МО НАШАВЕМ, КӢ МЕШАВАД?

Ҳанӯз солҳои мактабхонӣ медидам, ки дар деҳа хаткашонҳо рӯзномаи «Овози тоҷик»-ро дар маҳаллаҳо ба мардум тақсим мекарданд.

Аксари мардуми деҳа муштарии ин рӯзнома буданд. Онҳо нисбат ба рӯзнома меҳру муҳаббати зиёд доштанд ва ҳар як шумораи онро бесаброна интизорӣ мекашиданд. 
Вақте ки факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷандро хатм карда, ба деҳа баргаштам, маълум шуд, ки теъдоди муштариёни он чӣ дар байни омӯзгорони мактабҳо ва чӣ дар байни сокинони деҳаҳои ноҳияи мо коҳиш ёфтааст. 
Гуфтанӣ нестам, ки мардум аз хондани ин рӯзнома дар канор мондаанд. Чанд сол муаллим, ҷонишини директори мактаб оид ба маънавият ва маърифат будам. Сонӣ маро директори мактаб таъин карданд. Соли гузашта дар мактаби мо даҳ нафар ба рӯзнома обуна шуданд. Албатта, ин рақам зиёд нест.  
Дар ҷамоаи беш аз чиҳилнафараи мо барои соли 2019 шумораи муштариён ба рӯзнома бештар хоҳад шуд. Чунки «Овози тоҷик» нашрияи Олий Маҷлис ва Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон аст ва рӯзномаи ягонаи марказӣ ба забони тоҷикӣ мебошад. Дар саҳифаҳои он фармону қарорҳои Президенти мамлакат ва ҳуҷҷатҳои расмии дигар ба табъ мерасанд ва ҳар як соҳибмаърифат бояд аз ин фармону қарор ва ҳуҷҷатҳои расмӣ огоҳ бошад. 
Ман ба як нукта таваҷҷӯҳи хонандагони рӯзномаро ҷалб карданиам. Дарҳақиқат, солҳои зиёд боз аз мо тақозо мегардид, ки ба нашрияҳои зиёд обуна шавем. Баъзе рӯзномаҳо дур аз касбу кори мо буданд, ки маҷбуран ба он обуна мешудем. Акнун ҳар як омӯзгор метавонад ба нашрияи дилхоҳи худ обуна шавад ва онро хонад. Нуктаи дигар ҳамин аст, ки  ихтиёрӣ будани обуна ҳаргиз маънои нахондани рӯзномаҳои давриро надорад. 
Рӯзномаи «Овози тоҷик» дар ҳифзи забони модарии мо, ташвиқу тарғиби расму ойинҳои миллиамон нақши муҳим мебозад. Ҳамчунин моро аз ҳодисаҳои муҳими сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишварамон ва ҷаҳон  бохабар месозад. Барои ҳамин магар дуруст аст, ки инро нодида гирем ва обуна маҷбурӣ нест, гуфта баҳона пеш орем? Ҳаргиз на!
Гузашта аз ин, вақти он расидааст, ки маҳз мо – тарғибгарони илму фарҳанг ва донишу маърифат рӯзномаи «Овози тоҷик»-ро дар байни аҳолӣ ташвиқ намоем, дар афзоиши муштариёни он саҳм гузорем. 
 
Муҳаммадхон САЙДАНВОРОВ, 
директори мактаби таълимоти умумии рақами 13-уми ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: