ҲАФТАИ ТАШАББУСҲОИ НЕК САР ШУД

Майдони боздиду ғояҳои тиҷоратӣ, мулоқот ва вохӯриҳои нав...

Дар Қасри эҷоди ҷавонони пойтахт Ҳафтаи соҳибкории ҷаҳонӣ бо ҳамин ҷиҳатҳои худ молики аҳамият аст.
Дар маросими кушоиши ҳафта раиси Палатаи савдову саноати Ӯзбекисон А.Икромов, вазири шуғл ва муносибатҳои меҳнат Ш.Қудбиев, вазири тиҷорати хориҷӣ Ҷ.Хӯҷаев, вазири рушди инноватсионӣ И.Абдураҳмонов, муовини якуми раиси шӯрои марказии Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон,  директори иҷрогари сандуқи «Yoshlar - kelajagimiz» Б.Баҳромбеков ва дигарон таъкид намуданд, ки дар мамлакатамон дар бобати рушди соҳибкорӣ, ба соҳа васеъ ҷалб намудани ҷавонони истиқболнок, фаъолона дастгирӣ намудани пажӯҳиш ва ғояҳои пешқадами онҳо корҳои бонизом ба амал татбиқ мегарданд.
Бинобар маълумотҳо, Ҳафтаи соҳибкории ҷаҳонӣ дар 160 давлати ҷаҳон баргузор гардида, дар ба вуҷуд овардани низоми экологии соҳибкории маҳаллӣ, боз ҳам барои ривоҷ додани он кӯмак намудан аҳамияти муҳим касб менамояд. Ин ҳафта, ки дар мамлакатамон бори дуввум ба вуқӯъ мепайвандад, мақсади асосии он ташаккул додани ҳамкории байни намояндагони ботаҷрибаи тиҷорат ва соҳибкорони ҷавон, ба сари ғояҳои нав илҳом бахшидани онҳо, ташаккул додани маданияти тиҷорати ҷавонон, шиносоӣ бо таҷрибаҳои пешқадам ва замонавии тиҷорати имрӯзаи ҷаҳон иборат аст. Дар айни замон ҳафтаи мазкур бешубҳа барои боз ҳам ривоҷ додани соҳибкории кишвар ва оид ба он таҳия намудани пешниҳодот ва ҷорӣ намудани онҳо ба амалиёт аҳамияти муҳим касб менамояд.
– Ҳафтаи мазкур дар истиқболи иқтисодиёти Ӯзбекистон, азми иштирокдорон ба соҳибкорӣ нақши муҳим дорад. Дар доираи лоиҳа баргузор намудани мулоқот ва машғулоти занони соҳибкор барои ривоҷ додани соҳибкорӣ, доир намудани дарси маҳорат ба ин имкон медиҳад, – гуфт ноиби президенти Шабакаи  ҷаҳонии соҳибкорон  хонум Буке Чуҳадар.
– Дар давоми ҳафта муҳокима гардидани масъалаҳои оид ба тиҷорати бомуваффақият манфиатдории иштирокдоронро таъмин менамояд, – гуфт коршинос аз Гурҷистон Георгий Схакая. – Имрӯз Ӯзбекистон бо шиддати ислоҳоти ҷории худ диққати аксариятро ба худ ҷалб менамояд.
– Ба Ӯзбекистон бори панҷум меоям, – мегӯяд роҳбари ширкати «А.R.S Security»-и Исроил Евгений Фузаилов. – Ҳар гуна соҳибкори хориҷӣ пеш аз он ки дар мамлакат тиҷорати худро ба роҳ андозад, аввал бозори онро пухта ва мукаммал мутолиа менамояд. Ширкати мо бо ҳимоя ва бехатарии ахбори технологӣ ва василаҳои барои он муқарраршуда машғул мегардад. Дар кишвари шумо низ дар самти мазкур истиқболҳои нав мавҷуд аст. Аз ин боис ба Ӯзбекистон сармоя даровардан дар нақшаи мо вуҷуд дорад.
Интизорӣ меравад, ки Ҳафтаи соҳибкории ҷаҳонӣ дар заминаи ба вуҷуд овардани низоми экологии соҳибкории миллӣ, бо муҳити соҳибкории мавҷуди диёрамон шинос намудани соҳибкорони хориҷӣ, ҷалб намудани сармояҳои хориҷӣ аҳамияти муҳимро молик аст.
Дар ин маросим Мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.Абдувоҳитов сухан эрод кард.

Н. УСМОНОВА,
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: