,
мухбири «Овози тоҷик». 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: