ДАРДИ МАН АЗ БЕДАРДИҲОСТ

Шоири ширинкалом Гулрухсор барҳақ навиштааст: «Марги миллат аз марги забон сар мезанад, марги забон бошад, аз беномусиву бегонапарварии соҳибзабонон».

Оре, ҳанӯз ҳангоми дар нашриёти «Ӯзбекистон» кор карданам, воқеаи аҷибе рух дода буд, ки фаромӯш намекунам. Ҳамкори ман устод Шавкат Ниёзов (ёдашон бахайр), ки солиёни дароз сармуҳаррири рӯзномаи «Овози тоҷик» буданд, боре ҳангоми суҳбат иброз доштанд, ки теъдоди рӯзномаи мазкур дар даврони собиқ иттиҳод то ба сию се ҳазор адад расида буд. 
Он замон шумораи рӯзнома аз се ҳазор зиёд набуд.
Хӯш, чаро теъдоди рӯзнома сол то сол ва ҳатто моҳ ба моҳ кам мешавад. Ин аз камҳавсалагии мост, ё сабабҳои дигар дорад?
Солҳо гузаштанд, ба таъбири устод Рӯдакӣ, замона дигар гашту мо дигар. Вале боз ба теъдоди рӯзнома назар меафканаму ангушти ҳайрат мегазам. Наход ба ягона нашрияи тоҷикии Олий Маҷлис ва Девони Вазирони Ӯзбекистон – «Овози тоҷик» ҳамагӣ бештар аз ду ҳазор нафар обуна шуда бошанд? Ҳазор афсӯс!
Камина, баъд аз чор соли танаффус боз ба оғӯши мактаб баргаштам. Муддате хостам, ки аз кори қаламу коғаз ба мақсади беҳдошти саломатӣ канорагирӣ кунам. Албатта, ин тавсияи табибон буд. Вале куҷо? Дар ин миён дар Санкт-Петербург будам ва он ҷо маро барои корҳои тарҷума ҷалб мекарданд. Дар фурсатҳои бекорӣ ҷойҳои таърихиву фарҳангии шаҳрро давр мезадам. Дар ин шаҳр, ба қавле рӯзнома деҳқонӣ. Ҳар чи қадар хоҳед, меёбеду мехонед. Ҳатто рӯзномаҳо, дар ҷойҳои серодами шаҳр, аз қабили даромадгоҳҳои метро, фурудгоҳҳои ҳавоӣ ва қатораҳои мусофиркаш, дар гузаргоҳҳои зеризаминӣ ва ғайра бепул тақсим карда мешаванд. Аҷибаш он ки қариб аксари мардуми таҳҷоиро банди хондани рӯзномаву маҷалла ва ё китобу планшет мебинед. Ман аз кунҷкобӣ, боре ба метро нишаста, хуб муоина кардам. Аввалан, чашмам ба шиори даруни вагонҳои он афтид, ки «Слова – одежда всех мыслей. А.М.Горкий.» сабт шуда буд. Сипас, мусофирони дохили вагонро аз назар гузарондам. Дар он қариб сад нафар мусофир. Навад фоизи онро мардуми маҳаллӣ ташкил менамуд. Боқимонда бегона, мисли мо. Қариб ҳамаи маҳаллиҳо банди омӯзиш, яке бо ноутбук, дигаре бо планшет, саввумӣ рӯзнома ё маҷалла, чаҳорумӣ китоб мехонд. Баъзе аз одамони мо, худоро шукр, машғули омӯзиш, боқимонда дар даст халтаи кӯрпаву ҷома, ё халтачаи пиёзу картошка дорад. Эй вой бар ҳоли ману эй вой бар ҳоли мо, мегӯям дар дил.
Меоем, ба сари матлаб. Ҳанӯз вақти аз кори мактаб рафтанам, рости гап, ба ҳоли мактабу маориф дилам месӯхт. Ин мавзӯъ бисёр доманфарох аст. Вале ҳоло масъалаи обунаро гузоштан мехостам. Дар мактабе, ки кор мекардам, масъалаи обуна хеле булаҷабона ба роҳ монда шуда буд. Ҳамин ки маъракаи обуна расид, зуд ташвиқот сар мешуд, ки бояд  мактаби мо ба се дона «Овози тоҷик», ду дона ин, як дона вай ва ғайра обуна шавад. Ҳол он ки вақте бастаи рӯзномаҳо ба мактаб мерасид, ҳама «Овози тоҷик» мекофт. Ҳамон се нусха рӯзнома даст ба дасти бист нафар омӯзгор мегашт. Лекин аксари онҳо ба рӯзномаҳои дигар обуна шуда буданд. 
Ҳоло куҷо шуд, худшиносиву худогоҳӣ? Моро ҳеҷ кас маҷбур намекард, билакс худамон аз обуна меҳаросидем, ё банди фармоиши раҳбарони худбин гардида будем. Дирӯз аз забони муаллими мактабе шунидам, ки бо забони ҳол имсол обуна ихтиёрӣ аст, мегуфт. Сад афсӯс, ки вай то имсол намедонистааст, ки обуна аз аввал ихтиёрӣ буд.
Ёд дорам, боре яке аз ҳамдеҳагон бо кадом як кори шахсиаш ба коргоҳи муаллимон даромад. Вай бо мудири қисми илмии мактаб саргарми суҳбат буд. Ҳамин вақт, хаткашони деҳа бастаи рӯзномаҳоро оварда монд. Кадоме аз омӯзгорон тоқат накарда, зуд бастаро кушода буд, ки анбӯҳи муаллимон ба сари вай ҷамъ омаданд. Аввал худи мудир ба гапҳои ҳамсуҳбати худ эътибор накарда, ба сари ҷамъомадагон расид ва чанд номгӯй рӯзномаро гирифта, ба мизи худ нишаст. Ҳамсуҳбаташ, шояд куҷое ҳарос дошт, ки оташи ғазаби худро дошта натавониста, якбора бо оҳанги норизоёна гуфт: – Ба як газит ҳамин қадар дарафтидед, худаш ин газитат чӣ метеяд?!
Мудир сарашро хам карда бо ҳамон лаҳҷаи маҳаллӣ: «– хап-п, остатар, дар гейгейаки муаллими Шуҳрат гегирд назан, ки виғиён дар мегиранд», гуфта монд. 
Боиси хушнудист, ки алҳол дар саросари ҷумҳурӣ нисбат ба таълиму тарбия назари тоза меафзояд. Қарору фармонҳои махсус доир ба китобхониву китобдорӣ айни муддаоанд. Навгониҳои ин соҳаро дар барномаҳои «оинаи нилгун» ва маводу матолиби воситаҳои ахбори оммавӣ ҳар рӯз мебинему мехонему мешунавем. Ташкил карда шудани озмунҳои китобхонӣ, ба қавли муаллими мактаб, «ихтиёрӣ» шудани обуна ба мо имкон медиҳад, ки ба омӯзишу хониш бо дили гарм ва диди нав муносибат кунем.
Дарҳақиқат, солҳои охир мо, ба хусус омӯзгорони мактабҳои тоҷикӣ, бинобар беэътиноӣ аз рӯзномахонӣ дур шудем. Куҷо шуд он саховатмандии аҷдоди мо, ки нони даҳони худро аз кас дареғ намедоштанд? Имрӯзҳо «Овози тоҷик», ки ягона минбари худшиносиву худогоҳии мардуми мост, набояд бо чунин теъдоди камшумор рӯйи чопро бинад. Рӯзнома майдони озодгӯйии халқ аст, ҳар кас метавонад, фикри худро барои пешрафти минбаъдаи кишвари ободу озод иброз намояд. Ё шояд, маводи рӯзнома талаби моро қонеъ карда наметавонад ва ё лоқайдии мост, ки ба он обуна намешавем, ё худ ягон садде вуҷуд дорад, ки убури он мушкил аст. Теъдоди ин гуна «ё»-ҳоро метавон боз ҳам дарозтар кард, вале, ба гумонам, вақти амал расидааст.
Дар ин ҷода хабарнигорони рӯзномаро зарур аст, ки боҷуръаттар бошанд, бо шахсони мутасаддӣ суҳбатҳои ошкоро ташкил кунанд, гузашта аз ин, дар байни мардум ташвиқот ва таблиғоти доимиро ба роҳ монанд. Маҳз талошҳои ҷиддию самимӣ, саъю ҳаракатҳои зиёд метавонанд боиси афзудани шумораи муштариён гарданд.

Ҳикмат СУЛТОНЗОДА,
омӯзгори мактаби рақами 30-юми ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: