ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ЗАН

Бонувон ҳам дар ҷомеа бо мардон баробар қадам мезананд ва ба рушду равнақи иқтисодиёти кишвар саҳм мегузоранд.

Ҳуқуқи бонувон бо мардон барои иштирок дар корҳои ҷамъиятиву давлатӣ баробар аст. Ба нодида гирифтану паст задани кору фаъолияти онҳо роҳ дода намешавад. Кумитаи бонувон бо ҳамкории Бунёди аҳолишиносии СММ, cафоратхонаи Британияи Кабир дар Ӯзбекистон, садоратҳои адлия, корҳои дохилӣ, раёсатҳои таълими халқ, таълими миёнаи махсуси касбу ҳунар, Маркази илмӣ-амалии тадқиқотии «Оила», ташкилоти ғайридавлативу ғайритиҷоратии «Истиқболли авлод» ва ходимони воситаҳои ахбори умум семинар-тренинги дурӯза доир ба иҷрои конвенсияи СММ «Дар бораи барҳам додани ҳама гуна шаклҳои паст задани ҳуқуқи бонувон» (Конвенсияи СЕDAW) баргузор шуд.
Дар он дар бораи ҳифзи ҳуқуқ ва мавқеи бонувон дар ҷомеа сухан рафт.
Директори маркази дастгирӣ намудани бонувон Дилобар Қобулова аз мақсад ва муддаои эълом гардидани конвенсияи номбурда ҳарф зада, оиди он маълумоти муфассал дод. Кумитаи бонувон бо ҳамкории як қатор ташкилотҳо айни ҳол ба он тайёрӣ мебинад, ки оид ба ҳимояи ҳуқуқи бонувон ва ташаббусҳои шаҳрвандии онҳо ҳисоботи мукаммал омода созад, – гуфт ӯ.

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти ҶИЗЗАХ.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: