ИҶОБАТИ ОРЗУВУ ОМОЛИ НЕК

Дар вилояти Сурхондарё ба шахсони ногиро калиди хонаҳои нав тантанавӣ супурда мешавад.

Дар яке аз чунин чорабиниҳо, ки дар Тирмиз ба амал омад, калиди 18 хонаи манзили сеошёнаи дар маҳаллаи «Гулистон»-и маркази вилоят, манзили дуошёна барои панҷ оила дар маҳаллаи «Қораёғоч»-и ноҳияи Ҷарқӯрғон, ба 10 оила манзилҳои арзони бино бар лоиҳаи намунавии нав дар мавзеи Учқизили ноҳияи Тирмиз бунёдёфта супурда шуданд.

Дар чорабинӣ, ки дар он роҳбарон ва кормандони Қабулхонаи халқии вилоят, ҳокимон, намояндагони ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, куҳансолон ва фаъолони маҳаллаҳои шаҳри Тирмиз, ноҳияҳои Ҷарқӯрғон ва Тирмиз, шахсони ногиро, ки ба хонаҳои нав кӯчида гузаштанд ва наздикони онҳо алоҳида таъкид намуданд, ки ислоҳоти васеъмиқёси дар мамлакатамон татбиқшаванда ба таъмин кардани манфиатҳои инсон нигаронда шуда, бино бар ҳифзи ҳамаҷонибаи иҷтимоии шаҳрвандони имконияти ҷисмониашон маҳдуд натиҷаҳои баланд мебахшад.
Фармони Президенти мамлакат «Дар бораи чораҳо оид ба куллан такмил додани низоми дастгирии давлатии шахсони ногиро» аз 1 декабри соли 2017 дар самти мазкур ҳамчун дастуруламали муҳим хидмат мекунад.
Соли ҷорӣ дар вилоят 405 оилаи ногиро, ба ҳифзи иҷтимоӣ эҳтиёҷманд ва тарбиягирандагони хонаҳои меҳрубонӣ бо манзил таъмин карда мешаванд. Дар тӯли нӯҳ моҳи гузашта ба манзилҳои бо ҳузуру ҳаловат ва замонавӣ 53 оила кӯчида гузашт. Дар ин рӯзҳо корҳои сохтмон дар манзиле, ки барои 263 оила пешбинӣ шудааст, ба охир расиданд. Манзили сеошёнаи арзон барои 18 оила дар Тирмиз, манзили дуошёна барои 5 оила дар ноҳияи Ҷарқӯрғон, манзилҳои дар дигар ноҳияҳо дар ду сотих  дар асоси лоиҳаи навшудаи намунавӣ барои 230 оила сохташуда аз ҷумлаи онҳост.
Барои сохтмон ва баҳрабардории манзили сеошёнаи дорои 18 хона, ки дар маҳаллаи «Гулистон»-и шаҳри Тирмиз қад афрохт, 2 миллиард сӯм харҷ гардид. Дар манзилҳои ду ва сехонагӣ тамоми шароитҳои муносиби ҳаёт фароҳам оварда шудааст.
– Ман дар сохтмон кор мекардам, – мегӯяд Ӯ.Хӯҷамбердиев аз маҳаллаи Ҷӯйиҷангали ноҳияи Тирмиз. – Тасодуфан аз бом афтида, ногирои гурӯҳи якум гардидам. Дар тӯли солҳои зиёд бо ҳамсарам ва фарзандонам дар хонаи иҷора зиндагӣ мекардем. Агар мард солим набошад, сохтмони манзил барояш ба орзу табдил меёфтааст. Алҳол барои меҳнат кардан қурб надорам. Бо фарзандонам тамоми умрамонро дар хонаҳои иҷора мегузаронем гӯён ранҷи зиёд мекашидам. Имрӯз бароямон рӯзи хушнудтарин аст, барои ин аз давлатамон сипосгузорем. Мо ба манзили сехонагии замонавии дорои тамоми қулаиҳо кӯчида гузаштем. Аз ин, аз ман ҳам дида ҳамсарам ва фарзандонам хушнуданд. Мо барои чунин эътибору ғамхорӣ аз давлатамон миннатдорем.
Дар рафти чорабинӣ ба соҳибони хонаҳои нав техникаи маишӣ супурда шуд. Ба як гурӯҳ шаҳрвандони эҳтиёҷманд аробачаҳои ногироӣ дода шуданд. Суруду оҳангҳо дар иҷрои ҳунарпешагон руҳияи ҷамъомадагонро болида гардонд.
Дар дигар ноҳияҳои вилоят ба оилаҳое, ки ногиро  доранд, калиди манзилҳои нав тантанавор супурда мешаванд.
Дар чорабинӣ иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилояти Сурхондарё Б.Пӯлатов нутқ эрод кард.

Х.МАМАТРАИМОВ,
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: