ДАР БОРАИ МУҚАРРАР НАМУДАНИ РӮЗҲОИ ИЛОВАГИИ ҒАЙРИКОРӣ ДАР ДАВРАИ ҶАШНИ САНАҲОИ РАСМӢ ВА КӮЧОНДАНИ РӮЗҲОИ ИСТИРОҲАТ ДАР СОЛИ 2019-УМ

Ба мақсади фароҳам овардани шароит барои истироҳати пурарзиши шаҳрвандон дар давраи ҷашни санаҳои расмӣ ва таъмин кардани истифодаи оқилонаи рӯзҳои истироҳат ва идона дар соли 2019:

1. Дар соли 2019-ум рӯзҳои зерини иловагии ғайрикорӣ муқаррар карда шаванд:
чоршанбе 2 январ; 
ҷумъа 22 март;
душанбе 2 сентябр.
2. Дар соли 2019-ум рӯзҳои зерини истироҳат кӯчонда шаванд:
аз шанбеи 5 январ ба панҷшанбеи 3 январ;
аз шанбеи 1 июн ба панҷшанбеи 6 июн;
аз шанбеи 7 сентябр ба сешанбеи 3 сентябр;
аз шанбеи 28 декабр ба сешанбеи 31 декабр.
3. Муқаррар карда шавад, ки:
дар ташкилотҳои буҷа рӯзҳои иловагии ғайрикорӣ, ки мувофиқи банди 1-уми Фармони мазкур муқаррар шудаанд, аз ҳисоби ба се рӯзи корӣ кӯтоҳ кардани давомоти рухсатии ҳарсолаи меҳнатии кормандон ҷуброн карда мешавад;
ҳангоми муайян намудани миқдори музди меҳнати миёна, ки дар давраи рухсатии ҳарсолаи меҳнатӣ нигоҳ дошта мешавад, давомияти воқеии рухсатии меҳнатӣ бо ба он илова намудани миқдори рӯзҳои иловагии ғайрикории бо Фармони мазкур муайяншуда ба назар гирифта мешавад;
давомнокии рухсатии ҳарсолаи меҳнатӣ бо назардошти ихтисоркунӣ набояд аз 15 рӯзи корӣ кам бошад;
дар ташкилотҳое, ки дар ҳисоби буҷа намебошанд, рӯзҳои иловагии ғайрикорӣ мувофиқи банди 1-уми Фармони мазкур, баробари рӯзҳои дигари иловагӣ ба рухсатии меҳнатӣ, бо назардошти имкониятҳои молиявӣ ва мувофиқи шартномаи меҳнатӣ ё ки ҳуҷҷатҳои дигари маҳдуд, ки аз ҷониби кордиҳандагон бино бар розигии кумитаҳои иттифоқи касаба қабул карда мешаванд, муқаррар мегарданд.
4. Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба рушди сайёҳӣ якҷоя бо Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон, Шӯрои Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон, ШМА «Ӯзбекистон ҳаво йӯллари», ҶС «Ӯзбекистон темир йӯллари», Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимиятҳои вилоятҳо ва шаҳри Тошканд барои аҳолии ҷумҳурӣ хатсайрҳои дохилии сайёҳӣ ва истироҳати фаъолро бо назардошти дароз кардани рӯзҳои ид (ғайрикорӣ) ва пешниҳод намудани тахфифҳо ва аксияҳо барои хидмати нақлиётӣ ва меҳмонхона ташкил намоянд.
5. Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимиятҳои вилоятҳо ва шаҳрҳо:
бино бар ташкил кардани истироҳати фаъол ва судбахши аҳолӣ дар рӯзҳои дарозшудаи ҷашнӣ (ғайрикорӣ) чораҳои низомнок андешанд;
якҷоя бо Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба рушди сайёҳӣ ва Ширкати миллии телевизиону радиои Ӯзбекистон васеъ хабардор намудани аҳолиро оиди чорабиниҳое, ки дар рӯзҳои ҷашнӣ гузаронда мешаванд, таъмин намоянд.
6. Ба Шӯрои Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон тавсия дода шавад, ки:
байни ҷамоаҳои меҳнатӣ дар бораи мақсад, моҳият ва мазмуни Фармони мазкур корҳои тавзеҳотиро ташкил намояд;
кори ташкилотҳои иттифоқи касабаро бино бар таъмин кардани истироҳати муташаккили фаъоли кормандон ва аъзои оилаи онҳо дар давраи рӯзҳои дарозшудаи ҷашнӣ фаъол гардонад.
7. Назорати иҷрои Фармони мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Н. Арипов ва роҳбари Администратсияи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон З. Ш. Низомиддинов гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон     
 Ш. МИРЗИЁЕВ

Шаҳри ТОШКАНД, 
12 ноябри соли 2018.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: