ПОСИ ХОТИР

Арбоби барҷастаи давлатӣ, шоир ва нависандаи номӣ Шароф Рашидовро халқи ҷумҳурӣ хеле хуб медонад.

Хотираи вайро ҳамеша бо некӣ ёд мекунад. Тавре ки медонем Шароф Рашидов баробари кори роҳбариро ба ӯҳда доштан сермаҳсул эҷод кард. Дар назму наср баробар қувва озмуд. Дар ҷодаи рушди публисистика низ бо мақолаҳои худ саҳми босазо гузоштааст.
Чанде қабл бо ташаббуси шуъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон бахшида ба 101-умин солгарди зодрӯзи Шароф Рашидов дар толори бинои Маркази маънавияту тарғибот чорабинӣ баргузор шуд. Дар он аз ҷониби созмондиҳандагон бобати роҳи пурпечутоби фаъолияти кории арбоби барҷастаи давлатӣ, адиби номвар сухан рафт.
Дар охири тадбир аъзоёни маҳфили «Мавҷҳои Сангзор» шеърҳои дар васфи Шароф Рашидов, Ватани маҳбуб, истиқлол эҷод намудаашонро дар назди ҳозирон хонданд. Ба беҳтарини онҳо туҳфаҳои арзандаи шуъбаи вилоятии Бунёди эҷодии «Илҳом» тақдим гардид.

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: