БОНУВОНИ ПЕШСАФИ ӮЗБЕКИСТОН

Дар мо эҳтиром ба зан, пеш аз ҳама модар суннати олитарин маҳсуб меёбад.

 Зан баробари дар идораҳои давлатӣ ва дигар соҳаҳои ҳаёт фаъолият бурдан ба кӯдакон ҳаёт мебахшад, насли солимро ба воя мерасонад.
Бесабаб нест, ки мо Ватан-модар мегӯем. Ба шарофати чунин эҳтироми олӣ занони мамлакати мо имкон доранд орзуву омоли худро амалӣ созанд, дар соҳаҳои мухталиф ба муваффақиятҳо ноил гарданд. 
Бо ташаббуси Кумитаи занону духтарони ҷумҳурӣ дар меҳмонхонаи «International Hotel Tashkent» таҳти мавзӯи «Нақши бонувон дар навсозии демократӣ ва модернизатсияи мамлакат» анҷумани байналхалқӣ баргузор шуд. Дар он наздик аз 30 давлати дунё вакилони институтҳои бонувони байналхалқӣ, занони фаъоли ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодиву сиёсӣ иштирок карданд.
Чорабиниро ҷонишини Сарвазир, раиси Кумитаи занону духтарон Танзила Норбоева, мутобиқгари СММ, вакили доимии Барномаи рушди СММ дар Ӯзбекистон Ҳелена Фрайзер ҳусни ифтитоҳ бахшиданд. Дар анҷуман намояндаи махсуси СММ, роҳбари маркази ҳудудии СММ Наталя Герман, мушовири доир ба масъалаҳои баробарии гендерӣ Амарсанаа Дарисурен, менеҷери Донишгоҳи Ҷорҷтаун доир ба масъалаҳои сулҳ ва ҳифзи занон Сара Рутерфорд, мушовири ваколатхонаи САҲА дар Итолиё Алессандра Скалиа иштирок карданд.
Дар анҷуман масъалаҳои баробарии гендерӣ, мавқеи зан дар идораи давлатӣ, соҳибкорӣ ва бо шуғл фарогирӣ, ҳимояи иҷтимоии онҳо муҳокима карда шуд.
Бояд қайд намуд, ки бонувони мо бо меҳнатдӯстӣ, тавонмандию масъулиятшиносӣ новобаста аз касбу кори хеш, баҳри комёб шудан ба мақсадҳои худ, ба сафи давлатҳои пешқадами демократии ҷаҳон ворид шудан, баланд бардоштани обрӯйи мамлакат дар арсаи байналхалқӣ саҳми бузург мегузоранд. Алҳол дар мамлакатамон пешсафии занону духтарон дар ҳамаи соҳаҳо намоён мегардад. Дар байни онҳо 17 нафар сенатор, 15 депутати Палатаи қонунгузорӣ, 15 Қаҳрамони Ӯзбекистон, 6 академик, 514 доктори фан ҳастанд, ки ин ба рушди мамлакат аҳамияти муҳимро дорост. Инчунин, 23 фоизи депутатҳои шӯрои маҳаллӣ, 72 фоизи соҳаи ҳифзи тандурустӣ, маданият ва санъат аз бонувон иборат аст. Зиёда аз 8,5 ҳазор занон мушовири доир ба масъалаҳои динӣ-маърифатӣ ва маънавию ахлоқӣ дар маҳаллаҳо фаъолият доранд. 285 нафар духтарон соҳиби мукофоти давлатии ба номи Зулфия мебошанд.
– Мақсад аз баргузор намудани чунин анҷумани бонуфуз боз ҳам баланд бардоштани мавқеи бонувон дар рушди иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва сиёсат, ҳуқуқ ва озодии онҳо, омӯзондани маданияти оиладорӣ, тарбияи кӯдак, рушди соҳибкорӣ, бо шуғл фарогирӣ, кӯмак расондан ба занони ногиро, танҳо ва муҳтоҷ, омӯхтани таҷрибаи бонувони давлатҳои мутараққӣ мебошад, – гуфт дар баромади худ Танзила Норбоева.
Иштирокдорони анҷуман доир ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи занону духтарон ва кӯдакон дар Афғонистон, ба соҳаҳои иҷтимоиву сиёсии давлат ҷалб намудани онҳо алоҳида истода гузаштанд.
– Имрӯз дар Афғонистон низ масъалаи бонувон дар мадди назар аст, – гуфт намояндаи Афғонистон Дилбар Назарӣ.
– Таъмини озодии ҳуқуқ ва пешсаф будани бонувон дар идораҳои давлатӣ дар конститутсияамон дарҷ ёфтааст. Алҳол дар ин хусус қонун ва ҳуҷҷатҳои меъёрӣ рӯйи кор меоянд. Ҳоло фаъолияти занону духтарон дар парлумони болоӣ 27 фоиз, органҳои давлатӣ 26, соҳаи ҳарбӣ 1, мактаб 39, олигоҳҳо 23 ва дигар самтҳо 17 фоизро ташкил медиҳад. Ба муаммову монеаҳо нигоҳ накарда, доир ба ҳаллу фасли баробарии ҳуқуқи бонувон ба як қатор дастовардҳо муваффақ шудем, ки ин ҳам ба туфайли тарафдори сулҳ, оромиву осудагӣ будани занони афғон мебошад. Аз ин боис, беҳад миннатдорам, ки Ӯзбекистон, СММ ва дигар давлатҳо моро дастгирӣ мекунанд. Гирдиҳамоии имрӯза, ки дар шаҳри Тошканд баргузор гардид, бешак, ба мустаҳкам намудани муносибатҳо, мубодилаи таҷриба, баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷамъият хидмат хоҳад кард.
Меҳмонони хориҷӣ аз зиёратгоҳ ва ҷойҳои таърихии Тошканду Самарқанд дидан карданд.

С. БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».    

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: